ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХУРОФОТ. АЗ ДОИРАИ ДИН ВА АҲКОМИ ОН БЕРУН АСТ

ХУРОФОТ. АЗ ДОИРАИ ДИН ВА АҲКОМИ ОН БЕРУН АСТ

03 апрел 2024, Чоршанбе
14
0


Зиёну хатарҳои таассубу хурофотпарастӣ яке аз масъалаҳои меҳварие буд, ки дар мулоқоти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мавриди таваҷҷуҳи амиқ қарор гирифт. Дар робита ба ин масъала, Сарвари давлат бо таассуф изҳор доштанд: “Бар ивази ҳамаи тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгириву пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастиву зиёдаравӣ, ифротгароӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст”. Пешвои миллат бо зикри ин матлаб аз таъсири чунин раванди номатлуб ба мақому ҷойгоҳи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии Тоҷикистон, ки ҳамчун кишвари дар ҳалли мушкилоти глобалӣ ташаббускору пешсаф эътироф гардидааст, ҳушдор доданд, ки бояд барои ҳар яки мо қобили дарк бошад. 

ХУРОФОТ ЧИСТ ВА АЗ КУҶО МАНШАЪ МЕГИРАД?
Воқеан, боиси таассуф ва нанг аст, ки иддае аз ҳамватанони мо, бо вуҷуди пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат, ҳоло ҳам пойбанди хурофоту ақидаҳои иртиҷоӣ ҳастанд. Рушду пешрафти илмиву технологии ҷаҳон гӯё ба назар наметобад, ки боз ҳам дар доираи меъёрҳову хусусиятҳои фикрии  асримиёнагӣ андеша меронанд. Бо назардошти гуфтаҳои боло, саволҳое дар зеҳн пайдо мешаванд, ки  худи хурофот чист? Аз куҷо маншаъ мегирад? Барои чӣ то кунун вуҷуд дорад? Кадом қишрҳои ҷомеа бештар хурофотиянд? Магар хурофот метавонад, ки пайомади мусбат дошта бошад? Зарари хурофот барои ҷомеа дар чӣ ифода меёбад? Чӣ тавр онро бояд решакан намуд? 
Муҳаққиқон бар он назаранд, ки бештари устураҳо аз даврони қадим бо тахайюл эҷод гардида, то замони мо омада расидаанд. Он ҳама тахайюлу сафсатаҳо ба хурофот табдил ёфта, ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеа гардидаанд. Одамон то андозае пойбанди афкори эътиқодӣ гардидаанд, ки ҳатто онро ба як расму  одати рӯзмарраи худ табдил додаанд. Ҳоло ҷомеаҳои рӯшанфикр ба ин хулоса расиданд, ки хурофот асосан аз нодонӣ, маҳдуд будани донишу маърифат ва ҷоҳилии одамоне сар мезанад, ки онҳо ба сухани ҳар гуна авомфиребон, монанди ҷодугарон, фолбинон, тилисмшиканон, ки гӯё онҳо илми ғайбро медонанд, бовар мекунанд. Ҳоло ҳам, ҳастанд нафароне, ки то ҳол ба аловгардон, мушкилкушо, бахткушо ва ғайра эътиқод доранду умри азизи хешро сарфи ин гуна корҳо месозанд.       
Ҷамолиддин Хомӯшӣ, узви Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, андеша дорад, ки  хурофот аз доираи дин ва аҳкоми он берун аст. Яъне, ба дин наздикӣ надорад. Аз нигоҳи илмӣ бошад, хурофот гапи исботнашуда, бофтаву сохта аст. 
– Хурофотпарастӣ пайравӣ намудан аз ақидаҳои ботил ва беасос мебошад. Хурофоту ҷаҳолатро Қуръон, шариати исломӣ шадидан маҳкум менамояд,  зеро хурофот  мардумро гирифтори худ сохта, барои беҳтар шудани сатҳи зиндагии онҳо монеа мешавад, – гуфт  Ҷамолиддин Хомӯшӣ.  
Мутаассифона, имрӯз, баъзеҳо назди фолбинон ё ҷодугарон рафта, аз тақдиру ояндаи худ пурсон мешаванд ва гӯё пеши “корашон”-ро мекушоянд. Худованд  дар ояти 11-уми сураи “Раъд”-и Қуръони карим мефармояд: “...Худо ҳолатеро, ки ба қавме бошад, тағйир намедиҳад, то вақте ки онҳо [худ] он чиро, ки дар замирашон аст, тағйир диҳанд...”  Яъне, ҳар кас танҳо худаш метавонад, ки бо меҳнату заҳмат сатҳи зиндагиашро хуб гардонад. Ба умеди соҳиру фолбин будан нишони адами хирад аст. Дар байни мардум сухане маъмул аст, ки мегӯянд: “Аз ту ҳаракат, аз Худо баракат”. Пас, агар мо барои беҳбудии корамон талош намоем, дигар ҳоҷат ба фолбин намемонад. Балки рӯзгорамон осуда мегардад.  

ЧӢ ГУНА ХУРОФОТ ДАР ДИНУ МАЗҲАБ РОҲ МЕЁБАД?
Рӯшанфикри масеҳие дар мавзуи хурофот ва роҳ ёфтани он ба дину мазҳаб китобе менависад. Дар китоби худ достонеро нақл мекунад, ки ҳикмате дар он нуҳуфтааст:
“Дар як маъбад гурбае вуҷуд дошт, ки ҳангоми ибодати роҳибҳо музоҳими тамаркузи онҳо мешуд. Бинобар ин, устоди бузург дастур дод, ки ҳар вақт замони ибодат фаро бирасад, як нафар ин гурбаи музоҳимро гирифта ба таҳи боғ бибарад ва ба дарахте маҳкам бибандад.
Ин тартиб солҳо идома ёфт, ба гунае ки яке аз усули кори роҳибон ҳамин шуд. Пас аз гузашти солҳо, устоди бузург даргузашт. Гурба ҳам мурд. Роҳибони он маъбад гурбае хариданд ва ба маъбад оварданд, то ҳангоми ибодат онро ба дарахт бибанданд, то ибодаташон ба ҳамон равише бошад, ки ҳангоми зинда будани устодашон буд.
Солҳо сипарӣ шуд ва устоди дигаре рисолае навишт дар бораи аҳамияти бастани гурба ба дарахт ҳангоми ибодат…”.
Имрӯзҳо ҳам, гоҳе мушоҳида мешавад, бархе аз одамон корҳоеро анҷом медиҳанд, ки ҳеҷ асли воқеӣ надорад ва танҳо бо далели оне, ки бобо ё бобокалонашон ҳамин корро мекарданд, онҳо низ идома медиҳанд. Аслу решаи ин амалҳоро аз нигоҳи илмӣ ва воқиятҳо ҷӯё намешаванд.    

ЧӢ ТАВР ОНРО БОЯД РЕШАКАН НАМУД? 
Дар ҷомеаи пуртазоди имрӯза, ягона роҳи таъмини хушбахтии воқеии мардум илму дониш аст, на хурофоту ҷаҳолат. Баръакс, тавассути хурофот ва арзишҳои куҳна мо ба таври сунъӣ чархи таърихро ба қафо гардонда, сабабгори тирарӯзии худу дигарон мегардем. Аз ин хотир, зарур аст, ки дар партави ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳисси баланди худшиносию худогоҳӣ нишон дода,  ба муқобили хурофоту арзишҳои куҳнаи асримиёнагӣ мубориза барем. Аз равияҳои тундгарои динӣ канор ҷуста, чун ниёгони хеш парчами илму маърифатро баланд бардошта, онро роҳнамои ягона ва, воқеан ҳам, дурусти зиндагӣ қарор диҳем. 

Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 03.04.2024 №: 61
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив