ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ОҲАНГИ ЗИНДАГӢ»

«ОҲАНГИ ЗИНДАГӢ»

12 март 2024, Сешанбе
19
0


Алӣ Ҷӯра беш аз 30 сол аст, ки дар васоити ахбори омма  фаъолияти назаррас дорад. Дар ин муддат хонандагону шунавандагон ба матолиби навишта ва барномаҳои омоданамудааш ошноанд.
Ӯ, аз ҷумла дар ин рӯзнома, яъне «Ҷумҳурият»,  дар солҳои вазнини кишвар кор кардааст. Ҳолиё вазифаи  муовини сармуҳаррири нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - «Минбари халқ» -ро ба  зимма дорад. 
Қисме аз навиштаҳои ӯ дар маҷмуаҳои «Қамони қомат», «Тулуи беғуруб» ҷой дода шудаанд.
«Оҳанги зиндагӣ» китоби нави муаллиф аст, ки чанде пеш ба табъ расид. Дар ин китоб интихобан маҷмуаи мақолаҳо ва суҳбатҳои Алӣ Ҷӯра, ки дар солҳои гуногун таълиф гардидаанд, ҷой доранд. Матолиби ин маҷмуаро  муаллиф ба чор гурӯҳ:  «Қаламрави ёд», «Армуғон», «Саҳнаи умр», «Раҳораҳ» тақсим кардааст. Онҳо дар бораи инсонҳои шариф, рӯзгордида, нексиришт, некандеш, накукору ободгар, ҳунарманду эҷодкоранд.
Дар мақолаи «Муштарии дастнорас» -аш, ки дар бораи собиқ муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Усмон Солеҳ (равонаш шод бод!) мебошад, аз фаъолияти худ ва вазъи рӯзгори рафта низ ёд меорад:  «Соли 1991 ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба кор омадам. Дар шуъбаи ахбор Усмон Солеҳ мудир буду ману чанд тани дигар хабарнигор. 
Оғози фаъолияти кории ман дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба даврае рост омад, ки Иттиҳоди Шуравӣ пароканда шудаву ҷумҳуриҳои собиқ ҳар кадом барои соҳиб шудан ба ҳаққи хеш аз мероси ин кишвари бузург талош доштанд. Аммо дар Тоҷикистон кор ранги дигар гирифта буд. Муноқишаҳои гурӯҳӣ то маҳалҳо расида, ба ҷанги шаҳрвандӣ печид. Ашхоси манфиатҷӯ ба оташи низоъҳо равған мерехтанд. Дар натиҷа алангаи ҷанг васеъ доман паҳн кард, ки барои хомӯш намудани он беш аз панҷ сол вақт сарф шуд».
Ҳамин тавр, хонанда бо мутолааи «Оҳанги зиндагӣ» на танҳо ба навиштаҳои Алӣ Ҷӯра ошно мешавад, балки дар бораи шахсиятҳои маъруфу  корҳову эҷоди мондагор ва вазъи рӯзгору дастовардҳои кишвари мову чандин кишвари ҷаҳон маълумот гирифта метавонад.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 12.03.2024 №: 48
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив