ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. ИФТИХОРИ МАНУ МО

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. ИФТИХОРИ МАНУ МО

28 феврал 2024, Чоршанбе
13
0


Моҳи ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи 30-юми Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО (бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) бо мақсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ, рушди хазинаи луғавии забонҳои дунё 21-уми феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардид ва аз соли 2000-ум инҷониб ҳамасола дар  олам таҷлил мегардад. 
Агар мо ба таърихи пайдоиш ва инкишофи забони адабиёти классикии тоҷик нигарем, забони модарии мо тӯли таърихи чандинҳазорсола омили муҳимтарини муттаҳидкунандаи миллат буд. Забони модарии мо дар асрҳои VIII-X ташаккулу нашъунамо ёфта, тавассути асарҳои гаронбаҳои Абуабдулло Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдулқодири Бедил ва дигар бузургони адабиётамон дар гӯшаҳои гуногуни олам ҳамчун забони шоирона маҳбубияти хос касб намудааст. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон изҳор доштанд: «Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ мебошад». Маҳз муҳаббату ғамхорӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки дар муддати кӯтоҳ забони тоҷикӣ аз муҳити хонаводагӣ ба сатҳи анҷуману ҳамоишҳои байналмилалӣ баромад. Ҳамин тариқ, дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти ҳимоятҳои Пешвои муаззами миллат забони модариямон дар мақомоти давлатӣ мақому маҳбубият касб намуда, асноди меъёрии ҳуқуқие дар ин замина ба тасвиб расид, ки ҷойгоҳи онро мушаххас кардааст.
Ҳастии забон ҳастии миллат, худшиносиву худогоҳии миллӣ, замонати бақои фарҳангу тамаддуни он мебошад, зеро кулли ганҷинаи илмию адабӣ ва фарҳангии миллат, пеш аз ҳама, ба василаи забон ҳифз мегардад.
Забони модарии мо забони тамаддунсозу тамаддунофар буда, бояд онро чун мерос аз ниёгони бузургамон поку беолоиш ва ҳамчун амонати муқаддас нигоҳ дорем. Маҳз ба ҳамин хотир, дар яке аз суханрониҳои худ Президенти кишвар азизу гиромӣ доштани забони модариро «як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус» гуфтанд. Дар баробари ин, таъкид карданд, ки “имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забони модарии моро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд”. Аз ин рӯ, мо бояд талош намоем, ки забони ширину шеваи тоҷикӣ ҳамеша ҳамин гуна нуфузу мақом дошта бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо забони ноби тоҷикӣ сухан мекунанд, ки ин ифодакунандаи ифтихор, ҳифз ва арҷгузорӣ ба забони давлатӣ мебошад. Мо фахр аз он дорем, ки забони модарии мо – забони ширину шевои тоҷикист.  

Саидумар МАҶИДЗОДА,
мудири бахши ҳуқуқи дастгоҳи раиси
ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 28.02.2024 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив