ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАРЗАНД. МОНЕЪ ШУДАН БА ТАҲСИЛ ЧӢ ОҚИБАТҲОЕ ХОҲАД ДОШТ?

ФАРЗАНД. МОНЕЪ ШУДАН БА ТАҲСИЛ ЧӢ ОҚИБАТҲОЕ ХОҲАД ДОШТ?

30 апрел 2024, Сешанбе
21
0
Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими умумии асосӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ҳатмӣ буда, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ин дар ҳолест, ки тибқи моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” муайян ва таъмин намудани рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлатӣ муқаррар шудааст.
Мутаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки бархе аз падару модарон монеи таҳсили фарзандон, бахусус ҷавондухтарон, мегарданд. Мисол, чанде пеш суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе шаҳрванд Фирӯза Сайнуриддиноваро барои монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии асосии фарзанди 16-солааш ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (6800 сомонӣ) ҷарима кард. Ҳукм тибқи моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуд. 
Дар ин бора Г. Асламзода,  муовини раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ, дар ҳафтаномаи "Қонун ва ҷомеа" аз 4-уми апрели соли равон матлабе нашр намуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳсу вокунишҳои гуногун гардид. 
Ба ин монанд, соли 2021 Соҷибоғ Холова барои таҳсили ҳатмии асосии фарзанди ноболиғаш, ки  бояд МТМУ № 9-и шаҳри Бохтарро дар соли таҳсили 2020-2021 хатм менамуд, монеъ гардид. Суди шаҳри Бохтар тибқи моддаи 164 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҷибоғ Холоваро гунаҳкор дониста, ба ӯ бо дастрасии моддаи 63 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (6400 сомонӣ) ҷарима баст. 
Мо бояд дарк намоем, монеъ шудан ба таҳсили фарзанд оқибати ҳуқуқӣ дошта, бар асоси кодексҳои маданӣ, ҷиноятӣ ва қонунҳо “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ҷавобгарӣ дорад. Чунончи, моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” падару модаронро уҳдадор кардааст, ки ба фарзанди то шашсола барои гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ шароит фароҳам оварда, ба таҳсили ӯ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ монеъ нашаванд. Ҳамин масъала дар моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зикр гаштааст, ки он барои иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон аз тарафи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ноболиғон, омӯзгор, ё дигар корманди муассисаи таълимӣ, ё тарбиявӣ,  инчунин, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, дар намуди огоҳӣ ва ҷарима ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ менамояд.
Ҳамчунин, моддаи 174 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ,  ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин муҳлат бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян, ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то се сол, ё бидуни он ҷазо таъин кардааст. 
Пас, донистан ва риоя кардани талаботи қонунгузорӣ дар ин самт бояд дар маркази таваҷҷуҳи падару модарон, ҷомеа ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қарор дода шавад. Бахусус, иҷрои ин амр дар Соли маърифати ҳуқуқӣ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардид, зарур аст. Зеро мо бо ин роҳ дар камолоти насли наврас, тарбияи ҷавонони бомаърифату худогоҳ ва, умуман ҷомеаи солим заминаҳои бунёдӣ фароҳам меорем. 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 30.04.2024 №: 80-81
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив