ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАНЗИМ. ЧАРО БА ХУД ҶАБР МЕКУНЕМ?

ТАНЗИМ. ЧАРО БА ХУД ҶАБР МЕКУНЕМ?

14 март 2024, Панҷшанбе
24
0


Барои дарку фаҳм ва маърифати васеъву комили Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» махсус бояд таваҷҷуҳ бикунем. Танзими анъана ва ҷашну маросим, албатта, ба хотири дур шудан аз исрофкорӣ, гирифтани пеши роҳҳои  бидъату хуруфотҳо, ки хилофи шариатанд, мебошад. Дуруст аст, ки мо бо қабули ин Қонун муваффақ шудем, ки монеи куштани ҳазорон чорвои хонагӣ, дар доираи васеъ таҷлил намудани зодрӯз, хатнасур «оростани зиёрати расмӣ ба муносибати таъин шудан ба вазифаи давлатӣ, рутба, унвон, мукофотҳои давлатӣ ва дараҷаҳои илмию тахассусӣ» бигардем. Мақсад истифодаи дурусту манфиатноки  маблағҳои сарфашуда аз ин ҳисоб мебошад. Ҳамин тавр, маблағҳо захира шуданд, аммо барои беҳтар кардани зиндагӣ, ба вуҷуд овардан шароити хубтар сарф нашуданд. 
Чӣ кор кардем? Андешидем? Не. Телефонҳои гаронарзиш харидем. Ҳатто дар ин маврид худнамоиҳо ҳам кардаему мусобиқаҳо низ. Қимату дороии одамонро бо телефонҳои доштаашон муайян мекунанд. Бархе фарзандонашонро ҳам  аз доштани ин гуна телефонҳо бенасиб нагардонданд.  Дар як хона агар аҳли оила 5 нафарро ташкил бидиҳад, ҳамаи онҳо телефон доранду ба интернет пайвастанд. Фикр мекунам, ки дар 90 дарсади хонаҳо ҳол чунин аст. Бо телефонҳо соатҳо гап мезанем, барномаҳои гуногунро бо ворид шудан ба шабакаҳо мебинему мешунавем. Бадбахтона, истифодаи мо аз телефонҳои мобилӣ мақсаднок нест. Ин ҳолат ба бемории кас ва ҷомеа табдил ёфтааст. 
Ғалатҳои зиёде дар ин шабакаҳо вуҷуд доранд, ки таъсири манфиашонро андак ҳам  бошад, эҳсос мекунем. Агар ҳисоб бикунем, рӯзҳои ҷумъа ирсоли навиштаи «Ҷумъа муборак!» бо тасвирҳову наворҳо ҳазорон ҳазор аст. 
Медонам, ки қонуни мазкур ин ҳамаро манъ накардааст, аммо худи мо бояд нафъро аз зарарамон бишиносем. Исрофкорӣ дар харидану истифодаи телефонҳои мобилӣ аз андозаи муқаррарии худ зиёд шудааст. Пеши роҳи онро кӣ мегирад? Ҳамин тавр, танзими истифодабарии телефонҳо муҳим мебошад. Мақсад аз танзим, тавре ки зикр гардид, сарфаи маблағҳо ба хотири зиндагии беҳтару шоистатар аст. Пас чаро ба худ ҷабр мекунем?

Н. МАҶИД, шаҳри Душанбе

Санаи нашр: 14.03.2024 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив