ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГАРДИШИ ТИҶОРАТИ ХОРИҶӢ  БЕШ АЗ 8 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА-РО ТАШКИЛ ДОД

ГАРДИШИ ТИҶОРАТИ ХОРИҶӢ  БЕШ АЗ 8 МИЛЛИАРД ДОЛЛАРИ ИМА-РО ТАШКИЛ ДОД

28 феврал 2024, Чоршанбе
36
0


Дар соли 2023 гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 8 миллиарду 314,5 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 863 миллион доллар ё 11,6 фоиз зиёд мебошад, – иттилоъ медиҳад Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Воридоти мол 5 миллиарду 880,1 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022-юм 756, 6 миллион ё 14,8 фоиз зиёд мебошад. Содирот бошад, ба 2 миллиарду 434,3 миллион доллар баробар шуда, нисбат ба соли қаблӣ 107 миллион доллар ё 4,6 фоиз афзудааст. 
Дар содироти молҳои ватанӣ вазни қиёсии асосиро металлҳои қиматбаҳо, маъданҳо ва консентратҳо, нахи пахта, алюминийи коркардношуда, сурма, қувваи барқ, маҳсулоти меваю сабзавот, ресмони пахтагӣ, семент ва пӯст ташкил медиҳанд. Содироти мол соли гузашта ба кишварҳои Швейтсария, Россия, Амороти Муттаҳидаи Араб афзоиш ва ба давлатҳои Қазоқистон, Белгия, Чин, Ӯзбекистон, Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия коҳиш ёфтааст. 
Ба молҳои воридотӣ, асосан, маҳсулоти нафтӣ, нақлиёти сабукрав, гандум, гази моеъ, чӯбу тахта, равғани рустанӣ, шакар, оксиди алюминий (глинозем), нуриҳои минералӣ дохил мешаванд. Воридоти мол соли гузашта аз Чин, Швейтсария, Ҷопон, Олмон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия афзоиш аз Қазоқистон Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Испания, Бразилия, Франсия, Россия каме коҳиш ёфтааст.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Ҷавонони тоҷик дар Фестивали ҷаҳонӣ ширкат мекунанд
1-7-уми марти соли равон дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия Фестивали ҷаҳонии ҷавонон баргузор мешавад.
Фестивал бузургтарин чорабинии ҷавонони ҷаҳон мебошад ва нафарони ғамхори сайёраро муттаҳид мекунад. Иштирокчиён имкон доранд мавқеи худро баён кунанд, барои ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ муттаҳид шаванд ва дар сохтани ҷаҳони боадолат ба ҳамдигар ёрӣ расонанд. Инчунин, Фестивал ибтидои дӯстии нав ва рушди анъанаҳои халқҳои гуногун мебошад.
Интизор меравад дар чорабинӣ ҳудуди 20000 нафар аз 180 давлат ширкат намояд. Аз ҷумла, ҳайати Тоҷикистон иборат аз 275 нафар, аз ҳисоби кормандони ҷавони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳоқимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ, ба Россия сафарбар мегардад.
Қабл аз сафар 26-уми феврал раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода бо ҳайати ҷавонони Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, онҳоро ба муаррифии сазовори фарҳанги миллӣ ва риояи одобу интизом зимни баргузории чорабинӣ талқин намуд.
У. САФАРАЛӢ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 28.02.2024 №: 41
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив