ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АҶИНАТЕППА. НАГУЗОРЕМ, КИ ЁДГОРИИ НОДИРИ  ТАЪРИХӢ АЗ БАЙН РАВАД!

АҶИНАТЕППА. НАГУЗОРЕМ, КИ ЁДГОРИИ НОДИРИ  ТАЪРИХӢ АЗ БАЙН РАВАД!

20 март 2024, Чоршанбе
14
0

 
Аҷинатеппа – ягона ёдгории буддоӣ дар Осиёи Миёна, ки дар ноҳияи Вахш ҷойгир ва ба феҳристи Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шудааст, дар қиёс ба солҳои пеш ҳолати  ҳузнангез дорад. Ҳарчанд масоҳати муайяни атрофи он маҳкам бошад ҳам, аммо то ҳол дар ҳудуди он чарогоҳи чорво ба чашм мерасад. Инчунин, метавон дар қабати поёнии девори аз хиштҳои гилӣ сохташуда ва теппаҳои фурӯрафта шӯршавии хокро  мушоҳида кард. Ташвишовараш ин ки, сол ба сол, бар асари шӯршавии мазраъҳои гирду атроф ва боду боронҳо, ёдгории Аҷинатеппа тадриҷан ба нобудӣ меравад.
Ростӣ, гумон надоштам, ки ба ёдгории нодире чун Аҷинатеппа чунин муносибат мекунанд, зеро, бешак, он метавонад барои ҷаҳонгардон макони  дӯстдоштаи сайёҳӣ гардад!
 
БА АҶИНАТЕППА ТАВАҶҶУҲ МЕБОЯД!
Бо вуҷуди чунин шарту шароите, ки дар боло гуфта шуд, ҳоло ҳам Аҷинатеппа тамошобинони худро дорад. Зеро баъди вайрон намудани Буддои 16-метра дар Афғонистон, Буддои дар ҳолати нирвана пайдошудаи ин макон бо бузургии худ дар фарҳанги ҷаҳон мавқеи намоёнро касб намуд.
Боймурод Саймуродов, масъули ёдгориҳои таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон, зикр кард, ки моҳи июни соли 2023 президенти Бонки рушди Осиё Масатсугу Асакава ба тамошои мавзеи таърихии Аҷинатеппа омада, дар рафти он,  ҷиҳати таъмир ва ба базаи сайёҳӣ табдил додани ин макон мароқ зоҳир намуд. Мо умед дорем, ки бо ҷалби чунин ашхоси баландпоя ва эҳсонкорон Аҷинатеппаро аз нобудшавӣ ҳифз намоем. Ба ҷуз ин, барои нигаҳдории ин макони нодири таърихӣ ба ниҳодҳои дахлдор мактуб низ ирсол кардем. Зеро бе дастгирии сохторҳои марбута Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш иқтидори чунин корҳоро надорад. 
 
ДАЙРИ БУДДОӢ ДАР АҶИНАТЕППА
Бино ба гуфтаи бостоншиносон, Аҷинатеппа, тахмин дар асри VIII, ҳангоми истилои арабҳо тадриҷан хароб гардидааст. Он боқимондаи ёдгории меъмории дини буддоӣ буда, дар нимаи дуюми асри VII ва ибтидои асри VIII фаъолият доштааст. Номи ин ёдгорӣ, аслан, Аҷинатеппа нест. Ин унвон солҳои 40-уми асри ХХ пайдо шудааст. Вақте ки дар натиҷаи боронҳо як ҷойи теппа фурӯ рафта, сӯрохие ба вуҷуд меояд, нафаре аз маҳаллиён вориди он шуда, бути якпаҳлу хобидаро мебинад ва тарсон берун омада, дидаашро ба мардум нақл мекунад. Минбаъд сокинони маҳаллӣ онро макони ҷинҳо (махлуқи бадшакли афсонавӣ) пиндошта, Аҷинатеппа ном мегузоранд. 
 
БОЗЁФТҲОИ НОДИРИ АҶИНАТЕППА
Бозёфти муҷассамаи якпаҳлу-хобида ва тандисҳои хурди буддоҳои дар ҳолати нишастаи ин дайр аз ёдгориҳои беназири кеши буддоӣ маҳсуб ёфта, таваҷҷуҳи оламиёнро ҷалб менамоянд. Албатта, бозёфти аз ҳама муҳим муҷассамаи 12,92-метраи Буддои хобида аст. Онро устоҳои маҳаллӣ бо роҳбарии меъморони чинӣ барқарор карданд. Кори барқарорсозии муҷассама, ки беш аз 1200 сол зери хок нуҳуфта буд, то соли 1978 идома ёфт. Чун вай яке аз бузургтарин муҷассамаҳо дар Осиёи Марказӣ буд, диққати марказҳои бостоншиносии ҷаҳонро ҷалб кард. Маҳз бузургии он ва аз гил омода шудани он имкон надод, ки дар солҳои шуравӣ онро аз Тоҷикистон берун баранд. Имрӯз муҷассамаи бузурги Буддои хобида зеби Осорхонаи бостоншиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гашта, нусхаи онро дар Осорхонаи миллӣ  гузоштаанд.
Муҷассама имрӯз на чун муқаддасоти динӣ, балки намунаи хеле зебои санъати амалии мардуми ин кишвар ва як унсури фарҳангии таърихи ниёгон мебошад. Ва маҳз, аз ин рӯ, ҳар сол барои дидани он сайёҳони зиёди хориҷӣ ба ҷумҳурӣ меоянд.
Зимнан, нусхаи шабеҳи ин муҷассамаи бузург дар яке аз осорхонаҳои Аичии Япония низ ба намоиш гузошта шудааст.
Хуб мебуд, ки масъулон барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ дар хатсайри ёдгории бостонии Аҷинатеппа, қабл аз ҳама, ҳифзу нигаҳдории он, камари ҳиммат банданд. Чун он метавонад манбаи хуби даромад ва бештар аз ҳама муаррифии фарҳангу миллати тоҷик дар олам гардад.
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 19.03.2024 №: 53
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив