ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “БАҲОДУРИ ТОҶИК”. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ТОҶИКПИСАРИ ШУҶОЪ ДАР ӮЗБЕКИСТОН

“БАҲОДУРИ ТОҶИК”. ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ТОҶИКПИСАРИ ШУҶОЪ ДАР ӮЗБЕКИСТОН

16 май 2024, Панҷшанбе
34
0
Дар кохи фарҳанги деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба хотири бузургдошти хотираи тоҷикписари шуҷоъ ва қаҳрамон Тешабой Одилов ҳамоиш доир гардид. Ин чорабинӣ бахшида Рӯзи Ғалаба бар фашизм роҳандозӣ шуд, ки дар Ӯзбекистон ҳамасола онро ҳамчун Рӯзи ёдбуд ва қадрдонӣ таҷлил мекунанд. 
Дар даромадгоҳ ва деворҳои кохи фарҳанг аксҳои зиёде насб шуда буданд, ки кору фаъолияти Тешабой Одиловро дар майдони ҷанг ва корзори меҳнат равшану возеҳ бозтоб медиҳанд. Як гурӯҳ омӯзгорон ва толибилмони се мактаби таҳсилоти ҳамагонии деҳа рӯи саҳна баромада, бо навбат дар бораи Тешабой Одилов шеър мехонданд ва ҳасби ҳоли ӯро баён мекарданд. 
Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби №14-и ноҳияи Сӯх Наргис Ҳакимова шеъри маъруфи “Баҳодури тоҷик”-и устод Мирзо Турсунзодаро хонд, ки бо ин матлаъ оғоз мешавад: 
Фарзанди азизи Тоҷикистон,
Аз мо ба ту сад салому табрик.
Таҳсин ба ту аз рафиқҳоят,
Аз номи тамоми халқи тоҷик.
Зад шуъла даме, ки оташи ҷанг,
Монанди шарорае ту ҷастӣ,
Чашмат шуда буд гувоҳи он ки,
Ҷӯшанда ту дар ғазаб шудастӣ...
Ин шеър бори нахуст 21-уми июни соли 1942 дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх”(ҳоло “Ҷумҳурият”) чоп  шудааст ва то ҳол мардуми тоҷик онро вирди забон мекунанд. Шеъри мазкур бо ин байтҳо хотима ёфтааст:
Роҳи сафари муқаддасатро
Мардона қадам гузору тай кун,
Ронда, зада, кушта душманонро
Аз хоки азизи хеш ҳай кун!
Дар идомаи ин чорабинӣ, намоишномаи адабӣ-мусиқии “Мергани уқобчашм” манзури тамошобинон шуд. Ин намоишнома аз шеърҳо ва достонҳои адибони тоҷику ӯзбек ва рус асос ёфта буд, ки қаҳрамони ҷанг, лейтенанти калон Тешабой Одиловро васф менамуд.
Перомуни шуҷоатҳои беназири “Баҳодури тоҷик” як гурӯҳ адибони тоҷик низ шеъру достонҳо ва очеркҳо навиштаанд. Достони “Қасами Тешабой”-и Мирсаид Миршакар, очерки таърихии “Сатри заррин дар достони ҷовидонӣ”-и Сотим Улуғзода, шеърҳои “Туфанги тоҷикписар”-и Собир Султон, “Чу Тешабой ба майдони корзор шавед!”-и Зуфархон Ҷавҳарӣ, “Номдори замона”-и Муҳаммадҷон Раҳимӣ, “Тешабой”-и Муҳиддин Аминзода аз ҳамин шуморанд.
Инчунин, шеъру достонҳо ва очеркҳои адибони рус А. Гитович, П. Лукнитский, Т. Дяченко, З. Пивен, А. Белоголовсев, адибони ӯзбек Ойбек, Адҳам Раҳмат ва дигарон баёнгари онанд, ки Тешабой Одилов дар ҷанги хонумонсӯзи зидди фашистон ва озод кардани шаҳри Ленинград қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додааст. 
– Тешабой Одилов ҳанӯз дар замони ҷанг соҳиби ордени “Ленин” гардида,  нишонҳои зиёди ҷангиву меҳнатиро ба даст овардааст. Ба ӯ барои иштирок дар яке аз шаҳрҳои Иттиҳоди Шуравӣ унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравиро додаанд, аммо бо сабабҳои номаълум ин унвон ва ситораи тилло ба ӯ тақдим нагардидааст. Вале, ахиран дар сомонаи "Памят народа"-и Вазорати мудофиаи Федератсияи Русия дар бораи Тешабой Одилов маълумоти нав нашр шуд. Дар матни сомона гуфта мешавад, ки ҷанговари далери тоҷик бо "Ситораи тилло" ва ордени "Ленин" мукофотонда шуда, Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ эътироф гардидааст. Он рӯз дур нест, ки шаҳодатномаи унвони олии “Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ” ва “Ситораи тилло”-и Тешабой Одилов ба фарзандонаш супурда шавад, – бо хушҳолӣ изҳор дошт Зарифҷон Ботиров, аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат бо хабарнигори «Ҷумҳурият».
 
Мирасрор АҲРОРОВ, 
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.05.2024 №: 90-91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив