ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАМСИДДИН ШОҲИН ДАР ПАЖӮҲИШИ АКАДЕМИК А. РАҲМОНЗОДА

ШАМСИДДИН ШОҲИН ДАР ПАЖӮҲИШИ АКАДЕМИК А. РАҲМОНЗОДА

14 март 2024, Панҷшанбе
25
0
Донишманди шинохтаи тоҷик, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода  бо китобҳо, мақолаҳо, нутқу мусоҳибаҳо  ва фаъолияти фарҳангию иҷтимоӣ кайҳост, ки дар миёни аҳли илму ҳунари ватаниву хориҷӣ маълум аст. Силсилаи асарҳои он кас ба масъалаҳои муҳими адабиёти бостонӣ, классикӣ ва муосири тоҷик бахшида шудаанд. Бахусус, рисолаҳо ва дастурҳои таълимии эшон - «Маърифати замон» (1995), «Назария ва сайри таърихии устурасозии форсӣ-тоҷикӣ» (1999), «Пиндорҳои асотирӣ дар адабиёти тоҷикӣ» (1999), «Заминаҳои асотириву маросимӣ дар адабиёти нимаи аввали садаи ХХ»  (2004), «Устурашиносӣ (Барномаи дарсҳои назарӣ ва амалӣ)» (2007), «Белинскийи тоҷик» (2015), «Меҳргон дар Тоҷикистон» (2019, бо ҳаммуаллифии Р.  Раҳмонӣ), «Ҳаёт, адабиёт, воқеият» (Китоби I, 2019), «Познание времени» (2020), «Сада дар Тоҷикистон» (2024, бо ҳаммуаллифии Р. Раҳмонӣ)  ба баррасии паҳлуҳои ношинохтаи адабиётшиносӣ, устурашиносӣ, мардумшиносӣ ва, ба таври куллӣ бигӯем, ба  фарҳангшиносӣ бахшида шуда, ба умдатарин масъалаҳои  дар ин самт бозтоб нагардидаи илмӣ равшанӣ андохтааст. Мо бо такя ба ҳикмати «Мушт – намунаи хирвор» ба яке аз паҳлуҳои фаъолияти илмии муҳаққиқ, ки  ба ҳаёт ва осори маорифпарвари барҷастаи тоҷик Шамсиддин Шоҳин (1858-1894) нигаронида шудааст, таваҷҷуҳи хонандаро ҷалб менамоем.
Бешак, зери унвони «Шамсиддин Шоҳин ва анъанаи ғазалсароӣ дар адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри ХIХ ва аввали асри ХХ» (2006) ба нашр расидани китоби академик Абдуҷаббор Раҳмонзода падидаи неке  дар шинохти бештари Шоҳини ширинкалом ба шумор меравад.. 
Дар муқаддимаи китоб муҳаққиқ ба баррасии рӯзгори Шамсиддин Шоҳин, ки аз ҷониби пажӯҳандагон ба монанди Афзалмахдуми Пирмастӣ дар «Тазкираи Афзалӣ», Ҳоҷӣ Неъматуллоҳи Муҳтарам дар «Тазкират-уш-шуаро», Садри Зиё дар «Тазкори ашъор», Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» ва ёддошти Мирзо Муҳаммадқобили Савдоии Ғиждувонӣ, ки ишоратҳои ҷолибе кардаанд, назар меандозад. 
Дар тақвияти гуфтаҳои устод Айнӣ ва  Садри Зиё пажӯҳанда ҳақбинона бар он ишорат мекунад, ки Шоҳин яке аз беҳтарин пайравони Аҳмади Дониш будааст ва ин гуфтаҳои Айниро меорад: «Дарвоқеъ Шоҳин баъд аз вафот ангуштнамои арбоби дониш шуд. На танҳо ангшутнамо шуд, ҳар аҳли фазле, ки қабри Шоҳинро ба ангушт ишора мекунад, аз ҳарорати таҳсину офарин ангушташ чун шамъи сари мазор месӯзад…».
Бахши аввали китоб «Зиндагиномаи Шамсиддин Шоҳин» ном дорад, ки бо суханони зерини шоири ширингуфтору озурдахотир шуруъ  мешавад:
Сухан ҳар он чӣ ки хуштар бувад, манаш гуфтам,
Гуҳар ҳар он чӣ ки беҳтар бувад, манаш суфтам.
Вале чӣ суд, ки умрам ба ғунчагӣ бигзашт,
Ба бод рафтаму чун гул ба боғ нашкуфтам.
Надидам ин ҳама ҳосил зи рӯзгори вуҷуд,
Ҷуз ин қадар, ки ба шоми адам фурӯ рафтам…
Сипас, муаллифи китоб ёдрас мешавад, ки Шоҳин аксари илмҳои замони худ, ба монанди балоғат, маонӣ, мизон (мантиқ), ишроқ, тасаввуф, ҳикмати табиӣ ва илоҳӣ, фиқҳ ва каломро аз худ карда будааст ва ӯро ҳамчун мирзои хушнавис ва хаттоти ҳунарвар низ мешинохтаанд.
Муаллифи рисола дар ин бахш дар бораи кӯшишҳои Шоҳин, роҳ ёфтани ӯ ба дарбори Абдулаҳад, ба сифати надим ва мирзо шуҳрат пайдо кардани вай, эътирофи дониш ва шоирии ӯ, ба базмҳои хосса иштирок карданаш, обрӯю эътибори ӯ, бахилию ҳасудии атрофиён, аз дарбор рафтани ӯ ва амсоли ин сухан меронад. Зимнан, роҷеъ ба мактаби адабии Аҳмади Дониш дил бастани шоир ва баъдан ба бемории сил гирифтор шуда, аз олам даргузаштани ӯ ва дар бораи Шоҳин марсия навиштани Идрисхоҷаи Роҷӣ ва дар тазкираи Садри Зиё дарҷ шудани он марсия низ ишораҳо меравад.
Бахши дигари рисола «Мероси адабии Шамсиддини Шоҳин» ном дорад. Муаллиф дар ин бахш роҷеъ ба тамоми мероси адабии шоир, ки аз  ғазал, қасида, рубоӣ, мухаммас, мусаддас, тарҷеъбанд, маснавӣ, ки аз 12 ҳазору панҷсад мисраъ иборат аст, сухан меронад ва боз  ишора мекунад, ки «ба ғайр аз Девон баёзҳое ҳастанд, ки дар он ашъори Шоҳин ворид шуда, аз зиёд будани теъдоди осори ӯ шаҳодат медиҳанд…». 
Дар идомаи ин бахш А. Раҳмонзода ёдовар мешавад, ки шоир дар 10-солагӣ ба шеър гуфтан оғоз намуда, нахуст ба ашъори Ҳофиз муҳаббат доштааст. Сипас, муҳаққиқ зери таъсири Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ таълиф намудани достони «Лайлӣ –ус– Маҷнун», дар пайравии «Бӯстон»-и Саъдӣ эҷод шудани маснавии «Туҳфаи дӯстон», андешаҳои иҷтимоӣ ва фалсафии худро дар «Бадоеъ ва саноеъ» баён кардани Шоҳин сухан меронад ва таъкид мкунад, ки: «Дар ҳақиқат, агар ба эҷодиёти Шамсиддин Шоҳин назар андозем, мебинем, ки пояи анъанаро устувор намуда, мактаби адабии шоирони пешинро хуб омӯхта, бо ҳунар ва фазилати маънавии худ дар эҷоди бадеӣ ба комёбиҳо ноил гардидааст».
Дар бахши «Анъанаи ғазалсароӣ дар ашъори  Шамсиддин Шоҳин» муаллиф ҷойгоҳи ғазалро дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ муайян карда, баъдан, ба баррасии мақоми ғазал дар ашъори ӯ мегузарад ва зина ба зина дар таълифоти эшон чи мақоме доштани ғазалро маънидод менамояд.
Мавзуи ишқ дар таърихи адабиёти ҷаҳон мавқеи сазовор дорад.  Шоҳин низ ин мавзуи суннатиро ба таври ба худ хос ба риштаи назм кашида, дар он эҳсосоту андешаи худро бо ҳунари баланди бадеӣ баён месозад: «Дар ғазалҳои шоир таносуби андеша риоя мешавад ва зикри ҳолати қаҳрамони лирикӣ пай дар пай баён мегардад. Ӯ ба қаҳрамони лирикии худ имкон медиҳад, ки вазъи аҳволашро бигӯяд, дарди ҳиҷронашро ошкор намояд ва ғамашро нисбати номеҳрубониҳои маъшуқа баён бидорад. Барои чунин баёни мутлақ шоир аз мафҳумҳои равону сода истифода мебарад ва тадбирҷӯи тақдири хеш мебошад».
Сипас, пажӯҳанда роҷеъ ба ҳунари ғазалсароӣ, корбурди санъатҳои бадеӣ, истифодаи таъбиру ибораҳо, ёдоварӣ аз устодони пешин, эҳтироми бузургон, танқиди замона ва дигар масълаҳои иҷтимоии мероси Шоҳин сухан ронда, ҳар кадомеро муфассал таҳлил менамояд. Барои баёни андешаву афкори ҳар адиб қолаби шеър, яъне вазн, матлаъ, мақтаъ, санъатҳои бадеӣ, қофия, радиф ва монанди ин низ аҳамияти махсусро дорост, ки муҳаққиқ дар охири ин бахш ва баъдан дар бахши дигар ба ин ҷиҳати сабки баёни шоир ишоратҳои сареҳ ва дақиқ намуда, гуфтаҳои худро бо намунаҳо таъйид мекунад. Аз ҳама ҷолиб он аст, ки муаллифи рисола баъзе аз муҳаққиқонро мазаммат карда, ба ёд меорад, ки «сахт танқид кардани шоирони охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ, ба назари мо, ба мақсад мувофиқ нест, чунки муҳити адабӣ ва иҷтимоӣ намегузошт, ки шоирон бештар бо ҳунарофаринӣ машғул бошанд ва шеъргӯиро касабаи хеш созанд» .
Абдуҷаббор Раҳмонзода чунин натиҷагирӣ кардааст, ки Шоҳин дар рушди ғазалсароӣ дар адабиёти тоҷику форс хидмати шоёне кардааст. Барои тасдиқи ин ишорати хеш дар бахши  «Хусусиятҳои шаклӣ ва бадеии ғазалиёти Шамсиддин Шоҳин» сухан меронад. Дар ин қисмат муаллифи рисола, чун санади муътамад боз ҳам ба гуфтаҳои Садри Зиё ишорат мекунад ва эҳтироми ин донишманди некбинро нисбат ба ҳунари шоирии Шоҳин ба таври муфассал меорад, то ки хонанда аз амали фарзонагони илму адаб, ки ба ҳунарманди воқеӣ чӣ гуна баҳо медоданд, огоҳ бишаванд. Муҳаққиқ дар мавридҳои зарурӣ роҷеъ ба маҳорати Шоҳин дар баробари суханони адибони дигар аз худи Шоҳин низ порчаҳои шеърӣ  оварда, маҳорати шоирро аз ҳар ҷиҳат ба пеши назар ҷилвагар месозад:
Мисли ман нозуктананда тору пуди шеърро,
Нест чун дар докабофӣ аҳли Истамбул барин.
Хуллас, академик А. Раҳмонзода агар дар китоби «Шамсиддин Шоҳин ва анъанаи ғазалсароӣ дар адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри ХIХ ва авали асри ХХ» таваҷҷуҳи хонандаро, асосан, ба ғазалиёти шоир ҷалб намуда бошад, пас дар мақолаи муфассали «Бозтоби масъалаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дар осори Шамсиддин Шоҳин» ба баррасии дигар навъҳои дигари шеъри шоир низ, чун қитъа, қасида, рубоӣ, мусаммат, мепардозад ва дар ин соҳа ҳам дасти расо доштани ин суханварро бо мисолҳо собит месозад. Муҳаққиқ дар қитъаи зерин бо кинояву танз ифода намудани андешаи шоирро қайд намуда, таъкид менамояд: «Қитъаҳои шоир намунаи олии жанри ғиноӣ дар адабиёти тоҷик мебошанд»:
Накуӣ кун бар он ки некӣ хост,
К-аз ту ин номи нек мемонад.
Мепазад ош дар сафол, вале
Рӯсиёҳӣ ба дег мемонад.
«Шамсиддин Шоҳин, ба назари мо, аз силки шуарои дараҷаи аввали таърихи адабиёт аст, зеро ӯ дар эҷоди адабӣ ба шуарои кашшоф: Низомӣ, Хусрав,Ҷомӣ (дар достонсароӣ) ва дар наср ба Аҳмади Дониш таваҷҷуҳи хос доштааст, ки падидаи мазкур аз маърифати суннатҳои устувори адабӣ ва равобити адиб бо макотиби адабии инфиродӣ башорат медиҳад». Ин андешаи А. Раҳмонзода, ки дар натиҷаи ковишҳои зиёди илмӣ оид ба як тан шоири маорифпарвари тоҷик ба даст омадааст, гувоҳи он аст, ки фаъолияти илмии муҳаққиқ чун фаъолияти иҷтимоии он кас дар ҳоли густариш қарор дорад.
 Р. РАҲМОНӢ, А. КӮЧАРЗОДА, профессорони ДМТ
Санаи нашр: 14.03.2024 №: 50
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив