ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҷаласаи Шурои миллии суботи молиявӣ 

Ҷаласаи Шурои миллии суботи молиявӣ 

13 март 2024, Чоршанбе
33
0


12-уми март таҳти раёсати раиси Шуро – вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода ва бо иштироки роҳбарияти Бонки миллӣ, намояндагони вазоратҳои молия, адлия,  Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷаласаи нуҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ баргузор гашт. 
Тавре Бонки миллӣ хабар додааст, дар ҷаласа  иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи ҳаштуми Шуро баррасӣ гардид. Масъулон оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ барои рушди таъмини ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ, монеаҳо дар раванди татбиқи низоми байналмилалии баҳисобгирии молиявӣ дар корхонаҳои давлатӣ ва рушди бозори ипотека гузориш доданд.


Пешгирии ҳамроҳшавии занон ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ 
12-уми март дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар ҳошияи ҷаласаи Комиссияи 68-уми мақоми занон чорабинӣ дар мавзуи «Тавонмандсозии занон барои адолат: пешбурди баробарии гендерӣ  дар стратегияи пешгирӣ ва баромадан аз ҷиноятҳои муташаккил» баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки ҳамоиш аз ҷониби Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ дар шарикӣ бо САҲА танзим гардид. Зимни чорабинӣ зарурати таҳияи вокуниш ба адолати гендерии судӣ ва  стратегияи пешгирӣ ва баромадан аз ҷиноятҳои муташаккил иброз гашт. Намояндаи Тоҷикистон таъкид намуд, ки ҷумҳурии мо ба пешбурди баробарии гендерӣ дар соҳаи адолати судии ҷиноятӣ, бахусус дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. 


Мақомоти Ваколатдор ва масъалаи таҳияи нақшаи амал барои пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон 
Дирӯз дар доираи амалисозии фаъолият дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар Тоҷикистон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Артур ван Дизен вохӯрд. 
Хадамоти матбуоти Мақомот иттилоъ додааст, ки Ваколатдор зимни мулоқот оид ба фаъолият ва ҳамкории самарабахш бо Хазинаи кӯдакони СММ ибрози назар намуда, гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалиаш дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак пайваста талош меварзад ва дар ин робита саҳми Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муассир мебошад.


Омодагӣ ба Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 
11-уми март раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов вохӯрд.
Аз Кумита ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар самти сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим, баргузории Форуми сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд.


Намояндагони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар Қазоқистон 
Гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илм таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Зиёдулло Абдулзода бо мақсади табодули таҷриба ва шиносоӣ бо вазъи таълиму тарбия ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуд. 
Маркази матбуоти Вазорат иттилоъ медиҳад, ки дар рафти сафар мулоқоти гурӯҳи корӣ бо роҳбарони Вазорати маорифи Қазоқистон доир шуда, дар он масъалаҳои низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ, ислоҳоти соҳаи маориф ва вазъи таълиму тарбия баррасӣ гаштанд.

Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор шуд
12-уми март дар пойтахти мамлакат таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати шашум, доир гашт. 
Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи раиси шаҳр хабар додааст, ки дар иҷлосия рафти иҷрои «Барномаи миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода барои солҳои 2023-2028» ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самтро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, дар иҷлосия стратегия ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила бо мақсади фаъолгардонии нақши бонувон дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ баррасӣ шуд.

Санаи нашр: 13.03.2024 №: 49
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив