ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе 

Ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе 

18 апрел 2024, Панҷшанбе
5
0


16-уми апрел таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи дуюми Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  баргузор гардид.
Дар ҷаласа оид ба ҷараёни омодагиҳо, ташкил ва гузарондани дигар чорабиниҳо дар доираи Конфронси сеюми Душанбе оид ба масъалаҳои об, тартиби иштирок дар Конфронс ва сохтору муҳтавои чорабиниҳои  он ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат шунида шуд. Чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ, ки 10-13-уми июни соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар баргузор мегардад, иштироки намояндагони воломақоми якчанд давлатҳои ҷаҳон, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ пешбинӣ гардидааст.


Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ додааст, 15-уми апрел, соати 00:15 боронҳои пуршиддат сабаби бо лойқаву селовардаҳо пур шудани канали Чоряккорони ноҳияи Сино шуданд.  Дар натиҷа об аз соҳили канал берун шуда, роҳеро, ки аз маҳаллаҳои Чоряккорон ва Зафар мегузашт, баст. 
Бо ёрии 20 техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳия вазъи баамаломада бартараф ва ҳаракати мошинҳо ба роҳ монда шуд. Ҳамчунин, дар ин рӯз, соати 01:26 бар асари боронҳои пуршиддат дар хиёбони Абдураҳмони Ҷомӣ оби борон сабаби баста шудани роҳ ба масофаи 150 метр шуд. Дар якчанд нуқтаи аҳолинишини деҳоти шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзода, Ҷамоати деҳоти Зайнабобод ва Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ болоравии сатҳи об дар селгузар мушоҳида шуд.  Дар шаҳри Ваҳдат болоравии сатҳи об дар канали Янгиқурғон сабт гардид. Комиссияи ҳолатҳои фавқулода барои муайян кардани ҳаҷми зарари расида ва бартараф намудани пайомадҳои офати табиӣ фаъолият мебарад.


Вохӯрӣ бо муовини вазири саноат ва савдои Федератсияи Россия
Дар Душанбе вохӯрии муштараки вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Султон Раҳимзода бо муовини вазири саноат ва савдои Федератсияи Россия Алексей Груздев баргузор шуд.
Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар заминаҳои гуногун, аз ҷумла натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин баррасӣ шуда, дар бораи мавзуъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак дар соҳаҳои саноат табодули назар сурат гирифт. 


Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо 
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди шуъбаи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева, сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурӣ дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода бо директори иҷроияи Маркази байналмилалии савдо (МБС) Памела Коук – Ҳамилтон мулоқот дошт. 
Аз Сафорат ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, ки зимни вохӯрӣ ҷонибҳо тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо дар татбиқи лоиҳаҳои ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX), «Ready4Trade»-и Осиёи Марказӣ, Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ, стратегияи тиҷорати электронӣ ва дигар самтҳои рушдро мавриди баррасӣ қарор доданд.


«Шаҳри Душанбе – аз дирӯз то имрӯз» 
Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт. 
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ 110 ашёи осорхонавӣ, аз қабили бозёфтҳои бостоншиносӣ, сиккаҳо, мусаввараҳо, аксҳои таърихии шаҳри Душанбе, лоиҳаву амсилаи биноҳои навбунёди шаҳри Душанбе ба намоиш гузошта шуданд, ки онҳо таърихи куҳан ва пурифтихори шаҳри Душанберо дар масири таърих инъикос менамоянд.

Санаи нашр: 17.04.2024 №: 71
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив