ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАН СЯОХУН ДАР ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАН СЯОХУН ДАР ҲУЗУРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

09 апрел 2024, Сешанбе
1
0


5-уми апрел дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви Шурои давлатӣ, вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сяохунро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва дар арсаи минтақавию байналмилалӣ баррасӣ гардиданд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди самараноки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки дар пайи талошҳои пайгиронаи ҷонибҳо робитаҳои ду кишвар ба сатҳи баланд расида, дар чаҳорчӯбаи шарикии стратегии ҳамаҷониба ба таври рӯзафзун густариш меёбанд. 
Масъалаҳои мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, зуҳуроти тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  ва киберҷиноятҳо  аз мавзуъҳои мубрами мулоқот буданд. Зарур шумурда шуд, ки сохторҳои дахлдори ду кишвар, бо дарназардошти вазъи ноороми байналмилалӣ ва зарурати таъмини сулҳу субот, ҳамоҳангӣ ва ҳамкории амалии худро тақвият бахшанд.
Дар идомаи суҳбат вазъи ҷории Афғонистон ва таъсири он ба минтақа мавриди мубодилаи афкори ҷонибҳо қарор гирифт.

Санаи нашр: 08.04.2024 №: 64
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив