ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. ЗАН ВА ҶОМЕА

ТОҶИКИСТОН. ЗАН ВА ҶОМЕА

07 март 2024, Панҷшанбе
19
0

 
Чун солҳои қаблӣ дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мавзуи занону бонувон яке аз самтҳои асосӣ ба шумор рафта, ҷиҳати баланд гардидани мақоми онҳо дар ҷомеа, ҳамзамон, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии онҳо, нақши муҳим дорад. Пешвои миллат нақши занро дар рушду пешрафти ҷомеа таъкид намуда, ҷиҳати дастгирии онҳо дастуру супоришҳои махсус доданд. Зан бонуи тоҷик саодатманду шарафманд аст, ки дар симои Пешвои миллат пуштибони ғамхору меҳрубонро пайдо намудааст.
Раванди ҷаҳонишавӣ ба пояҳои арзишҳои миллӣ зиён расонда, дар муносибату муошират, риояи одобу фарҳанги махсуси инсонӣ тағйироти манфӣ ба бор меорад. Маҳз зан дар тарбияи фарзанд, таблиғи арзишҳои миллӣ ва забони давлатӣ нақши созгорро иҷро менамояд. Ба забону фарҳанги миллӣ, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ хавфу хатари аз миён рафтан таҳдид мекунад, зан  ягона ё сарчашмаест, ки аз он ин арзишҳоро ҳимоя менамояд. Пуштибонии Сарвари давлат аз манфиатҳои занону бонувон худ як сифати ҷавонмардиву ҷомеасозист. 
Қобили зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ ҷиҳати баланд гардидани мақоми занону бонувон амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф ва тандурустӣ солҳои охир шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфт. Тибқи маълумоти оморӣ, соли 1991 дар соҳаи маорифи кишвар аз 95 ҳазор нафар корманд ҳамагӣ 52 фоизро занону духтарон ташкил доданд. Соли 2018 ин нишондиҳанда ба 70 фоиз расидааст.
Дар соҳаи тандурустӣ соли 1998 аз 45 ҳазор нафар корманд 25 ҳазорро занону духтарон ташкил доданд. Ин нишондиҳанда соли ҷорӣ аз шумораи умумии кормандони соҳа, ки 80 ҳазор нафарро ташкил мекунанд, ба 51 ҳазор нафар расидааст, ки нисбат ба солҳои пеш хеле зиёд мебошад. Имрӯз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил медиҳанд.
Сарвари давлат ба нерую қудрати зеҳнию равонии зан такя намуда, таъкид менамоянд: “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем, ки ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем, ранҷу машаққат ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем.
Ҳамзамон бо ин, аз модарону бонувони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъол бошанд, фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунанд, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошанд, расму оин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоянд.
Бонувону модарони мо бояд, муҳимтар аз ҳама, барои поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонанд”. Ин беҳтарин ва волотарин суханҳои Пешвои миллат нисбат ба рисолати волои зан буда, занонро масъул ва вазифадор ба ҳифзи муқаддасот, арзишҳои волои миллӣ мекунад.

Саида БОСХОНЗОДА, судя – коромӯзи суди шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 07.03.2024 №: 46
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив