ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АҚЛГАРОӢ.  МУҲИМТАРИН ОМИЛИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ 

АҚЛГАРОӢ.  МУҲИМТАРИН ОМИЛИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ 

30 апрел 2024, Сешанбе
14
0
Дар ҷомеаи имрӯза, ки пур аз тазодду мушкилиҳо ва ихтилофу зиддиятҳост, густариши терроризму экстремизм, фаъолшавии ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ба гумроҳӣ бурдани одамон, воқеан, ҷойи нигаронист. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҷавону соҳибистиқлол, ки дар марҳалаи нави рушд қарор дорад ва баъд аз пушти сар намудани мушкилиҳои зиёди сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ акнун қадамҳои устувор ба самти созандагӣ мегузорад, боз ҳам ба тақвият бахшидани пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳ, таъмини амният, инчунин, пешгирӣ ва аз байн бурдани омилҳои хусусияти террористиву экстремистидошта зарурат дорад.
Табиист, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср, ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлатҳо таҳдиду хатар эҷод мекунад. Пайравони ин ҷараёнҳои номатлуб баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ нохудогоҳ дар хидмати бозигарони қудратталаб қарор гирифта, номи хешро дар авроқи зиндагӣ сиёҳу доғдор месозанд, ки вобаста ба ин мисолҳои фаровоне дар дасти ҷомеа аст.
Дар миёни зуҳуроти нангин аз ҳама хатарноктар экстремизми динӣ мебошад, ки феълан ҷомеаи ҷаҳониро гирифтори фалокатҳои зиёд намудааст. Бешубҳа, имрӯз теъдоде аз гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ бо истифода аз номи поки дини мубини ислом ба ҳар гуна амалҳои даҳшатноку зишт даст мезананд, ки ба паҳншавии афкори исломситезӣ ва бадбинии мусулмонон боис гардидааст. 
Дар ҳақиқат, амалҳои болозикр боиси коста гардидани ҳусни тафоҳум байни миллату халқиятҳо ва, ҳатто пайравони дину мазҳабҳо мегардад. Гусехта шудани риштаи муносибати тамаддунҳо ва дину оинҳо боиси пайдо гардидани кинаву адоват, нафрат ва дар ниҳоят, ба поймолсозии арзишҳои байниҳамдигарӣ оварда мерасонад, ки сулҳу осоиши сартосариро вайрон мекунанд.
Дар чунин вазъи душвору ҳассос, бояд дар кишвари мо, ки беш аз 90 дарсади аҳолиаш мусулмон аст, маърифати исломӣ дар заминаи худшиносии миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ ташаккул ёбад. Зеро яке аз сабабҳои асосие, ки  шахс ва ё ҷомеаву давлат ва миллатро ба вартаи нобудӣ рӯ ба рӯ месозад, камсаводиву тангназарӣ ва пайравии кӯр-кӯрона ба ҳар гуна идеология ва таълимоти иртиҷоӣ мебошад. Хеле ба маврид аст, ки суханҳои ҳакимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин масъаларо аз ёд набарорем, ки таъкид мекунанд: “Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад”.
Ин гуфтаҳои Пешвои миллат баёнгари он мебошанд, ки хатару таҳдидҳои терроризм таъсири манфии худро ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мерасонанд ва даст задан ба чунин амалҳо метавонад шахсро ба анҷом додани ҳама гуна амалҳои номатлуб равона созад. Аз ин рӯ, дастаҷамъона бар зидди зуҳуроти терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон бурдан зарур аст.
Фархунда ҲАЛИМОВА,
донишҷӯи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 30.04.2024 №: 80-81
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив