ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

29 март 2024, Ҷумъа
19
0
ХУШБАХТӢ ДАР ПУЛ НЕСТ
Корпоратсияи Apple (ИМА), ки муассисонаш Стив Ҷобс, Стив Возняк ва Роналд Уэйн мебошанд, гаронарзиштарин ширкати дунё ба ҳисоб меравад. Нархи он ба ҳолати 13-уми январи соли 2024 2,89 триллион доллари ИМА-ро ташкил медод. 
Соли 1976 яке аз муассисони он Роналд Уэйн, ғайриинтизор, саҳмияҳои дар ихтиёр доштаашро (10%) ба 800 доллари ИМА фурӯхта, ба маблағи 1500 доллар  аз ҳуқуқи муассисӣ даст кашид.  Тавре иттилоъ медиҳанд, агар ҳамон вақт ӯ ин корро намекард, айни замон соҳиби даҳҳо миллиард доллар мешуд. 
Шояд гумон кунед, ки ҳоло Роналд Уэйн аз кирдори худ пушаймон аст? Не, шумо билкулл хато кардед, баръакс ӯ мегӯяд, ки хешро баиқбол меҳисобад ва ҳамон вақт қарори дуруст қабул карда буд, зеро хушбахтӣ дар пул нест! 
 
Таҳияи Ш. ШОКИР
 
 
500 400 ДОЛЛАР. АРЗИШИ 40 РАСМ
Кирон Уилямсони 19-сола мисли дигар наврасону ҷавонон бозии футболу велосипедрониро дӯст медорад.  Аммо дар баробари ин, ба рассомӣ шавқу рағбати зиёд ва дар ин ҷода қобилияти фавқулода дорад. Кирон дар охирин намоиши мусаввараҳои худ 40 расмро ба фурӯш гузошта, 400 000 фунт стерлинги бритонӣ ($500 400) ба даст овард.
Аҳли оилаи онҳо дар деҳаи Норфолки қисмати шарқии Британияи Кабир дар кулбаи хурдакаки фақиронае зиндагӣ дошт. Баъди ду сол волидони Кирон ба маблағи аз фурӯши мусаввараҳо бадастомада, дар мавзеи зебоманзари соҳили кӯл хонаи замонавӣ хариданд.
Дар ҳунари Кирон осори эҷоди рассоми англиси асрҳои XIX-XX Алфред Маннингс мушоҳида мешавад. Асарҳои ӯ, асосан, мавзуи зебоиҳои табиат ва ҳаёти деҳотро дар бар мегиранд. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
ТАНДИСИ ГУМШУДАИ  АСРИ XVI ПАЙДО ГАРДИД
Соли 2019 дар яке аз бозорҳои Фаронса тандис (гравюра)-и машҳури рассоми давраи Эҳё Албрехт Дюрер «Тоҷгузории Мадонна аз тарафи фариштаҳо» (соли 1518)-ро ба фурӯш гузоштанд. То солҳои наздик чунин меҳисобиданд, ки асар солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳон (1939-1945) нобуд гардидааст. 
Шахси тандисро бафурӯшбароварда, онро дар таҳхонаи падарбузургаш меёбад. Санҷишҳо нишон доданд, ки асар дар ҳолати хуб қарор дорад.
Коллексионере, ки тандисро харид, дар он муҳри Галереяи давлатии санъати тасвирии Штутгартро (Staatsgalerie Stuttgart) дида, ҳайрон мешавад. Бинобар ин, тасмим мегирад, ки асарро ба соҳиби аслияш баргардонад. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
300 ҲАЗОР ДОЛЛАР НАРХИ ЯК ТЕЛЕФОН
Сомонаи «Alexander Historical Auctions» хабари ҷолибе паҳн кард. Дар он гуфта мешавад, ки телефони тамғаи «Siemens»-и ба Гитлер ҳадякардаи Вермахт ба савдо гузошта мешавад. Онро соли 1945 аскарони шуравӣ аз бункери Гитлер ёфта, ба яке аз афсарони британиягӣ ҳадия намудаанд. Афсаре, ки исмашро ифшо накардааст,  онро зиёда аз 70 сол дар хонааш нигоҳ дошта, акнун бо нархи гарон фурӯхтанист.  
Ин лотро бо шарҳи «яроқи вайронкортарини тамоми давраҳои таърихӣ, ки ба ҳаёти миллионҳо одамон нуқта гузоштааст» ба фурӯш баровардаанд. Нархи ибтидоии телефон 300 ҳазор доллар муайян шудааст.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
ПАНДҲОИ  ШОҲОНИ СПАРТА
Чу омода карданд лашкар ба ҷанг,
Бипурсид: - Дигар чӣ монду чӣ ранг?
Бифармуд: - Лашкар тарошанд риш,
 
Ки дар ҷанг бад хест риши пареш.
Адӯ чанги аввал ба ришат занад,
Зи ришат кашида ба пешат занад…
         
                          * * *
Ба Арбела душман зи милён гузашт,
Дили дӯстонаш ба ҳамён гузашт:
- Ки лашкар ба чодар шикоят баранд,
Зи душман пайи худ ғанимат баранд.
Ба пеши Сикандар фурӯ н-оваранд,
Ҳар он чи зи душман ғанимат баранд».
Бихандиду гуфто: - Бубин марди мард,
Далерӣ кунад, на гурез аз набард.
Чӣ неку хабар оваридӣ маро,
Ба шодӣ гузар оваридӣ маро.
Ва ҷанговарон ҳам садо дарзаданд:
- Далер ой, шоҳо, матарсу биханд.
Куҷо тоб орад адӯ бӯи мо,
Зи бӯ-мон паси сар ниҳад сӯи мо…
 
Аз китоби “Суҳбати гирди хон”-и Плутарх,
мутафаккири Юнони Қадим, ба назм кашида шуд.
Зиё АБДУЛЛО
 
 
 
 
 
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
АЛЛОМА  АГАТА КРИСТИ
 
Агата Кристиро ҳамчун бузургтарин нависандаи асарҳои детективӣ аксарият мешиносанд ва ҳам шояд медонанд, ки навиштаҳои ӯ аз серхонандатаринҳо дар таърихи башарият маҳсуб меёбанд. Вале шояд кам касоне огоҳ бошанд, ки асарҳои Агата Кристи аз нигоҳи теъдоди нашрашон баъд аз Библия ва ашъори Шекспир дар ҷойи сеюм меистанд. Бале, бовар нокарданист, вале далел аз "Китоби рекордҳои Гиннесс" аст, ки ин алломаи бритонӣ аз серхаридортарин муаллифони асарҳои бадеӣ дар тамоми таърих маҳсуб ёфта, навиштаҳояш бо теъдоди беш аз 4 миллиард нашр ва дастикам ба 100 забон тарҷума шудаанд. 
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
 
 
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ  ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
НИКАИ САМОФРАКӢ ДУЮМ ШОҲАСАРИ МАШҲУРИ ОСОРХОНАИ ЛУВР
 
Никаи Самофракӣ муҷассамаи мармарии олиҳаи ғалаба – Никаи Юнони бостонӣ мебошад. Он дар осорхонаи Луври шаҳри Парижи Фаронса нигоҳдорӣ шуда,  баъд аз пурасрортарин осори санъат  “Мона Лиза” сербинандатарин муҷассамаи ин осорхона ба ҳисоб меравад. Ин шоҳкорӣ моҳи апрели соли 1863 аз ҷониби консули фаронсавӣ ва бостоншиноси ҳаваскор Шарлз Шампуасо дар ҷазираи Самотракия  ёфт шуда, ҳамон сол ба Фаронса фиристода мешавад. Муҷассама ба шарафи олиҳаи пирӯзӣ Ника ва ифтихори ғалаба дар ҷанги баҳрии солҳои 295-289-и пеш аз милод офарида шудааст. 
 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
 
АЗ ҲАР ВАЗЪ СУДЕ БОЯД БАРДОШТ
 
Марди ҳиндутаборе ҳар рӯз ду кӯзаи калони обро ба воситаи чӯбдасте ба хонааш мебурд. Яке аз кӯзаҳо куҳна буду сӯрохии хурдакаке дошт. Ҳар бор, ки мард роҳи хонаашро тай мекард, нисфи оби кӯза мерехт. 
Шахсе ҳар рӯз ин манзараро медид ва аз он дар тааҷҷуб буд, ки чаро мард кӯзаашро иваз намекунад. Рӯзе сабраш аз даст рафту  масъаларо аз он мард суол кард:
Мард дар ҷавоб бо табассум гуфт: 
– Роҳи бозгашти маро  бодиққат назар кун. 
Мебинӣ, ки канори он чӣ қадар гулу гиёҳҳои зебо рӯидаанд? Ман медонистам, ки кӯза кафидагист ва тасмим гирифтам, ки аз он ба суди хеш истифода барам. Пас, агар ин кӯзаи куҳна сӯрох намебуд, чӣ гуна гулҳо об мехӯрданду мешукуфтанд? 
 
Таҳияи  Гулнисои САЪДОНШО
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
АҶАБО
Пеш аз оғози мурофиа судя аз гумонбар мепурсад:
– Чаро то ҳол адвокат нагирифтед?
–  Рафиқ судя, ҳеҷ намефаҳмам. Ҳар нафареро, ки хоҳиш кардам, аввал розӣ мешавад, баъд чун аниқ мекунад, ки ман ҳамон панҷ миллиони лаънатиро дар ҳақиқат ҳам нагирифтаам, аз ҳимоя даст мекашад.  
Аз русӣ тарҷимаи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
 
КАСТЕЛФОЛИТ-ДЕ-ЛА-РОКА
ШАҲРЕ, КИ ДАР ОН ГУМ  ШУДАН АМРИ МАҲОЛ АСТ
Кастелфолит-де-ла-Рока, ки яке аз хурдтарин шаҳрҳои Испания мебошад, дар асри XII бунёд ёфтааст. Масоҳаташ ба 0, 67 километри мураббаъ баробар буда, як кӯча дорад ва аҳолияш каме беш аз ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Шаҳрро метавон ҳамагӣ дар сӣ дақиқа тай намуд.
Кастелфолит-де-ла-Рока ба Ҷамоаи мухтори Каталония дохил шуда, аз шаҳри овозадори олам – Барселона 120 километр дуртар ҷойгир аст ва аз беҳтарин маконҳои сайёҳии Аврупо ба  ҳисоб меравад.  
Таҳияи Наргис АТОЕВА
 
 
 
ЗАКОВАТИ ДУХТАР
Марде, ки тараддуди аз пули чӯбӣ гузаштан дошт, ба духтараш   гуфт:
– Азизам, дастамро бигир, то якҷо гузарем.
Духтар бо ишораи рад гуфт: 
– На, шумо дасти маро бигиред.
Падар ҳайрон шуду пурсид: 
– Охир, чӣ фарқ дорад?  Муҳимаш он аст, ки  пулро гузарем.
Пас, фарзанди азизаш баён дошт:
– Агар ман дасти  шуморо бигирам, мумкин аст бо сабабе онро  раҳо кунам, аммо шумо агар дастамро бигиред, ҳаргиз раҳо нахоҳед кард.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
МАСЛИҲАТ 
 
Судяи навкор пеши устодаш шикоят мебарад:
–  Бовар кунед устод, панҷ маротиба ҳайати ҳакамон (состав присяжных)- ро иваз кардем, вале ҳар дафъа ҳам гумонбарро сафед мекунанд. Ҳайрон мондем, ки чи кор кунем.
–  Ин дафъа гумонбарро иваз кунед шогирд, ҳамааш хуб мешавад. 
 
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
 
 
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ
1. Барои одамони солхӯрда теннис, бадминтон, шиноварӣ ва велосипедронӣ муфидтарин намудҳои варзиш ба ҳисоб мераванд.
2. Кофе серистеъмолтарин нӯшокии олам мебошад, зеро дар як сол одамон наздики 400 миллиард пиёлачаи онро нӯши ҷон мекунанд.  
3. Системаи муҳосиботи саноати филмсозии Ҳолливуд то ҳадде мураккаб аст, ки, ҳатто Хадамоти андози ИМА беҳуда ба он ҷо «сар намехалонад».
4. Баъди он ки, Искандари Мақдунӣ аз лашкаркашиҳои навбатии худ аз Ҳиндустон ба Юнон шакар овард, юнониҳо онро «намаки ҳиндӣ» ном гузоштанд.
                                                                                   
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
 
МЕҲМОНХОНАИ ҚАДИМТАРИН
Қадимтарин меҳмонхонаи ҷаҳон «Нисияма онсэн кэйункан» дар деҳаи Хаякаваи музофоти Яманасии Ҷопон ҷойгир буда, аз соли 705 милодӣ инҷониб фаъолият дорад. Бунёдгараш Маҳита Фуҷивара мебошад. 
Соли 2011 «Нисияма онсэн кэйункан» ҳамчун куҳантарин меҳмонхонаи ҷаҳон расман ба Китоби рекордҳои Гиннесс ворид гардид. Аҷиб, ки  меҳмонхона то ҳол хусусӣ буда, тиҷорати онро 52-юм насли ин хонавода пеш мебарад.  
Таҳияи Латифабону РУСТАМЗОДА
 
 
 
АФКОРИ АФЛОТУН
Барои хушбахт зистан чӣ тавсия медиҳед?  – пурсиданд аз Афлотун: 
– Ҳеҷ касро барои дӯст доштани худ маҷбур масозед! Агар сазовор бошед, бигзор худашон дӯстатон доранд. Рисолати  шумо ин аст, ки шахси лоиқи дӯст доштан бошед.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
ХАТАРНОКТАРИН  МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
“ДАРВОЗА БА ҶАҲАННАМ”,  ТУРКМАНИСТОН
Ин чуқурии 30-метраест дар дили биёбони Қароқум ва аз сабабе, ки дар он гази табиӣ пайваста месӯзад, сайёҳҳон онро ҳамчун “Дарвоза ба ҷаҳаннам” ном мебаранд. 
Сабабҳои аслии пайдоишаш маълум нест, аммо гуфта мешавад, ки солҳои 1970 ҳангоми кандани хатти газ, қитъаи замине фурӯ рафта, гази табиӣ фаввора мезанад. Барои ҳифзи сокинони деҳа аз ин хатар, геологҳо чуқуриро оташ заданд. Фикр карданд, ки он пас аз чанде сӯхта нобуд мешавад, аммо чунин нашуд. 
Бояд гуфт, ки ҳамасола аз гӯшаву канори гуногуни олам барои тамошои “Дарвоза ба ҷаҳаннам” зиёда аз 6 ҳазор сайёҳ меояд. Аксар вақт гардишгарон ба он ҷо шабона мераванд, зеро ҳангоми торикӣ ин макон афсонавӣ ба назар менамояд. 
 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
БАНДУРА 
 
Бандура яке аз созҳои дӯстдоштатарини украинҳо буда, дар оркестрҳои халқии онҳо мавқеи хос дорад. Бандура дар асри XVI пайдо шудааст. Косааш мудаввар ё байзашакли на чандон чуқур мебошад. Бо мизроб навохта мешавад. Солҳои 20-уми садаи XX бандура такмил ёфта, торҳои он зиёд гардид ва бандураҳои прима, алт, бас, контрабас ба вуҷуд омаданд. Ин созҳо дар капеллаҳои бандуранавозон, инчунин, дар оркестр ва ансамблҳои созҳои халқӣ ба кор бурда мешаванд. Бандураҳои ҳозираи консертӣ дорои 40-50 тор буда, ба тарзи хроматикӣ (нимпардагӣ) ҷӯр мешаванд. Оркестрҳои гуногун ва капеллаҳои бандурачиён ташкил шудаанд, ки маъмултаринаш Капеллаи давлатии бандуранавозони Ҷумҳурии Украина мебошад. 
 
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
 
 
 
 
ҲАФТ МУЪҶИЗАИ ОЛАМ
БОҒИ МУАЛЛАҚИ БОБУЛОН
Боғи муаллақи Бобулон яке аз ҳафт муъҷизаҳои давраи атиқаи ҷаҳонист, ки бо шукӯҳу шаҳомати худ дар олам шуҳрати беандоза дорад. Ин маҷмааи аҷиби меъморӣ дар Бобулон (Ироқи ҳозира) ҷойгир буда, ба ифтихори ҳамсари подшоҳи Бобул Набукаднесар II – Семирамида бунёд гаштааст.
Ривоятест, ки Семирамида пазмони ватани худ  – Модоя мешавад ва аз шавҳараш хоҳиш мекунад, ки барояш боғ созад, то хумораш аз сарзамину зодгоҳаш бишканад.  
Ба ин хотир, Набукаднесар II фармон медиҳад, ки боғе бунёд кунанд, то он фахри оламу инсон бошад. Пас аз бунёди Боғи муаллақ, ки аз дарахтҳо, буттаҳо ва токҳои ангур  иборат буд, ҳамагон дар ҳайрат афтоданд. Он рамзи сарват ва ҳашамати салтанати Бобул гардида, таваҷҷуҳи олимони зиёдеро ба худ ҷалб кардааст. 
 
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
 
 
 
 
«РОҲЗАНҲО…»  ГАРОНАРЗИШТАРИН ФИЛМИ ОЛАМ
Тибқи иттилои сомонаи www.forbes.ru, айни замон «Роҳзанҳои дарёии баҳри Кариб: дар соҳилҳои аҷоиб» (Pirates of the Caribbean: On Stranger Tides, соли 2011, Ҳолливуд, ИМА) дар таҳияи коргардон Роб Маршалл гаронарзиштарин филми олам ба ҳисоб меравад. Буҷети он 379 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. 
Тавре зикр мегардад, теъдоди зиёди саҳнаҳои наворбардорӣ, истифодаи камераҳои 3D ва таҳияи эффектҳои визуалӣ аз ҷониби даҳ ширкати маъруф боиси хароҷоти зиёд гардид. 
Дар ҳамин ҳол, бино ба хабари сомонаи Box Office Mojo, филми мазкур дар намоиши ҷаҳонӣ 1 миллиарду 46 миллиону 721 ҳазору 266 доллар ҷамъ оварда, миёни сердаромадтарин филмҳои соли 2011 мавқеи сеюмро ишғол намуд.
Таҳияи Ш. ШОКИР
 
 
 
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
ПЙЕР ДЕ КУБЕРТЕН – БУНЁДГУЗОРИ БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ МУОСИР 
Дар асри XIX ҳазорҳо мусобиқа оид ба намудҳои гуногуни варзиш доир гардида, ташкилотҳои варзишии миллӣ ва байналмилалӣ таъсис ёфтанд. Аммо то ҳанӯз бозиҳои олимпӣ баргузор намешуданд. Хушбахтона, нафаре пайдо шуд, ки дар ин роҳ  саъю кӯшишҳои зиёд ба харҷ дод. Номаш Пйер де Фрэдий Барон де Кубертен, аз пойтахти Фаронса –  шаҳри Париж. 
Ӯ тамоми фаъолияти худро ба масъалаҳои маориф ва эҳёи бозиҳои олимпии муосир бахшид. Хартияи олимпӣ, маросими кушода ва пӯшидашавӣ, савганди варзишгарон, ҳалқаҳои олимпӣ, парчами олимпӣ – ҳамаи инҳо маҳсули эҷоди Кубертен мебошанд. 
Аз соли 1896 то 1925 ӯ Кумитаи байналмилалии олимпиро роҳбарӣ намуд. 
 
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
Санаи нашр: 29.03.2024 №: 58
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив