ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Атри  чамани  Наврӯз

Атри  чамани  Наврӯз

20 март 2024, Чоршанбе
6
0
Наврӯзи Ватан фараҳфизои Ватан аст,
Пайғоми саодату бақои Ватан аст.
Бо тантанааш тамоми олам бигирифт,
Ин шамси ливои пурҷилои Ватан аст.
 
Наврӯз, биё, омаданат хуш бошад,
Гармии замини баданат  хуш бошад.
Ту сайри ҷаҳон ба номи тоҷик кардӣ,
Ҳам рафтану ҳам омаданат хуш бошад.
 
Аз сӯйи фалак ба мо хабар омадааст,
Наврӯзи баҳори гулбасар омадааст.
Оғӯши дилу дида кушоем ҳама,
Бар кишвари хеш аз сафар омадааст.
 
Аз сӯйи ту бӯйи мушку анбар омад,
Бӯйи гули насрину санавбар омад.
Дидам, ки ба тан пираҳани наврӯзӣ,
Як сарви равону лолаи тар омад.
 
Наврӯз, туро сайри ҷаҳон ёр шуда,
Нақши қадамат сабзаю гулзор шуда.
Фахри ту зи номи Тоҷикистон бошад,
Ин шуҳрату шон туро сазовор шуда.
 
Дар хонаи мо баҳор меҳмон шудааст,
Аз бӯйи хушаш хона гулафшон шудааст.
Дар ҳар раги ғунча зиндагӣ меҷӯшад,
Хурсандии порина дучандон шудааст.
 
Сад ранг занад субҳи баҳори Ватанам,
Гулзор шуда кунҷу канори Ватанам.
Аз ҳар тарафаш тантана дар авҷи фалак,
Наврӯз бувад шеъру шиори Ватанам.
 
Ҷӯрабек МУЪМИН
Санаи нашр: 20.03.2024 №: 54-55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив