ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон 

Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон 

18 март 2024, Душанбе
23
0


Дар асоси мувофиқаи бадастомада, аз 12-ум то 17-уми  март   дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва корӣ аз рӯи масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. 
Кумитаи давлатии амнияти миллӣ иттилоъ додааст, ки гурӯҳҳои кории топографӣ 10,76 км гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мувофиқа намуданд.


Ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи зиддитеррористии Шурои амнияти СММ 
Дар шаҳри Ню-Йорк  мулоқоти намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ  Ҷонибек Ҳикмат бо ёвари Дабири кулли СММ, мудири иҷроияи мудирияти Кумитаи зиддитеррористии Шурои амният (CTED) Наталя Герман баргузор шуд. 
Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ иттилоъ додааст, ки дар рафти суҳбат ҷонибҳо дар хусуси мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар минтақа, инчунин, дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи зиддитеррористии Шуро  дар ин самт табодули афкор намуданд.

Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор тақвият меёбад
17-уми март дар шаҳри Венаи Австрия директори Агентии назорати маводи нашъаовар Зафар Самад бо роҳбарони ҳайатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Исломии Эрон вохӯрд. 
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар мулоқот бо намояндагони Чин ва Эрон масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

«Пиряхҳо сарчашмаи оби тоза» 
Таҳти ҳамин унвон 16-уми март дар доираи Форуми минтақавӣ оид ба рушди устувор дар шакли маҷозӣ чорабинии илмӣ баргузор гашт. 
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси  Намояндагии доимии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар ҷонибҳои ҳавасманд доир  шуд.

Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии байналмилалии Қазоқистон 
16-уми март дар доираи иҷлосияи 67-уми Комиссияи СММ оид ба маводи нашъаовар ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии байналмилалии Қазоқистон иштирок намуд. 
Аз Агентии назорати маводи нашъаовар ба мо хабар доданд, ки дар чорабинӣ ба иштирокчиён рӯнамо оид ба фаъолияти Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии иттилоотии Осиёи Марказӣ  пешниҳод шуд. Дар рафти чорабинӣ роҳбарони як қатор ҳайатҳо фикру мулоҳизаҳои худро иброз намуда, мубодилаи афкор анҷом доданд.


Масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон  ва Ҷопон дар соҳаи сайёҳӣ 
Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод бо роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон Имаи Сейдзю мулоқот дошт.  
Аз Кумитаи мазкур ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон оид ба соҳаи сайёҳӣ тавассути Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон, аз ҷумла ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои  он  дар мамлакат, мавриди баррасӣ қарор гирифт.


Мулоқоти Бунафша Файзиддинзода  бо занони тоҷики муқими Ню-Йорк 
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода дар ҳошияи ҷаласаи Комиссия оид ба мақоми зан дар ҷомеа бо занони тоҷики муқими Ню-Йорк вохӯрд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, зимни мулоқот Б. Файзиддинзода ғамхорӣ ва дастгирии ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакатро ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа ёдовар шуд.

Санаи нашр: 18.03.2024 №: 52
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив