ИДЕАЛ

18 март 2024, Душанбе
17
0


ДАР ҲОШИЯИ МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НАМОЯНДАГОНИ АҲЛИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР
«Ман медонам, ки мо ҳанӯз садҳо мушкиливу камбудӣ дорем. Мо акнун давлат бунёд карда истодаем! Аммо бо итминон иброз медорам, ки мо қудрати бартараф кардани ҳама гуна камбудиву мушкилоти мавҷударо дорем. Мо сангинтарин мушкилоти солҳои ҷанги шаҳрвандиро якҷоя бартараф сохта, ба ин рӯзҳои нек расидем, дар ҳоле, ки баъзеҳо мегуфтанд, ки мо аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест мешавем, аммо нашудем, яъне тирашон хок хӯрд. Баръакси хостаҳо ва нақшаҳои душманони миллат дигарбора эҳё шудем, давлатамонро аз нестшавӣ ва миллатамонро аз хатари пароканда шудан наҷот додем ва соҳибӣ кардем». 
Ин суханонест, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд.
Воқеан, мардуми тоҷик аввали солҳои 90-уми асри ХХ рӯзҳои сахту сангинеро пушти сар кардааст. Гарчанде дар солҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кӯдак будам, он рӯзҳои даҳшатбор ҳаргиз аз хотирам зудуда нахоҳанд шуд. Он лаҳзаҳо дар муқоиса ба солҳои охир филмеро мемонад даҳшатбор. Ҷои хандаю бозиро садои гӯшхароши тиру туфанг гирифта буду осмони софро дуди ғализи хонаҳо ва нақлиёти ба коми оташ рафта пӯшонда буд. 
Дар тамоми гӯшаву канори кишварамон нооромӣ ҳукмронӣ мекард. Аз ин рӯзҳои пурдаҳшат водии Рашт, низ барканор намонд. Қисми зиёди муассисаҳои таълимӣ баста, аксари корхонаҳо бо сабабҳои маълум фаъолияташонро қатъ карданд. Табибон зери итоати силоҳбадастон буданду катҳои беморхонаҳо макони истироҳати онҳо гашта буду ҳоли мардум зор.  Умедашон аз зиндагӣ канда шуда, шабу рӯз, ба қавле, дилашон дар ларза, ки асири кадом хирасаре мегарданд. Он рӯзҳо Тоҷикистон лаҳза ба лаҳза пора-пора мешуд. Ғайр аз орзу кардан дар бораи оромиву амонии Ватан аз дасти касе коре намеомад. Ва, хушбахтона, ба бахти миллати азиятдидаи тоҷик марди Худо – Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзро гирифт ва мардуми ҷафокашидаро ба ваҳдату якдилӣ расонд.
Бе муҳобот Эмомалӣ Раҳмон он рӯзҳо  пас аз Худои мутаол ягона умедбахши зиндагӣ гардида буд. Мардум ҳар суханашро бесаброна интизорӣ мекашиданд, зеро ҳар ҳарфаш аз зиндагии орому осуда пайк медод. Дарвоқеъ, роҳбаре, ки пайваста аз осудагӣ ҳарф мезанаду хушҳолии ҳар як фарди давлаташро мехоҳад, гумон мекунам Худованд танҳо ба бахти миллати мо ато намудааст. Худ шоҳидем, ки мунтазам дар бораи ояндаи мо ва ояндаи фарзандонамон ғамхориашонро дареғ намедоранд. Аз рӯзи ба сари қудрат омаданашон, пайваста аз сулҳу субот ҳарф мезананду дар қалбҳо ба ояндаи боз ҳам беҳтар тухми умедро мекоранд. Имрӯз Тоҷикистонро гулистон кардаанду тоҷиконро дар минбарҳои баланди байналмилалӣ ҳамчун миллати сулҳдӯсту сулҳпарвар, дорои фарҳанги ғанӣ ва тамаддунофар муаррифӣ менамоянд. Мо хушбахтем, ки чунин Сарвари давлат дорем. 
Бо суханон ва кору пайкори худ пайваста собит месозанд, ки ғамхори миллат ва Ватани маҳбуби хешанд. Сидқан бовар дорам, ки таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони бароямон азиз беш аз пеш рушду нумӯ намуда, дар оянда дар қатори мамлакатҳои аз ҳар лиҳоз пешрафта қарор мегирад. Эмомалӣ Раҳмон идеаланд барои ҳазорон ҷавонмардони бонангу номуси миллат.  
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 18.03.2024 №: 52
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив