ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». ИҚДОМИ МАОРИФПАРВАРОНАЕ БАРОИ ИБРАТ

«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». ИҚДОМИ МАОРИФПАРВАРОНАЕ БАРОИ ИБРАТ

30 апрел 2024, Сешанбе
28
0
Имсол бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» роҳандозӣ шудааст. Ҳадаф аз баргузории Озмуни мазкур, қабл аз ҳама, тавассути асарҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат дар замири наврасону ҷавонон парвариш намудани ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, гиромидошти арзишҳои миллию умумибашарӣ ва бо ҳамин васила, фароҳам сохтани шароитҳои зарурӣ ҷиҳати омӯзиши мактаби давлатдории Президенти мамлакат ва хизматҳои шоистаи ӯ дар бунёди Тоҷикистони навин, барқарорсозии сулҳу ваҳдати комил ва таҳкими истиқлоли давлатӣ мебошад.
 
Барои дар сатҳи баланд доир намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» Китобхонаи миллӣ, ҳамчун сарпараст ва масъули асосии баргузории Озмун, дар китобхона тамоми шароитҳоро муҳайё кард. Аз ҷумла, дар ошёнаи дуюми бино толори махсуси «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» бо 90 ҷойи нишаст барои довталабон созмон ёфт. Дар толор 8 намоиши китоб ташкил шудааст, ки дар онҳо 97  асари Пешвои миллат ва 164 адабиёти марбут ба зиндагинома ва корнамоиҳояшон барои шиносоӣ ва истифода пешниҳод мегардад. Ҳамзамон, ҷиҳати сари вақт дарёфт намудани осори Пешвои муаззами миллат ва адабиёт оид ба фаъолияти гуногунпаҳлуяшон дар рафи якуми намоиши китоб 14 дастури библиографӣ, аз қабили «Феҳристи таърихнигорӣ оид ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон», «Эмомалӣ Раҳмон: китобномаи шарҳиҳолӣ», «Эмомалӣ Раҳмон дар адабиёти бадеӣ: китобнома», «Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон: китобнома» (иборат аз 8 ҷилд) ва кумакфеҳристҳои мавзуӣ, ҷуғрофӣ ва ашхос таҳти унвони «Раҳнамои пажӯҳиши осори Пешвои миллат» ба 22 ҷилди силсиламаҷмуаи «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ба забонҳои тоҷикию русӣ пешниҳод шудаанд. 
Илова бар ин, барои хонандагони толори «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» пойгоҳи электронии асарҳои Пешвои миллат ташкил гашт, ки бо истифода аз он довталабон метавонанд бемамоният ба матни электронии асарҳои Пешвои миллат шинос шаванд. Ҳамзамон, дастрасии хонандагони маҷозӣ ба омӯзиши асарҳои Пешвои миллат тавассути сомонаи nlt.tj (Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон) ройгон таъмин гардид.
Боиси тазаккур аст, ки тибқи низомнома, Озмуни ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» аз ду давр иборат буда, аз моҳи май то октябри соли 2024 баргузор мегардад. Масъулони баргузории Озмун Академияи миллии илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, кор бо ҷавонон ва варзиш, Академияи идоракунии давлатӣ, Иттифоқи нависандагон ва Китобхонаи миллӣ мебошанд. Ҳамзамон, ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даври якуми Озмун масъул мебошанд.
Шариф КОМИЛЗОДА,
номзади илмҳои педагогӣ
Санаи нашр: 30.04.2024 №: 80-81
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив