ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “КОРВОНИ ШОДӢ”. ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ НАВРӮЗӢ

“КОРВОНИ ШОДӢ”. ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҲАМОИШИ НАВРӮЗӢ

27 март 2024, Чоршанбе
8
0
25-уми март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Маҷмааи майдони “Истиқлоли”-и шаҳри Душанбе дар тантанаҳои ҳамоиши наврӯзии  “Корвони шодӣ” иштирок карданд. 
 
Макони баргузории “Корвони шодӣ” бо шиорҳо дар васфи Наврӯз ва рамзи хоси Наврӯзи байналмилалӣ оро ёфта буд. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҷамъомадагони сершумори барномаи фарҳангии бошукӯҳи наврӯзӣ суханронӣ карда, иштирокдорони чорабинӣ, кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуданд.     
Пас аз суханронии табрикии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи идона оғоз гардид.  
Мақсади асосии таҷлили бошукӯҳу ҳадафманди Наврӯз дар соли равон бо ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” гиромидошти шоистаи муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни бостонӣ ва муосири миллати тоҷик мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар майдони “Истиқлол”, пеш аз оғози бахшҳои идона, иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз қироат карда шуд.
“Корвони шодӣ”, дар маҷмуъ, аз 20 қисм – оғозу анҷом ва 18 бахши мухталифи фарҳангию фароғатӣ, аз ҷумла “Парандаҳои муждарасон”, “Омадани баҳор”, “Гулбоғи Ватан”, “Дунёи кишоварз”, “Дастархони наврӯзӣ”, “Бозиҳои наврӯзӣ”, ”Дунёи ҷавонӣ”, “Тиргон”, “Меҳргон”, “Сада”, “Оташ”, “Суманак”, “Базми идона”, “Шаш ранги Ватан” ва ғайра иборат буд, ки ҳар яке дорои маънои хос ва таҷассумкунандаи рамзҳои Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мебошад.
Дар “Корвони шодӣ”, дар маҷмуъ, зиёда аз 11 ҳазор нафар иштирок карда, тавонистанд бо ташкили бахшҳои гуногун ҳамаи анъанаҳои Ҷашни бостонии миллати куҳантамаддуни тоҷикро намоиш диҳанд.
Бахши оғози ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” аз ниёиши ниёгон маншаъ гирифта, дар фазо Хуршед пайдо мешавад ва паёми худро, ки ифодакунандаи Ҷашни Наврӯз мебошад, ба 12 бурҷи осмонӣ, чаҳор унсури ҳаёт ва чаҳор фасли сол мерасонад. Таҳти нурпошии Хуршед антураж ва ҳунармандони касбӣ торҳои нур замину олами афсонавиро эҳё намуда, онро мунаввар месозанд ва дар ин замина қаҳрамони Наврӯз пайдо шуда, мардумро ба суруру рақс даъват менамояд.
Бахши дигари ин барномаи бошукӯҳро “Парандаҳои муждарасон” ташкил дод, ки аз таърихи бостонӣ доштани Наврӯз шаҳодат медиҳад.
Дар ин қисми “Корвони шодӣ” расму суннатҳои хоси баҳорона, хусусан дар осмон пайдо шудани селаи парандагон – турнаҳо, парастуҳо, шоҳпаракҳо, ки аз омадани баҳор мужда мерасонанд, хеле ҷолибу диданӣ ва дилкашу дилрабо таҷассум гардиданд.
“Омадани баҳор” бахши дигари барномаи наврӯзӣ буда, дар он 12 нафар карнайнавоз Маликаи Баҳорро ба рӯи тахт даъват мекунанд.
Тахти равони Баҳор ба дарозии 20 метру паҳноии 6 ва баландии 5 метр рамзи баҳори Тоҷикистон ва замини эҳёгаштаи гулафшонро ифода карда, дар болои он 18 нафар гулдухтарон дар сурати гулҳои лола ҳунарнамоӣ мекунанд.
Саҳна лаҳза ба лаҳза таҷдид гардида, дар он маросимҳои идона бо қаҳрамонони нав ба нав бо нақшҳои ҷолибу ҷаззоб вориди ҷашнгоҳ мешаванд.
Бахши “Дунёи кишоварз” ҳам инъикосгари суннатҳои неки наврӯзӣ буда, дар майдон Баҳор ва Наврӯз марди деҳқонро бо ҷуфти гову юғу испори бутафорӣ истиқбол мегиранд. Баҳор халтачаи гандумро ба кишоварз тақдим мекунад ва марди деҳқон ба оғози кишт ибтидо мегузорад. Дар фазои оғози кишт деҳқон ба рақс медарояд ва тавассути таҷҳизоти электронии тасвир майдон бо дастархонҳои идона табдил меёбад.
Дар бахши “Дастархони наврӯзӣ” ду хони наврӯзии бо ранги сафеду гулдӯзиҳои ранги зард, кабуд ва сабзи дорои нақшҳои миллии ба андозаи 6 бар 12 метр ороста, анвои ғизову меваҳои ҳафтсин, ҳафтшин ва ҳафтмимро пешкаши бинандагон менамояд.
Албатта, Ҷашни Наврӯзро бе бозиву ҳунарҳои мардумӣ тасаввур кардан аз имкон берун аст. Дар ин робита, бахшҳои навбатии ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” таҳти навои карнаю сурнай ва дафу чанг бо ҳунарнамоии қаҳрамонони афсонавӣ, лӯхтакҳо, масхарабозону дорбозҳо, аспакҳо ва ашагулон, ҳамзамон бозиҳои варзишӣ, ба шумули гуштингирӣ, бандкашӣ ва хурӯсҷанг бахшида шуд.
Ҳунарнамоии овозхонҳои ҷавону соҳибистеъдоди жанри эстрадӣ ва халқӣ, ки бахшҳои минбаъдаи тантанаҳои ҷашниро ташкил доданд, ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомат ва ҷилои хосса бахшиданд.
Таҷассуми ҷашнҳои миллии Тиргон, Меҳргон ва Сада бо истифодаи унсурҳои муосири тасвири электронӣ ҷанбаҳои алоҳидаи Ҷашни Наврӯзро ҳаматарафа инъикос ва пурра гардонд.
Қобили тазаккур аст, ки дар бахши “Сада” дар мониторҳои базмгоҳ суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид оид ба аҳамияти ҳифзи пиряхҳо намоиш дода шуд. Дар идомаи саҳнаи мазкур ба майдон платформаи калон бо чароғҳои равшанидиҳандаи гуногунранг ба сурати пирях, ки дар болояш тахти Озар – худои оташ ва қаҳрамонони зимистона ҷойгир шудаанд, ворид мешавад. Тахт бо истифода аз оташҳои рӯшноидиҳанда ба оташи фурӯзон табдил меёбад ва тавассути оташ намоиши аловпарак, ки яке аз маросимҳои қадимаи ниёгони мо маҳсуб меёбад, ба риштаи инъикос кашида шуд.
Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, суманак яке аз таомҳое ба шумор меравад, ки маҳз ба Ҷашни Наврӯз мансуб аст. Ҷой додани маросими “Суманак” дар “Корвони шодӣ” худ шаҳодати эҳёву тарғиби хӯрокҳои миллӣ ва расму оинҳои мондагори мардумӣ мебошад.
Қисми муҳими ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ”-ро ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сарулибос ва таомҳои болаззати тоҷикӣ, ташкил дод.  
Ҳунармандон ва ҳаваскорон тавонистанд дар ин бахш бори дигар фарҳанги оламшумули миллати тоҷикро бо нишон додани намунаи сарулибос ва таомҳои миллӣ ба ҷаҳониён ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Ба майдони базм тарҳи бузурги иборат аз асбобҳои зарбӣ дар ҳавои арғушти миллӣ ворид мешавад. Шаш платформаи пур аз асбоби дойра ва ашхоси таҷассумкунандаи унсурҳои 6 минтақаи кишвар фазоро боз ҳам рангинтар месозанд. Наврӯз бо задани дойра ба Офтоб нур мебахшад. Иштирокдорони базм бо либосҳои ифодакунандаи минтақаҳои гуногуни кишвар дар бахши “Шаш ранги Ватан” ҷашнгоҳро ба рамзи дӯстиву ҳамбастагии сокинони тамоми минтақаҳои кишвар табдил медиҳанд.
 Бо ҳамин барномаи бошукӯҳи ҷашнии “Корвони шодӣ” ба анҷом расид.
Дар қисми “Анҷом”-и чорабинӣ дар мониторҳои базмгоҳ суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз пахш гардид.
Ҳамзамон, пас аз пайдоиши Наврӯз, саҳнаи майдони марказии ҷашнгоҳ ба суманаки наврӯзӣ табдил ёфта, аз майдони нур рамзи Офтоб, 12 бурҷи кайҳонӣ, чор унсури ҳаёт, чор фасли сол ва Баҳору Наврӯзи оламафрӯз дар ҳалқаи иштирокчиён пайдо шуда, суманак ба нашъунамо шуруъ мекунад.
Мавриди зикр аст, ки суннатҳои неки наврӯзӣ, ки дар ҳама минтақаҳои кишвар ба онҳо арҷ гузошта мешаванд, дар ин чорабинӣ намоиш дода шуданд.
Таҷассуми карнавалии бузургдошти Наврӯзи ҷаҳонӣ ва марҳалаҳои ташаккули таърихии он ҳамчун сармояи маънавии миллати тоҷик ва оини баргузидаи башарият, тавассути васоити техникии муосир ва бо истифода аз конструксияҳо ва атрибутҳои бузургҳаҷми рамзӣ, оҳангу мусиқиҳои бостонию муосир, ривоёти устуравӣ, навъҳои гуногуни этнографияи мардумӣ, либосҳо ва антуражи рангоранг ба ҷашн шукӯҳи хосса бахшид. 
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаҷонибаи фарҳанги миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дар ин давра як қатор расму оинҳои миллие, ки бо мурури замон ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, эҳё гардиданд.
Баргузории ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” дар кишвар идомаи мантиқии сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари давлат мебошад.
Дар шакли нав ва пурмуҳтаво баргузор кардани “Корвони шодӣ” дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба мардум ва меҳмонони ин ҳамоиши наврӯзӣ шодиву нишоти беандоза бахшид, ки сарчашмаи асосии он сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар мебошад.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи ҳозиринро бо фарорасии Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва таҳиягарон, ҳунармандону ҳаваскорон барои дар сатҳи хеле баланду пурмуҳтаво барпо намудани ҳамоиши наврӯзии “Корвони шодӣ” арзи сипос карданд.
Барномаи бошукӯҳи “Корвони шодӣ” бо оташфаввораҳои рангин ҳусни анҷом ёфт. 
Санаи нашр: 27.03.2024 №: 56
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив