ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИНТЕРНЕТ.  АЗ СУД ВА ЗИЁНИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

ИНТЕРНЕТ.  АЗ СУД ВА ЗИЁНИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

18 март 2024, Душанбе
27
0

 
Ҳангоми тамошои шабакаҳои иҷтимоии  инстаграм ё  фейсбук бо наворҳое вомехӯрем, ки қоидавайронкунию дағалгуфтории ронандагону мусофирон, муносибати ғайритарбиявии калонсолонро нисбат ба наврасон фош месозанд. Аксар вақт идораҳои дахлдор, аз ҷумла ВКД, аз рӯйи чунин наворҳо шахсони қонуншиканро боздошт карда, ба ҷавобгарӣ мекашанд. Чунин амал моро муътақид месозад, ки навор гирифтан ва паҳн намудани онҳо кори хуб буда, аз паси худ ҷавобгарие надорад. Аммо ҳолатҳое низ ба назар мерасанд, ки қобили қабул нест. Масалан, ба навор гирифтану нишон додани лаҳзаҳои маҳрамонаи одамон ё ҳолати бемории маризе. Дарк намесозанд, ки расонаӣ намудани ин гуна ҳолатҳо ба шахс таъсири манфӣ мебахшад. 

 

ПАСТ ЗАДАНИ ШАЪНИ ИНСОН ДУ КАРАТ ДУ ШУДААСТ 
Инро метавон бо он тасдиқ кард, ки баъди пахши ин гуна наворҳо мо шоҳиди он мегардем, ки чӣ гуна “қаҳрамонони навор” аз “муаллиф” дар саҳифаҳои худ шикоят мекунанд, вале ҳайҳот, муаллифро касе намеёбад, зеро сад дарсади ин  наворҳо муаллиф надоранд. Масалан, оид ба моҷарои хушдоману келин дар инстаграм наворе расонаӣ гашт, баъдтар маълум гардид, ки воқеа аз телефони хушдоман бо роҳи дуздӣ  гирифта шудаасту ҳодисаи нав нест, яъне коҳи куҳнаро бод додаанд. Ё видеое, ки мард кӯдаки хурдсолро аз даст меафтонад, аз ҷониби мардум бад пазируфта шуд, таҳқиру танқид мисли борон рехт. Баъд додари домод дар саҳифаи "Парвиз ТВ" изҳор намуд, ки бародараш  носолим асту аз уҳдаи доштани кӯдак намебарояд. Вай хоҳиш кардааст, ки нисбат ба оилаи онҳо ин қадар гапҳои носазо нагӯянд.

АМНИЯТИ ИТТИЛООТИИ ШАХСӢ ЗЕРИ СУОЛ АСТ
Ба мисли ин даҳҳо мисол овардан мумкин аст. Албатта, баъзе наворҳо баҳри худдорӣ аз корҳои ношоям расонаӣ мешаванд, то дарси ибрат шаванд. Аммо, ба хотири тарбия шаъну шарафи каси дигар, сарҳади шахсии ҳаёти ӯ, ҳуқуқи дахлнопазирии  ӯ поймол  мегардад. 
Дар моддаи 5 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷи-кистон омадааст: “Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд”. Дар моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттилоот”  омадааст:
"Ҷамъоварӣ, ҳифз, истифода ва паҳн намудани иттилоот оид ба ҳаёти шахсӣ, ҳамчунин, иттилооте, ки сирри шахсӣ ва оилавӣ, махфияти гуфтушуниди телефонӣ, муросилоти почта, телеграф ва дигар маълумоти оид ба шахсиятро бидуни розигии ӯ ошкор месозад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст. Ҳар як шахc ҳуқуқ дорад бо иттилооти доир ба ӯ ҷамъовардашуда шинос шавад."
Иттилоот оид ба шахсият ба гурӯҳи иттилооти пинҳонӣ марбут буда, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад. Аз ин бармеояд, ки навор гирифтан мумкин, аммо ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад бе розигии шахс иттилооти ба ӯ вобастаро расонаӣ кунад.

АММО, САМАРАИ КОРИ ШАБАКАҲО НАЗАРРАС АСТ
Барои таҳлили ҷиддии мавзуъ рӯ овардем ба шабакаҳои иҷтимоӣ. “Парвиз ТВ” байни мардум аз рӯи нишон додани наворҳои дағалгуфторӣ, вайронкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ, қонуншиканиҳо ва садамаҳои нақлиётӣ маъруф аст. Маъмури саҳифа маълум нест. Бо ин мазмун саҳифаҳои зиёд дар инстаграм кушода шудаанд, аммо дар байни онҳо машҳуртаринаш “Парвиз ТВ” бо зиёда аз 600 ҳазор обуначӣ мебошад. Дар унвони он чунин навишта шудааст: "Хоҳӣ ки озод бошӣ, ғуломи қонун бош! Мо ба ҳаёти касе кор надорем, агар он дар доираи қонун бошад!". Аз рӯи навишта маълум мегардад, ки "Парвиз ТВ" фаъолияти худро қонунан дуруст мепиндорад, аммо то куҷо?
Таҳлили наворҳои гузоштаи ин саҳифа нишон медиҳанд, ки дар пахши мавод ҳуқуқи муаллиф поймол шуда, ҳама матлаб аз номи худи саҳифа меравад ва манбаи навор нишон дода намешавад ва дар ин асос ҳуқуқи истифодабарандагони иттилоот низ поймол мегардад, чун манбаи боэътимод ошкор нест, ин аслӣ будани видеоро зери суол мегузорад. Ҳарчанд корбарони саҳифа рафтори номуносиби ашхосро таҳлил карда, мардумро барои худдорӣ аз кирдорҳои номатлуб роҳнамоӣ мекунанд, бояд муаллифи асл ошкор бошад.  Тарзи фаъолияти саҳифа ба назорати ҷамъиятии иҷрои қонунҳо монандӣ дорад. 

ПАС, НАЗОРАТИ ҶАМЪИЯТӢ ЧИСТ?
Ин механизми амалишавии принсипи қонунияти ҳуқуқи маъмурӣ мебошад. Дар асоси ҳуқуқи маъмурӣ ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бурдани назорати ҷамъиятиро дорад. Яъне, қоидавайронкунӣ, дағалгӯйӣ, пархош, моҷаро амалҳоеанд, ки тамоми ҷамъият ғайриқонунӣ будани онҳоро медонанд ва ҳар яки мо ҳуқуқ дорем, барои вайрон нагардидани тартиботи ҷамъиятӣ аз паси дигарон назорат барем. Дар ин кор  “Парвиз ТВ” ва муаллифони махфии он  низ истисно буда наметавонанд.
Дар як саҳифаи "Парвиз ТВ" бештар садамаҳои нақлиётӣ акс ёфтаанд. Аз тамошои он хулоса баровардан мумкин аст, ки суръати баланд сабаби садама ва ин ба ҷавонон дарси ибрат мегардад. Ба воситаи наворҳои барнома чандин ашхоси вайронкунандаи тартиботи ҷамъиятӣ низ боздошт шудаанд. 
Табиист, ки баъд аз паҳн шудани навор содиркунандаи амали бад ба ҳама маълум мешавад, дар байни ҷомеа худ, падару модар ва хешу табораш шарманда мешаванд. Аммо меарзад, ки барои як бор дағалгуфтории ронандаи таксие ва ё мусофире ба ӯ тамғаи “бадрафтор” занем!? Ва ё як ханда ё рақси духтаре, сайругашти духтару писар набояд онҳоро “бадахлоқ” хонду аз дигарон ҷудо кард! Ҷомеа ба тарбия ниёз дорад, аммо он бояд дуруст бошад, созанда бошад, на сӯзанда.

ТАҚЛИДИ НОДУРУСТРО ПЕШГИРӢ
БОЯД КАРД
Дар интернет одати баде пайдо гаштааст. Аз  ҷумла, касе хоҳад рақси шахсе ё сайругашти ҷавонон (духтару писаре)-ро дар боғе, соҳили дарёе ба навор гирифта, сипас, расонаӣ мекунад, ки нохуб аст. “Парвиз ТВ” ин гуна наворҳоро гирифтан нахоҳад, шилқинҳо дар бештари маврид мекӯшанд бо суханони "Парвиз ТВ бқап" сабташонро дар саҳифа ҷой созанд. Касе аз ҷавобгарӣ доштани ин амал парвое надорад. Мақсад аз омода кардани матлаб низ огоҳ намудани ҷавонон барои даст назадан ба чунин амал аст, ки тибқи қонунгузории ҷиноятӣ ҷавобгарӣ дорад. Умед дорем, ки  ба хотири лайку обуна шуда, истифодабарандагони инстаграм обрӯи як духтари тоҷик ё як ҳамватани худро андешида, наворе ба тамошо намегузоранд, ки пасткунандаи шаъну шарафу эътибори як инсон бошад. 

Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.03.2024 №: 52
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив