ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » УМРЕ БО ҚАЛАМ

УМРЕ БО ҚАЛАМ

28 феврал 2024, Чоршанбе
8
0


– Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷи-кистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки онро сардафтари адабиёти муосири тоҷик, яке аз муаллифони фаъоли рӯзнома устод Садриддин Айнӣ «модари матбуоти тоҷик» гуфта буданд, даҳҳо фарзандони баркамоли сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ дошта, дар тарбияи ҷавонони эҷодкор саҳми бориз гузоштааст. Имрӯз низ дар остонаи фаъолияти 100-солааш ҳамин рисолатро дар сатҳи аъло иҷро менамояд. Ман инро чун рӯзноманигори собиқадор, корманди содиқи рӯзномаи  “Ҷумҳурият” сарбаландона иброз медорам. “Ҷумҳурият” воқеан ҳам рӯзномаи рақами яки кишвар буда, ба таъкиди коршиносон “таърихи зиндаи Тоҷикистон ва мардуми он мебошад”. Махсусан, солҳои соҳибистиқлолӣ фазои эҷодии он хеле фарох гардида, аз саҳифаҳояш дар бораи навигариҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву илмӣ, адабиву фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра маводи ҷиддиву ҷолиб дарёфтан мумкин аст. Инро ман дар суҳбат бо бисёр олимони ҷавон шунидаам, ки онҳо барои мақолаҳои илмӣ ва рисолаҳои худ аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” матлабҳо ҷамъ меоварданд. Ҳамчунин, аз тарафи шаҳрвандон дар саҳифаҳои “Ҷумҳурият” пешниҳодҳои ҷолиб мешаванд, ки онҳоро дар рафти иҷрои корҳои созандагиву бунёдгариҳо роҳбарони шаҳру ноҳияҳо сомон мебахшанд. Албатта, ҳоло маводи интернетӣ мавқеи рӯзномаҳои чопиро дар ҷаҳон (дар баъзе мамлакатҳо зиёд, дар баъзеи дигар камтар)  то ҷое танг кардааст, аммо ман бовар дорам, ки ин хатар ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” таҳдид намекунад, зеро таърих танҳо дар коғаз сабт мешавад ва “Ҷумҳурият” таърихнигори воқеии Тоҷикистон мебошад, – гуфт  Мирзомаҳмуд Мирбобозода, собиқадори матбуот, ки солҳои 1967-1988 дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” даст ба эҷоду таҳрир буд.  
 Корманди шоистаи Тоҷикистон, журналисти таҳқиқгар, яке аз шогирдони Мирбобозода Аъзам Мӯсоев, ки солҳост аз ҳаёти мардуми водии зархези Вахш китобҳои мондагоре, ба монанди “Вахш, эй сарчашмаи илҳоми ман”, “Ҷилои Вахш”, “Эҳёи водии лабташна” ва ғайра ба нашр расондааст, дар яке аз очеркҳои таърихияш аз ҳаёти муҳоҷирони солҳои 30-юми деҳаи Варзик дар водии Вахш менигорад, ки падари Мирзомаҳмуд Мирбобозода Мирзошариф Мирбобоев яке аз нахустин муаллимони ботаҷриба буду дар тарбияи бисёр шахсиятҳои барҷастаи водӣ саҳм гузошт. Вай аз соли 1930 то ба нафақа баромадан, ба насли навраси деҳаҳои Зарнисор, Фидокор, Мопр, Инқилоб ва ба номи Энгелсу Охунбобоев дарс медиҳад.  
 Воқеан ҳам, Мирзошариф Мирбобоев, ки зиёда аз бисту панҷ сол мактабро роҳбарӣ кард, бо ҷаҳонбинии васеъ дар ноҳияи Вахш обрӯю эътибори баланд дошт. Ба гуфти фарзандаш Мирзомаҳмуд Мирбобозода, вақте устод Сотим Улуғзода ба ин мавзеи “ҳарбу зарб”-и деҳқонон ба туғайзор меомад, ҳатман ба хонаи омӯзгор Мирзошариф Мирбобоев рафта, ҳол мепурсид, зеро онҳо аз як диёр, аз деҳаи Варзик буданд.  Дӯстии онҳо дар водии Вахш қавӣ гашт. Баъди Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, соле ду-се маротиба устод аз ҳамдиёри худ хабар мегирифт, суҳбати онҳо то поси шаб идома меёфт, зеро  ҳар ду иштирокчии ҷанг буданду гапи зиёди гуфтанӣ доштанд. Мирзомаҳмуд мудом дар хизмати онҳо буду аз донишашон баҳра мегирифт. Бо таъкиди устоду падар пайваста китоб мехонд, ба мутолааи рӯзномаҳо низ ҳамон давра меҳр пайдо кард. Ба “Тоҷикистони сурх”-у “Октябри сурх” падари омӯзгораш обуна буд. Баъдтар, аниқаш аз синфи ҳаштум, ба навиштани мақолаҳо пардохт, хабарнигори фаъоли ҷамоатии рӯзномаи ноҳиявӣ шуд. Маҳорати рӯзноманигорияш солҳои донишҷӯӣ дар Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) сайқал ёфт.  
Пас аз хатми Донишгоҳ ӯро дар нашрияи “Вахш” (собиқ “Октябри сурх”) хуб истиқбол гирифта, сардори шуъбаи кишоварзӣ таъин намуданд. Баъди чор сол “чорчӯбаи саҳифаҳои рӯзномаи ноҳиявӣ тангӣ кард”-у ӯ роҳ ба сӯи пойтахт гирифт. 
Дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ”, яъне “Ҷумҳурият”-и имрӯза, баъди заҳматҳои тулонӣ: эҷоди мақолаҳои танқидиву таҳлилӣ, очерку фелетон, лавҳаву гузоришҳо, тарбияи ҷавонон, дасти қавӣ ёфтан дар таҳрир дар сафи кормандони эҷодии шинохтаи кишвар Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саид, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзуллоев, Ҷунайдулло Исоев, Турсун Маҳмадаминов, Мамадвафо Мамадризоев, Мусалламхон Баҳриддинов, Карим Мамадов, Ҳилолиён Аскар, Мавлон Узоқов, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ва бисёр дигарон мавқеъ гирифт, ки ин нишонаи возеҳи қаламкаши заҳматкаш буданаш аст.  
Мирзомаҳмуд Мирбобозода зиёда аз 50 сол дар матбуот фаъолият бурдааст, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб сармуҳаррири рӯзномаи парлумонии “Садои мардум” таъин шуд ва солҳои зиёд дар тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми носутурданӣ гузошт. Мавсуф барои заҳматҳои пурмаҳсул, тарбияи рӯзноманигорони ҷавон бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардид. 

Қурбон МАДАЛИЕВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.02.2024 №: 40
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив