ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 1 МАЙ. ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ!

1 МАЙ. ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ!

30 апрел 2024, Сешанбе
23
0
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рӯзҳои ид, ҳамасола Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон - 1-уми май таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат, бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва коллективҳои меҳнатӣ ва Иттифоқҳои касаба чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ баргузор мешаванд.
1-уми май дар як фазои баланди сиёсию ҷамъиятӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ, созандагию бунёдкорӣ ҷашн гирифта мешавад. Бо қаноатмандӣ иброз мегардад, ки фароҳам овардани фазои муносиб барои меҳнати арзанда, бехатарии меҳнат,  таъсиси ташкилоту корхонаҳо, ба ин васила таъсис додани ҷойҳои нави кори доимӣ ва мавсимӣ, коҳиш додани шуғли ғайрирасмӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандону аъзои оилаи онҳо дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор дорад ва ин тадбирҳо боиси руҳбаландии аҳли заҳмат арзёбӣ мегардад”.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ нахуст иброз намуданд: “ Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.”
Дуруст аст, ки фазои ногувори олам, оқибатҳои вазнини буҳрони шадиди иқтисоди ҷаҳонӣ, боиси афзоиши сатҳи камбизоатӣ, маҳрумияти иҷтимоӣ гардида, бархе аз қишрҳои аҳолии меҳнаткашони дунёро фаро гирифтааст. Аз ин рӯ, заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми кишвар баёнгари якдилии онҳо дар пешрафти соҳаҳои мухталифи кишвари азизамон мебошад. 
Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳсолӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд.
Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.
Омори зикргардида, шаҳодати якдилии меҳнаткашони кишварамон мебошад, ки Пешвои миллат бо истифода аз фурсат тавассути Паёмашон ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони бонангу номуси кишвар барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор намуданд. Яке аз омилҳои таҳкими якдилии меҳнаткашон дар кишвар дар  бахши таъмини ҳифз ва бехатарии меҳнат вазифаи иттифоқҳои касаба маҳсуб меёбад. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ ва назорати ҷамъиятӣ, ҳифзи меҳнат соли 2023 –  Соли ҳифзи меҳнат эълон карда шуда буд, ки аз ҷониби Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҳамузви он як қатор  чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ташкил ва баргузор гардиданд, ки ба баланд бардоштани савияи дониши кормандон ва пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳолӣ мусоидат намуданд. Аз ҷумла, намояндагони Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳои шурои Иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ  дар  озмуни минтақавии “Беҳтарин шартномаи коллективӣ” дар бахши ҳифзи меҳнат ширкат намуданд, ки Иттифоқи касабаи НБО «Норак» бо нишон додани малакаи хуби корӣ дар ҷодаи назорати ҷамъиятии ҳифз ва бехатарии меҳнат яке аз беҳтаринҳо пазируфта шуд.
24-уми октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ мулоқот карданд. Ҳадафи вохӯрӣ баррасӣ ва муҳокимаи фаъолияти кунунии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили ҷумҳурӣ, дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории Ҳукумати кишвар бо ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ ва иштироки ин ниҳод дар тадбирҳои ободонию созандагӣ ба хотири рушду пешрафти кишвар аст.
Ба таъкиди Пешвои миллат, дар роҳи ноил шудан ба дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Имрӯз, ташкилотҳотҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маъракаи сафарбаркунӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароити мусоиди меҳнат дар истеҳсолот, такмилу ташкили он, таъмини талаботи бехатарӣ дар ҳар як ҷойи корӣ, дар доираи салоҳиятҳои оинномавии худ тадбирҳои судманд андешида истодаанд. Зеро Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадор аст, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои Иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд. Аз ин рӯ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба якдилӣ, ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши  созандаи  мардуми шарафманди  Тоҷикистон эътимоди комил доранд.  Бо  итминон изҳор  менамоянд, ки мо – ҳама якҷо бо кору фаъолияти аҳлона Ватани азизамонро,  хусусан  то  Ҷашни  бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ободу зебо месозем, давлати соҳибистиқлоламонро пешрафта мегардонем ва эътибору обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.
 
Қурбоналӣ РАҲИМОВ,
корманди Иттифоқи касабаи кормандони 
маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 30.04.2024 №: 80-81
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив