ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАВЗАНЕ БА ҶАҲОНИ НАВ 

РАВЗАНЕ БА ҶАҲОНИ НАВ 

28 феврал 2024, Чоршанбе
6
0


Хонандагон бо намунаҳои шеър, публитсистика ва нақди Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи байналмилалии «Ситораҳои Иттиҳод» Низом Қосим шинос ҳастанд.  Устод, ҳамчунин, драматурги чирадаст шинохта шудаанд. Биноан, нашри ашъори драмавиашон таҳти унвони «Борони ашк» дар ҳаёти адабӣ ва фарҳанги кишвар ҳодисаи ғайричашмдошт набошад ҳам, хеле воқеаи хурсандибахш ва умедворкунанда аст. 

Нашри маҷмуаи драмаҳои Низом Қосим  «Борони ашк» аз чанд ҷиҳат хурсандибахш аст. Нахуст, дар ҳоле ки ҳама аз вазъи буҳронии театри тоҷик лаб во кардаанду яке аз роҳҳои раҳоиро дар эҳёи драматургияи миллӣ мебинанд, он холигоҳи бавуҷудомадаро пур хоҳад кард. Пасон, сарфи назар аз он ки маҷмуа таҷрибаи беш аз чиҳилсолаи драматургии муаллифро натиҷагирӣ кардааст, беҳтарин намунаҳои фоҷиа, мазҳака ва либреттонависии муосир мебошад. 
Драмаи манзуми «Амир ва асир» ҳангоми Ҷашни 1100-солагии Давлати Сомониён дар соли 1999, ҳине ки ҳоло захмҳои ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ хунчакон буданд, нигошта шудааст. Ёд кардан аз Давлати Сомониён ва поягузори он Исмоили Сомонӣ дар асное сурат мегирифт, ки айнан ҳамин корро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такрор менамуд. 
Рӯй овардан ба воқеаҳои таърихӣ дар драматургия ва, умуман, адабиёт, бо мақсади сабақ гирифтан аз гузашта аст. Шоир сабаби аз гиребони ҳам гирифтани моро айнан ҳамон гунае дармеёбад, ки дар замони амирон Исмоили Сомонӣ ва Амри Лайс сурат гирифта буд, яъне душманони миллати мо боз ҳам аз пайванди мо тарсида, байнамон оташи кину нафратро аланга доданд. Ин матлабро шоир ин гуна баён доштааст:     
Ба ҳар ранге, ниҳон бинмуда найранг,
Ману моро кашад тақдир бар ҷанг!

Албатта, ҳар эҷодкор ҳақ дорад, ки мавриди ин ё он ҳодисаи таърихӣ фарзия ва назари худро баён дорад. Драматургони Юнони Бостон низ, ҳамин гуна рафтор менамуданд. Аз ин ҷост, ки дар радифи воқеаҳои аслӣ садҳо намуд бозгӯ ва тавзеҳи онҳо аз ҷониби адибон ва дар мавриди мо драматургон, пешниҳод шудаанд. Тавзеҳи Низом Қосим дар ин маврид хеле ҷолиби диққат аст. Дар драмаи «Амир ва асир» Исмоил аскарони асиргирифтаашро озод намуда, худи Амри Лайсро савори ароба ба Бағдод мефиристад. 
Драмаи «Борони ашк» бо наср навишта шудааст.  Он низ, ба навъе, назари файласуфона ба воқеаҳои замони мост. Қаҳрамонҳои асосии он – Куруш ва Куруз ду руҳи беқароре ҳастанд, ки чун ҳамаи мо дар интизори ҳашр (растохез) истодаанд.  Вале, пеш аз он, ки аз ҷониби Офаридгор пурсида шаванд, худ ҳамин гуна як навъ пурсишро бо худ ва бо мо амалӣ месозанд. Маҳз дар ҳамин муколамаҳо тамоми паҳлуҳои табиати хислати қаҳрамонҳо возеҳ гардида, баробари хислатҳои бад сифатҳои неки онон низ, аён мегарданд. 
Адабиёти асил, пеш ва беш аз ҳама, қолабшиканист. Дар табиати драма нақл чун унсури бегона шинохта шуда, танҳо драматургони бомаҳорат метавонанд дар тавзеҳи табиати хислати қаҳрамон нақли дигаронро устокорона истифода баранду воқеаҳоро ба ҷойи дар амал нишон додан  тариқи ҳикояти дилнишин оранд. Низом Қосим аз зумраи адибони камшуморест, ки метавонад ҳар нуқсро низ, ба бартарӣ табдил диҳад. Нақл дар драмаи мазкур на танҳо асоси раванди воқеаҳоро ташкил додааст, балки чунон муколамаҳои ҳакимонаи қаҳрамонҳоро бо ҳам пайваст намудааст, ки бегумон, аз бозёфти асосии он ба шумор меравад. Адиб дар муколамаҳои хеш тамоми таҷрибаи адабиву ҳунарӣ ва таърихии миллаташро ба навъе ҷамъбаст кардааст. Ҳақ ба ҷониби қаҳрамони асар – Куруш аст, ки мегӯяд: «Моро аз ин саҳфаҳои ҳақгӯву ҳақнамо ҷойи гурез нест, Куруз, довари аҷибест таърих, ки пирӯзу афтода пешаш якест. На, балки гоҳе ғолиби садҳо набардро мағлуб мешуморад ва мағлуби басо муҳорибаро ғолиб мебарорад он».
Дар асар категорияҳои фалсафие, ки ба ҳастӣ, маънии он, ҳукм ва адолат, қазову қадар ва хатову ҷазо вобастаанд, аз лиҳози адабӣ хеле ҳунармандона ва бо далелҳои раднопазир шарҳ дода шудаанд. Танҳо дар охири асар маълум мегардад, ки чаро он «Борони ашк» ном гирифтааст. Он ашке нест, ки қаҳрамонҳо аз хатоҳои кардаи хеш ва тарси ҷазо рехта бошанд, он ашки раҳматест, ки на танҳо аз раҳмати илоҳӣ сарчашма мегирад, балки аз дидагони раият низ меборад.
Яке аз паҳлуҳои таҳқиқнашудаи драматургияи моро либреттоҳои барои балет ва операҳои миллӣ офаридаи драматургонамон ташкил медиҳад. Дар маҷмуаи мазкур либреттои операи машҳури «Рустам ва Суҳроб» низ ҷой дода шудааст, ки дар асл «Яке достон аст» ном дорад. Он аз шоҳкориҳои театри замони истиқлоли давлатӣ ба шумор меравад. Яке аз талаботи асосӣ ба либреттои опера офаридани сурудҳо барои хор ва яккасароён мебошад. Низом Қосим, ки шоири чирадаст ва таронасарои машҳури замони хеш аст, дар ин кор намунаи олии ҳунариро нишон додааст. Мисле, ки дар партитураи мусиқии балет «адажио» ва «па-де-де»-ҳо асоси жанрии онро ташкил медиҳанд, дар опера сурудҳо барои хор ва яккасароён (арияҳо), дуэт, трио ва квартетҳо зарур мебошанд. 
Сурудҳои офаридаи шоир на танҳо рафти воқеаҳоро тавзеҳ медиҳанду ҳолати атрофиёнро тасвир мекунанд, балки, новобаста ба он ки барои ҳамсароён офарида шудаанд, хеле инфиродӣ ҳам баромадаанду шоирона. Танҳо номбар кардани исми сурудҳо кофист, то битавонем дар бораи гуногунпаҳлуии онҳо тасаввуроти амиқе дошта бошем. «Чарх ҳаргиз на ба коми дили мо тоб хӯрад», «Эй ишқ, шукри номат», «Эй ишқ, эй сафои дилу ҷон, хуш омадӣ», «Меҳри ту андар дили огаҳ бувад»,  «Эй Ватан, ҳар нафасат ид!», «Ин базми зебо бодо муборак!», «Бизан, мутрибо, хусравонӣ суруд», «Ҳамеша дар барам будӣ, азизо», «Туро, одамо, гарчи бешу камест», «Бизан, гурди Эрон, ба гурзу ба теғ!» муште аз ин хирвори пурбаракат аст. 
Асарҳои саҳнавии Низом Қосим, сарфи назар аз гуногунмазмуниву гуногунжанрии хеш паҳнову жарфно ва руҳи замони мову ҳамзамононамонро дар худ таҷассум намудаанд. Асарҳо равзанае ба ҷаҳони нав, ҷаҳоне пок ва беолоиш хоҳанд гардид, ки тавассуташон мо ба балоғати маънавӣ расида, ботини худро тағйир хоҳем дод. Бо кумаки ин ҷоми ҷаҳоннамо мо ба гузаштаи худ назар меафканему дар ин оинаи қаднамояш худи худро дармеёбем. 

Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ, театршинос

Санаи нашр: 28.02.2024 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив