ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ЭКСПО 

БОЗДИД АЗ НАМОИШИ МАҲСУЛОТИ КОРХОНАҲОИ САНОАТИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАРКАЗИ ЭКСПО 

23 апрел 2024, Сешанбе
1
0


19-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Душанбе аз намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон дар маркази ЭКСПО боздид ба амал оварданд.
Дар намоишгоҳи миллии маҳсулоти саноатии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон 200 ширкати истеҳсолию тиҷоратӣ 1500 намунаи маҳсулоти мошинсозӣ, маводи кимиё, саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, атриёт, ашёи рӯзгор, 60 намуди техника, маҳсулоти полиграфӣ ва техникаи электронии маиширо ба маъраз гузоштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар намоишгоҳ бо намунаҳои молу маҳсулот ва иқтидори истеҳсолии корхонаҳои кишвари ҳамсоя шинос шуданд.
Сарварони давлатҳо барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, воридоту содироти маҳсулот ба кишварҳои ҳамдигар ва баҳри афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳукуматҳои хеш дастуру супоришҳо доданд.
Баргузории намоишгоҳи молу маҳсулот омили муҳими дарёфти шарикони нав ва ривоҷу равнақи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ гардид.
Густариши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ самти авлавиятноки муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки барои устувории риштаҳои ҳамкории тоҷирону соҳибкорон асосҳои воқеӣ муҳайё мебошад.
Иродаи қавӣ ва иқдомҳои хирадмандонаи сарварони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон бо таҳкими решаҳои дӯстиву бародарӣ ҷиҳати тавсеаи робитаҳои дуҷониба, ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, мустаҳкам гардондани робитаҳои дӯстии мардумони тоҷику ӯзбек, афзун намудани гардиши мол, истифодаи самаранок аз захираҳои ҳар ду кишвар ва дар маҷмуъ, ба беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии шоиста заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар заминаи тавсеаи ҳамкорӣ, ҳоло 400 корхонаи муштараки саноатии Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолияти пурсамар дорад. Соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар бо истифода аз захираву имконоти мавҷуда ҳамкории тиҷоратиро зина ба зина густариш медиҳанд.

Санаи нашр: 22.04.2024 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив