ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶУДО. СОМОН МАҲМАДБЕКОВ БОЗ ТАЪРИХСОЗӢ КАРД

ҶУДО. СОМОН МАҲМАДБЕКОВ БОЗ ТАЪРИХСОЗӢ КАРД

23 май 2024, Панҷшанбе
15
0
Паҳлавони маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков дар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ин дуюм медали ҷудокорони мо аз чемпионатҳои ҷаҳон маҳсуб меёбад. Медали якумро устураи ҷудои тоҷик Расул Боқиев соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ба даст оварда буд. 
Чемпионати ҷаҳонии ҷудо дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб ҷараён дорад. Пас аз он ки дар рӯзи дуюми зӯрозмоиҳо паҳлавони дигарамон Эмомалӣ Нуралӣ то нимфинал рафт ва бо сабаби лат бардоштани дасташ аз медал маҳрум монд, умедҳо барои такрори корномаи Расул Боқиев афзуд.
Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи сеюми рақобатҳо дар вазни -81 кг аввал бар намояндаи Фаронса Даниил Зубко, сипас бар варзишгарони Нидерланд Франк де-Вит, Миср Абдураҳмон Абдулғанӣ пирӯз шуд. Дар чорякфинал ҳарифаш чемпиони ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ буд. Паҳлавони мо зӯрозмоиро бо як вазари бохт ва ба даври тасаллобахш ё шанси дубора рафт, ки он ҷо паҳлавони бомаҳорати тими бетараф Давид Карапетянро мағлуб кард. Дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм бошад, Сомон бар намояндаи дигари Гурҷистон Дмитрий Гочиладзе дастболо шуд.
Тавре гуфтем, ин дуюм медали варзишгарони мо дар чемпионатҳои ҷаҳон дар намуди ҷудо ва 11-ум медал дар намудҳои олимпии варзиш мебошад.
Сомон Маҳмадбеков барои расидан ба ин дастовард заҳмати зиёд кашид. Ӯ дар ҳафтсолагӣ аз канори гарми падару модар, аз оғӯши гарми Ватан дур рафт, то бо сари баланд баргардад ва ба Тоҷикистони азиз ифтихор биёрад. 17 сол қабл амакҳояш Эргаш ва Фотеҳ ӯро ба Иркутск бурданд. Он ҷо тамрин кард ва аз соли 2017 дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат мекунад. Соли гузашта барои омодагӣ ба аввалин Гран-прии Душанбе доимӣ ба Ватан баргашт. Чун, бо роҳбарии Федератсияи ҷудои Тоҷикистонро ба зима гирифтани Исмоил Маҳмадзоир шароитҳои тамрину иштирок дар мусобиқаҳо фароҳам омад. Боз ҳам ба хотири дур нашудан аз толор ва беҳуда нагузарондани вақт дар хонаи падар наистод. Дар маҷмааи варзишии Иттифоқи касабаи кормандони маориф (клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф” дар ҳамин ҷо фаъолият мекунад) ҳуҷраеро ба иҷора гирифт ва шабонарӯз заҳмат кашид. Бо роҳнамоии мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тори. Воқеан, дар Гран-прии Душанбе медали тилло ба даст овард. Муваффақияти дигараш ин аст, ки танҳо ба ҷудо машғул шуд. Мисли бисёр паҳлавононамон, ба хотири автомобил ё дигар ҷоизаҳо, дар самбову курашу гӯштии миллӣ зӯрозмоӣ накард.
Ӯ миёни ҷудокорони кишвар аввалин нафарест, ки медали биринҷии Чемпионати ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон (Загреби Хорватия, 2017), унвони чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон (Марокаш, 2019) ва медали тиллои Бозиҳои Осиё (Ҳангжоуи Чин, 2023)-ро сазовор гаштааст. 
Заҳматҳояш беподош намонд ва аз соли 2017 то имрӯз барои дастовардҳояш дар 5 мусобиқа, аз ҷумла, медалҳои тилло ва биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон, медали тиллои Бозиҳои Осиё, медалҳои нуқра ва биринҷии чемпионати Осиё бо ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи умумии 300 000 сомонӣ ва соли гузашта барои медали тиллои Бозиҳои Осиё аз ҷониби раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хонаи сеҳуҷрагӣ қадр гардид. Имсол низ, барои муваффақияташ дар чемпионати ҷаҳон сазовори Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 100 000 сомонӣ хоҳад шуд.
Мураббӣ ва амаки Сомон Фотеҳ Маҳмадбеков пас аз муваффақияташ дар чемпионати ҷаҳон гуфт: “Имрӯз рӯзи таърихӣ барои ҷудои Тоҷикистон аст. Роҳи бисёр мушкил тай карда шуд. Медали биринҷии чемпионати ҷаҳон аз мост. Ба пеш ҳаракат мекунем! Ин оғози кор аст!”
Дар пеш Бозиҳои олимпӣ аст. Сомон Маҳмад-беков он ҷо яке аз фаворитҳо хоҳад буд.
 
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.05.2024 №: 96
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив