ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИСТИҚЛОЛ ВА ТАТБИҚИ САМАРАНОКИ СИЁСАТИ ЗАБОНӢ

ИСТИҚЛОЛ ВА ТАТБИҚИ САМАРАНОКИ СИЁСАТИ ЗАБОНӢ

13 март 2024, Чоршанбе
17
0


Мардуми Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ шоҳиди дигаргуниҳои ҷиддӣ дар татбиқи сиёсати самараноки Президент, давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, хусусан забони давлатӣ, мебошад. Бояд тазаккур дод, ки пешоҳанг ва ташаббускори ҳамаи иқдомҳо, дар робита ба забони давлатӣ ва забони миллии кишвар, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ аз худ хидмату заҳматҳои фаровон ба харҷ додаанд ва имрӯз низ барои амалӣ кардани ҳадафҳои наҷиб дар роҳи ҳифз ва эҳёи яке аз арзишҳои миллӣ – забони давлатӣ пайваста азму талош меварзанд.
Бояд ёдрас кард, ки ҳанӯз 22-юми июли соли 1989 иҷлосияи даҳуми Шурои Олии мамлакат аввалин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатиро қабул карда буд. Дар 8 бобу 37 моддаи ин санад мавқеи забони тоҷикӣ ва забонҳои дигар, ки дар қаламрави Тоҷикистон амал мекунанд, муайян шуд. Қонун ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дод. Чунончи, дар моддаи 1 омадааст: «Забони давлатии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон забони тоҷикӣ (форсӣ) мебошад». Аввалин татбиқи қонун ин буд, ки коргузории мақомоти ҳокимият, идораҳои давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба забони давлатӣ сурат бигирад. 
Пас аз соҳибистиқлолӣ ва бакуллӣ дигар шудани сохтори давлатӣ, вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, байналмилалӣ, ҳувият, муҳит ва ҷомеа тақозо мекард, ки қонуни забон такмил ёбад. Аз ин рӯ, 5-уми октябри соли 2009 Қонуни нави кишвар «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид.
Ба хотири татбиқи сиёсати ҳадафмандонаи Ҳукумат дар бораи забони давлатӣ ва амалӣ сохтани Қонуни мазкур аз 31-уми октябри соли 2009 сохтори нав – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Кумитаи мазкур ягона ниҳоди ҷумҳуриявӣ дар амалӣ сохтани сиёсати Ҳукумати кишвар дар масъалаҳои марбут ба забони давлатӣ маҳсуб мешавад. Тули солҳои истиқлолият ба масъалаҳои забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми он дар муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда, ҳифз ва рушди он ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон гардидааст.
Яке аз иқдомҳои бисёр муҳим дар бобати рушди забон фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми июли соли 2007 дар хусуси эълон намудани соли 2008 ҳамчун Соли бузургдошти забони тоҷикӣ ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми сентябри соли 2007 дар бораи амалӣ сохтани фармони Президент мебошанд. 
Хулоса, аз таҳлили равандҳои муосири сиёсию забонӣ маълум мегардад, ки истиқлолият барои рушду ташаккули фарогири забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ имконоти мусоидро фароҳам овардааст. Маҳз дар ин давраи таърихӣ давлатдории навин забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шуд. Ҳамчунин, барои пешбурди сиёсати забон силсилаи қонуну қарорҳо, тадбирҳо андешида шуданд, кумита ва комиссияҳои кориву назоратӣ таъсис ёфтанд. Заминаҳои бунёдии роҳи ташаккули сиёсати забон – боло гирифтани ифтихори миллӣ, густариши андешаҳои зиёиёни пешқадам, коркарди тадбирҳои стратегии давлатӣ, ташкили силсилаи чорабиниҳои давлат оид ба таҳкими пояҳои иҷтимоӣ ва рушди забон ва роҳу василаҳои гуногуни ба амал баровардани ин тадбирҳо мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ ба масъалаҳои рушди устувори забони давлатӣ дар тамоми соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва мақоми онро ҳимоя мекунад. Чунки маҳз забони давлатӣ дастовардҳо ва ҳастии моддиву маънавии мардуми кишвари моро дар дохил ва хориҷи он муаррифӣ менамояд.

Рухсора РАСУЛЗОДА, унвонҷӯи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Санаи нашр: 13.03.2024 №: 49
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив