ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 

Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 

12 март 2024, Сешанбе
25
0


11-уми март Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, – хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Ҳамчунин, имрӯз дар Душанбе баргузории мулоқоти сарвазирони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар назар аст.


Созишномаи генералӣ барои солҳои 2024-2026 ба имзо расид
Дар бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ маросими имзои Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоён барои солҳои 2024-2026 баргузор гашт. 
Ба мо аз Федератсияи иттифоқҳои касаба хабар доданд, ки Созишнома  бо мувофиқаи  тарафҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон– Сарвазир Қоҳир Расулзода, аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касаба – раиси Федератсия Маликшо Неъматзода ва аз ҷониби Иттиҳодияи корфармоён – иҷрокунандаи вазифаи раиси Иттиҳодия Айёмбек Акрамзода ба имзо расонда шуд.

Марҳалаи аввали лоиҳаи «Ташхиси сохтори бозори пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ шуд
Натиҷаҳои марҳалаи аввали лоиҳаи «Ташхиси сохтори бозори пул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни мулоқоти раиси Бонки миллӣ Фирдавс Толибзода бо роҳбари Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар Тоҷикистон Холгер Вифел баррасӣ гашт. 
Дар мулоқот таъкид шуд, ки муайян намудани заминаҳо ва омилҳои рушди бозори байнибонкии пул, инчунин, бозори коғазҳои қиматнок дар пешбурди сиёсати пулию қарзии мамлакат ва таъмини устувории бахши молиявӣ нақши муҳим мебозад. Аз БМТ ба мо хабар доданд, ки дар мулоқот ҷонибҳо корҳои анҷомдодаро дар марҳалаи якуми ин лоиҳа баррасӣ карда, муҳимияти онро барои тақвияти минбаъдаи бозори пул дар Тоҷикистон таъкид намуданд.


Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ 
11-уми март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд. 
Зикр гардид, ки иқтисоди рақамӣ дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои беҳтар намудани хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ шароит фароҳам меорад. Ин платформаи ҳамкорӣ самтҳои амалии татбиқи дурнамои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо назардошти шуғли ҷавонон ва инноватсия, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, меҳнати арзанда ва коҳиши равандҳои муҳоҷират муайян менамояд. Дар ин бора ба «Ҷумҳурият» аз Вазорати мазкур иттилоъ доданд. 


Фаъолияти якҷояи Тоҷикистон бо Дафтари СММ оид ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб 
11-уми март дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо мудири Дафтари СММ оид ба ҳамкории Ҷануб-Ҷануб (UNOSSC) Дима ал-Хатиб баргузор гашт. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва UNOSSC-ро мавриди баррасӣ қарор дода, омодагиашонро ба ташкили чорабиниҳои муштарак дар чаҳорчӯби платформаҳои байналмилалии об, бахусус 3 конфронси гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLLDC)  изҳор намуданд.


Ҳамкории Тоҷикистон бо намояндагони соҳаи сайёҳии давлатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои байналмилалӣ 
10-уми март дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB (Berlin-2024), ки дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гашт, вохӯрии муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Рустам Холматиён бо як зумра намояндагони соҳаи сайёҳии давлатҳои хориҷӣ ва ширкатҳои сайёҳии байналмилалӣ доир шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин Кумита хабар медиҳад.

Санаи нашр: 12.03.2024 №: 48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив