ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВРӮЗИ МАН,  ХУШ ОМАДӢ!

НАВРӮЗИ МАН,  ХУШ ОМАДӢ!

15 март 2024, Ҷумъа
26
0


Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо муаллифи панҷ ташаббуси ҷаҳонӣ вобаста ба обу иқлим ҳастанд, балки Ҷашни миллии Наврӯзро низ ба ҷаҳон муаррифӣ карданд. Имрӯз аз хурд то бузург аз Наврӯз мегӯянд ва онро бо ҳамаи расму анъанаҳо таҷлил менамоянд. 

Субҳи 21-уми март дар хонадони мо чун анъана аз пухтани таомҳои миллӣ оғоз меёбад. Боҷ ва кочиро, ки аз гандум, гӯшт, шир ва равған тайёр мекунанд, рӯйи дастархони субҳонаи наврӯзӣ мегузоранд. Баъд аз субҳона, якҷо бо аҳли пайвандон ва хешу ҳамсоягон маросими хонабарорӣ шуруъ мешавад, ки ин ҷо хурду калон ба тозаю озода кардани манзили зист мепайванданд. Давоми чанд рӯз ин гуна анъанаҳои миллӣ бо хурсандӣ аз фарорасии як рӯзи нав анҷом дода мешаванд. Ҳарчанд дар пойтахти кишвар зиндагӣ мекунем, дар Наврӯз дар иҳотаи аҳли пайвандон он ҳамаи расму оинҳои қадимаи халқамонро бо хушнудӣ иҷро менамоем. Албатта, риояи анъанаи «аловпарак» дар шароити шаҳрдорӣ камтар даст медиҳад, вале дар  рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар майдони Ғалабаи пойтахт гулхан афрохтан ва дар гирди он тантанаи наврӯзӣ кардан, расму оинҳои ба фаромӯшӣ рафтаро аз нав эҳё мегардонад. Эҳёи анъанаҳо, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, таваҷҷуҳи ҷаҳонро ба фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик зиёд намуд, шумораи сайёҳон ба кишвари мо сол ба сол меафзояд.  Посу гиромӣ доштани арзишҳои миллӣ ва русуму анъанаҳо дар ҳар давру замон аҳамияти аввалиндараҷа доштанд ва доранд. Ин аст, ки то ба замони мо қариб ҳамаи анъанаҳои қадима омада расидаанд. Аз ташаббус ва ҳидоятҳои  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва нигоҳ доштани расму оинҳои аҷдодӣ мақоми баланд гирифт. Наврӯз ҷаҳонӣ шуд. Наврӯз акнун бо маросими анъанаҳои хеш пайвандгари тамаддунҳо ва халқу кишварҳост, зеро ормону арзишҳои волои он ба тамоми инсоният тааллуқ доранд. Наврӯз меросу ёдгории муқаддастарини гузаштагони мо аст ва ҷашни падиди навшавӣ, муждаи сапедадам, навиди рӯшноӣ, давоми ҳастӣ, дӯстию рафоқат, покию зебоӣ, баҳору эҳёст, чуноне аз номаш бармеояд, бузург аст. Ҳамон тавре ки Пешвои муаззами миллат гуфтанд: «Наврӯз бо ҳама ҳусни табииву заминиаш намунаи як фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмию ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст». 
Пас, ҳоло ки мо дар арафаи таҷлили ин Ҷашни бошукӯҳи миллӣ қарор дорем, онро бо хушнудӣ ва фараҳмандӣ пазироӣ менамоем. Наврӯзи ман, хуш омадӣ!

Гулшан МАНЗАРШОЕВА, 
омӯзгори Литсейи МД «Донишгоҳи 
байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»

Санаи нашр: 15.03.2024 №: 51
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив