ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАШМАҚОМ. БАРДОШТ АЗ ФЕСТИВАЛ-СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 

ШАШМАҚОМ. БАРДОШТ АЗ ФЕСТИВАЛ-СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ 

16 май 2024, Панҷшанбе
6
0
Тавре аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, дар пойтахти Ватани азизамон Фестивал-симпозиуми байналмилалии «Дурнамои рушди мусиқии суннатии халқҳои Шарқи Наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо иштироки ҳайатҳои ҳунарӣ ва олимони санъатшиноси давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон доир гардид.
Фестивал-симпозиум ба Рӯзи Шашмақом бахшида шуда, иброз гардид, ки ин ганҷинаи бебаҳои миллат шоҳасари мусиқии суннатии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. 
Таъкид рафт, ки мероси  мусиқии суннатии тоҷик Шашмақом чун асари шаклан мураккаб тули асрҳо ташаккул ва рушд ёфт, вале маҳз дар замони истиқлоли давлатӣ ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гашт.
Муҳаққиқон изҳор намуданд, ки Шашмақом  услуби мураккаб аст. Дар ин навъи санъат ларзиши садопардаҳо ва вазни мураттаб муҳим мебошад. Таҳти навои ин мусиқӣ ҳаракатҳои рақсии муназзам иҷро мешаванд. Номи Шашмақом аз 6 мақом гирифта шудааст, вале чандин асрҳо пеш он аз 12 мақом иборат буду тадриҷан ба 6 мақом оварда шуд. Матнҳои Шашмақом аз ғазалҳои классикони адабиёти ҷаҳонгири тоҷику форс иборат мебошанд.
Бояд гуфт, ки дар ҷараёни Фестивал-симпозиум дарсҳои маҳорат бо услуби «Устод – шогирд» дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода гузаронда шуд. 
Ҳамчунин, дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими ифтитоҳи фестивал бо барномаи консертии ҳунармандони тоҷик баргузор гардида, 12-уми май дар ҳамин макон галаконсерт бо иштироки ҳайатҳои ҳунарии давлатҳои иштирокчӣ доир гардид, ки шукӯҳу шаҳомати вижа дошт.
Гуфта шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  рушду нумӯ ва пешбурди минбаъдаи фарҳанги миллӣ, шинос намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои фарҳангии халқи тоҷик, инкишофи санъати анъанавии миллӣ, равияҳои мухталифи ҳунарҳои мардумӣ, инкишофи бонизоми соҳаи фарҳанг, боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарбияи кадрҳои соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.05.2024 №: 90-91
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив