ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАҶҶИ УМРА. НОГУФТАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

ҲАҶҶИ УМРА. НОГУФТАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

20 март 2024, Чоршанбе
32
0
 
Ба назар чунин мерасад, ки имрӯзҳо байни мардум гӯиё барои адои ҳаҷ, бахусус умра, рақобати шадиде ба миён омадааст. Инаш ҳам ба хайр, пас аз бозгашт бошад, худнамоиву тақлидкорӣ, исрофкориву маъракаороӣ ва амсоли онҳо, ки хилофи дини мубини исломанд, ба авҷи аъло расида.
Бо назардошти ин, Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар бо нигаронӣ чунин иброз намуданд: «Хотирнишон месозам, ки мо зидди рафтани мардумамон барои адои ҳаҷ нестем, аммо таъкид месозам, ки ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намояд. Зеро мо бояд аввал шароити зиндагии худ ва фарзандонамонро беҳтар намоем, аҳволи ҳамсояи чапу ростро пурсем, хешу табори ниёзмандамонро дастгирӣ намоем ва баъд нияти зиёрати хонаи Худо кунем».  
Воқеан, ҳам касе муқобили зиёрати ҳаҷ кардани нафари дигар нест, аммо борҳо шоҳид гардидаем, ки бархе ашхос, бо вуҷуди надоштани шароити хуби зиндагӣ, қарз гирифта, ба зиёрати хонаи Худо мераванд. Магар чунин рафтор назди Худои муттаол воҷиб аст? Дар ҳоле ки паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд: «Касе, ки барои шуҳратталабӣ амалеро анҷом диҳад ва касе, ки аз рӯи риё (худнамоӣ) амале анҷом диҳад, то мардум бузургаш донанд, Худованд бо сабаби изҳор намудани риёкорияш, яъне худнамоияш дар назди мардум дар рӯзи қиёмат шармсор месозад».
– Дар Қуръони карим ҳаҷ барои касоне фарз шудааст, ки қудрату тавоноӣ доранд. Дилхоҳ кас метавонад дар дохили ҳаҷҷи фарзӣ умраро низ анҷом диҳад. Умра танҳо суннат аст. Мутаассифона, имрӯз баъзеҳо ҳаҷҷи умраро ба рақобат табдил додаанд, ки, бешак, худнамоист. Аҷибаш он аст, ки бештари одамон на як бору ду бор, такрор ба такрор умра мераванд. Як воқеаро гуфтан мехоҳам, ки ин ҳолат ҳар рӯз рух дода истодааст. Рӯзе марде барои тавсияи умра ба назди мо омада, гуфт, ки мехоҳад падару модарашаро ба ҳаҷ равон кунад. Маслиҳаташ додам, ки умра ба мисли як саёҳат аст, бигзор бо он маблағ як нафари дигари хонавода ҳаҷҷи фарзӣ кунад. Мард дар ҷавоб гуфт: “Охир, ман ҳам мехостам чунин бошад, вале волидайнам маҷбур карда истодаанд, ки илоҷе карда, онҳоро умра равон кунем». Магар бо маҷбурӣ метавонем қарзи бандагиро ба ҷо биёрем? Чаро боре намеандешем, ки дар Қуръони карим исрофкорӣ ҳаром хонда шудааст, – иброз намуд Умедҷон Шокиров, корманди Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ» дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Воқеан, мо бояд як нуктаи муҳимро донем: дар ҳоле ки хизмати волидайнро ба ҷо наовардаему одитарин хостаҳои Худоро амалӣ накардаем ва аз вазъи наздикону ҳамсоягон огоҳ нестем, зиёрати мо ба талаботи ислом ҷавобгӯ нахоҳад буд.
– Ривоят аст, ки Алӣ ибни Муваффақ Андалусӣ мехост маносики ҳаҷро анҷом диҳад. Шабе аз хонаи ҳамсоя ба машоми ҳамсараш, ки ҳомила буд, бӯйи хӯрок расид. Аз шавҳар хост, то аз ҳамсоя каме таом пурсад. Алӣ хоҳиши завҷаашро ба ҷо овард, вале ҳамсоязан бо баҳонае ба ӯ ҷавоби рад дод. Вақте мард аз ҳомила будани занаш ҳарф зад, ҳамсояаш бо таассуф гуфт, ки хӯрок аз гӯшти ҳайвони мурда аст. Се рӯз боз дар хона чизе аз хурданӣ надоштем, кӯдаконам аз гуруснагӣ бехуд шуданд, маҷбур ба кӯча баромадаму ҳайвони мурдаеро дида, ба хона овардам. Алӣ ибни Муваффақ пас аз шунидани ин ҳама ба хона баргашту воқеаро ба ҳамсараш қисса намуд. Субҳ пули ҷамъкардаашро ба ҳамсоя дод. Дар ҳамин ҳол, ҳангоми адои ҳаҷ  дар хоби яке аз зоирон, ки Алӣ бояд бо онҳо мерафт, чунин нидо омад: имсол танҳо зиёрати Алӣ ибни Муваффақ қабул гардид. 
Ин ривоят, бозгӯи он аст, ки амали хайр баробари зиёрати хонаи Худост. Дар ин бора Сарвари давлат низ чунин иброз намуданд: «Ашхосе, ки хайру садақоти ҷория мекунанд, амсоли роҳу мактабсозӣ, пул бунёд кардан, яъне амале, ки самараи он ба ҷамъият мерасад, ба садақаи ҷория дохил мешавад». 
– Мардуми шарифи кишвар бояд донанд, ки ҳамаи намуди маъракаҳо, аз қабили ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ, ҳоҷизиёрат, ғайр аз худнамоиву зиён овардан ба иқтисоди оила чизи дигаре нест ва дар ягон ояи каломи шариф низ дарҷ нагардидааст. Дониста бошем, ки ҳар сухани Сарвари давлат дар иртибот ба ин мавзуъ пур аз андарзу ҳикматанд ва мо бояд онро риоя намоем, – хулоса кард Умедҷон Шокиров.
Дарвоқеъ, ҳамаи дастурҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба анҷом додани хайру эҳсонкорӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маъракаву маросимҳо аз беҳтарин аҳкоми тарбиявии Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ гирифта шуда, мақсуд аз он, ҳидояти мардум ба роҳи пурсаодати зиндагист.
 
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.03.2024 №: 54-55
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив