ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ҚАЛАМИ ТИЛЛОӢ”.  ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СУЛАЙМОН ЭРМАТОВ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

“ҚАЛАМИ ТИЛЛОӢ”.  ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СУЛАЙМОН ЭРМАТОВ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

21 май 2024, Сешанбе
20
0
Адиб ва рӯзноманигори тоҷик Сулаймон Эрматов дар 18-умин Озмуни байналмилалии рӯзноманигорон таҳти унвони «Олтин қалам» («Қалами тиллоӣ»), ки бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон гузаронда мешавад, ширкат варзида, дар номинатсияи «Беҳтарин матолиб дар бораи Ӯзбекистон миёни рӯзноманигорони хориҷӣ» сазовори ҷойи якум гашт.
 
Маросими ҷоизасупорӣ бо ширкати васеи аҳли илму адаб дар Кохи бошукӯҳи «Ӯзбекистон»-и шаҳри Тошкент баргузор шуд. Тавре ба мо аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон иттилоъ доданд, рӯзноманигори тоҷик дар рақобати шадид ғолиб омад. Дар Озмуни мазкур соли равон 600 рӯзноманигор аз 41 кишвар ширкат варзида, 4000 матлаби эҷоднамудаашонро пешкаши ҳайати ҳакамон намуданд. Дар баробари рӯзноманигори тоҷик барои сазовор шудан ба ҷойи дувум хабарнигори ТАСС дар Ӯзбекистон Валерий Бирюков (Федератсияи Россия) ва муҳаррири Нашрияи дипломатии «The Economic Times» Дипанҷан Рой Чоудҳурӣ (Ҳиндустон) қадр шуданд. Дар ин номинатсия Ҷеймс Дурсо, хабарнигори «The Hill» (ИМА) ва Галина Полонска, хабарнигори телевизиони «Euronews», (Фаронса) соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Рӯзноманигори хушсалиқа Сулаймон Эрматов солҳост, ки дар хусуси робитаҳои фарҳангию адабии мардуми тоҷику ӯзбек мақолаҳои ҷолибу хонданбоб менависад. Навиштаҳояш дар рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Халқ овози», «Народная газета», «Минбари халқ», «Адабиёт ва санъат», «Омӯзгор» ва «Ҷавонони Тоҷикистон» пайваста нашр мешаванд. Аз ҷумла, «Дӯстии Мирзо Турсунзода бо шоира Зулфия», «Дӯстии Садриддин Айнӣ бо адибони ӯзбек», «Ғафур Ғулом ва адибони тоҷик», «Дӯстии ибратбахши ду пояи миллат» ва дигар мақолаҳояш миёни хонандагон ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд. Маҷмуи мақолаҳои дар мавзуи дӯстии ду халқи бародар навиштааш дар шакли китоби алоҳида бо номи «Гуфтугӯ аз дӯстӣ дорем мо» ба табъ расидааст.
Публитсисти хушсалиқа, шоир ва тарҷумон Сулаймон Эрматов дар тақвияти дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек хизматҳои шоиста менамояд. Ӯ ба ҳаводорони каломи бадеаш пайваста шеъру таронаҳои тараннумкунандаи зебоиҳои диёр, истиқлоли Ватан ва дӯстии халқҳоро пешкаш намуда, дар тарғиби равобити адабии ду халқи ба ҳам дӯсту бародар саҳм мегузорад. Ба шарофати тарҷумаҳои ноби С. Эрматов намунаи асарҳои бисёр адибони тоҷик ба китобҳои дарсии ӯзбекӣ дохил шудаанд. 
Ёдовар мешавем, ки Сулаймон Эрматов муаллифи китобҳои «Сухан аз об бигӯ», «Одоби оиладорӣ», «Модарам, ҷон модарам», «Дунё ба кафи туст, эй зан», «Таманно» ва як қатор китобҳои дарсӣ барои хонандагони муассисаҳои таълимашон ба забони ӯзбекӣ мебошад.
 
М. ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 21.05.2024 №: 94-95
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив