ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Дар Тоҷикистон 25 нафар собиқадори ҶБВ боқӣ мондааст

Дар Тоҷикистон 25 нафар собиқадори ҶБВ боқӣ мондааст

30 апрел 2024, Сешанбе
9
0
CentralAsia (TJ). То   29-уми апрели соли 2024 дар Тоҷикистон 25 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондааст. Дар ин бора ба  «Азия-Плюс» аз Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
Тибқи иттилои Шуро, соли гузашта 43 собиқадор буд, аммо ба гузоришҳои расонаҳо, 37 нафар гуфта мешавад. Соли 2005 дар Тоҷикистон 9 ҳазору 900 нафар собиқадори ҶБВ  зиндагӣ мекард.
«Дар  19 сол 9 ҳазору 875 нафар собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз олам даргузашт», – хабар медиҳад Шуро.
Шумораи бештари собиқадорони ҶБВ дар вилояти Хатлон – 10 нафар, Суғд – 6, Душанбе – 4 ва дар НТҶ – 5 нафар боқӣ мондаанд. Куҳансолтарин иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Рашид Каримов, ки дар деҳаи Шоҳамбарии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад, имсол 112-сола мешавад. 
Мавриди зикр аст, ки ҳудуди 300 ҳазор нафар аз Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон меҷангид, ки аз ин шумора 92 ҳазор нафар кушта ва ё бедарак шудааст.
 
 
12 миллион кӯдак дар Афғонистон ба ёрӣ ниёз дорад
Sputnik. Ниҳоди ҳамоҳангкунандаи кумакҳои башардӯстонаи СММ барои Афғонистон мегӯяд, ки ҳудуди 23,7 миллион тан, аз ҷумла 12,3 миллион кӯдак,  ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд. Созмон дар гузориш  нигоштааст, ки ин ниҳод барои расидагӣ ба буҳрони башарӣ дар Афғонистон ба 1,7 миллиард доллари ИМА ниёз дорад. Бар асоси ин гузориш, кишварҳо ва ниҳодҳои мададрасон то кунун танҳо 35 дарсади ин буҷетро таъмин намудаанд.
Ба гуфтаи ин ниҳод, дар моҳи март Амороти Муттаҳидаи Араб ва идораи ЮНИСЕФ бештарини ёриҳоро ба Афғонистон расондаанд.
Созмони мазкур дар гузориши худ вазъияти башарӣ дар Афғонистонро вахим арзёбӣ намуд.
Ин ниҳод тасреҳ кардааст, ки дар баробари мушкилоти дигар, борандагиҳои ахир дар кишвар низ бар зиндагии афғонҳо таъсири манфӣ гузоштааст.
 
 
Қазоқистон як қисми пули аз олигархҳо мусодирашударо барои мубориза бо обхезӣ сарф хоҳад кард
Мир24. Комиссия оид ба баргардондани дороиҳои ғайриқонунии Қазоқистон 40 миллиард танга (беш аз 90 миллион доллар)-ро, ки қаблан ба олигархҳо тааллуқ дошт, ба буҷети давлат баргардонд. Маблағҳо барои мақсадҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла рафъи оқибатҳои обхезӣ истифода хоҳанд шуд, - хабар медиҳад Telegram-канали Ҳукумати Қазоқистон.  
Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев қонун дар бораи баргардондани дороиҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бадастовардашударо моҳи июли соли 2023 имзо кард. Татбиқи он ҳам ба шахсони воқеӣ ва ҳам ба шахсони ҳуқуқӣ дахл дорад.
 
 
Илҳом Алиев Ян Ванминро ба ҳузур пазируфт
Мир 24. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев раиси Ҷамъияти халқии Чин оид ба дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ Ян Ванминро, ки бо даъвати Бунёди Ҳайдар Алиев ба Боку омадааст, ба ҳузур пазируфт. Дар вохӯрӣ ҳамкориҳои Озарбойҷону Чин баррасӣ шуданд.
Илҳом Алиев гуфт, ки кишварҳо дар соҳаҳои нақлиёт ва сармоягузорӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Сарвари давлат таъкид намуд, ки ширкатҳои чинӣ ба Озарбойҷон ҳаҷми сармоягузориро афзоиш додаанд. Ӯ афзуд, ки дар доираи омодагӣ ба конфронси иқлими СММ, ки тирамоҳ дар Боку баргузор мешавад, машваратҳои Озарбойҷону Чин ҷараён мегиранд.
Ян Ванмин гуфт, ки Озарбойҷон яке аз аввалин кишварҳоест, ки лоиҳаи «Як камарбанд – як роҳ»-ро   дастгирӣ кардааст.
Санаи нашр: 30.04.2024 №: 80-81
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив