ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВОРИ ҒАЗЗА. ОҚИБАТҲОИ НОГУВОРИ ҶАНГ ВАЗЪИ ҶАҲОНРО ПЕЧИДАТАР МЕКУНАД

НАВОРИ ҒАЗЗА. ОҚИБАТҲОИ НОГУВОРИ ҶАНГ ВАЗЪИ ҶАҲОНРО ПЕЧИДАТАР МЕКУНАД

28 май 2024, Сешанбе
21
0
 
Дар пасманзари даргириҳои шадид дар Ғазза, Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки гуруснагии шадид ва буҳрони бесобиқаи озуқаворӣ барои аҳолии ин анклав боқӣ мемонад. Оҷонсии СММ оид ба гурезаҳои фаластинӣ (UNRWA) хабар медиҳад, ки кӯдакон ҳанӯз ҳам бо вазни хеле кам таваллуд мешаванд. Беш аз 150 ҳазор зани ҳомила ва ширдеҳ бо шароити номуносиби беҳдошт рӯ ба рӯ ҳастанд.
 
КӮДАКОН ҚУРБОНИИ ҶАНГ
Тибқи иттилои Барномаи ҷаҳонии ғизо, (WFP) ҳар сеюм кӯдаки то дусола ба норасоии шадиди ғизо ва камвазнӣ гирифтор аст. Барои каме аз байн бурдани ин мушкилӣ, Барнома ба оилаҳои ниёзманд хурмои витаминдорро тақсим мекунад. 
Афзоиши даргириҳо дар Рафаҳ ва Ғазза боиси ранҷу азоби садҳо ҳазор кӯдак, ки 218 рӯз боз  даҳшати ҷангро аз сар мегузаронанд, гардидааст. Дар ин бора Адел Ҳодр, директори минтақавии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ, чунин изҳор дошт: "Он чи ҷанг ба сари кӯдакон овардааст, вазъи бисёр изтиробангез аст. Ин аз оқибати ҷанг ҳам вазнинтар аст". 
Баъд аз оғози амалиёти низомӣ дар Рафаҳ беш аз 450 ҳазор сокини шаҳр маҷбур шуданд, ки хонаҳои худро тарк кунанд. Дар ҳамин ҳол, бомбапартоӣ ва амалиёти низомӣ дар шимоли Ғазза, аз ҷумла ба урдугоҳҳои гурезаҳо боиси  он гардид, ки 64 ҳазор нафар барои бехатарӣ паноҳгоҳҳои худро тарк намоянд.
"Одамони осоишта бе ин ҳам аз гуруснагиву беобӣ, вазъи ногувори равонӣ ранҷ мебурданд. Акнун бошад, бо маргу ҷароҳатҳои вазнин даст ба гиребонанду дар ҷомеаи вайронгаштаи худ дучори таҷовуз", – гуфта мешавад дар изҳороти намояндагони ЮНИСЕФ. 
 
ГУРУСНАГИВУ БЕОБӢ АЗ МУШКИЛИҲОИ АСОСӢ
Дар шимоли анклави Ғазза беморхонаҳои бузург ба коми оташ мераванд. Ин ҳолат ҷони ҳазорон нафарро зери хатар мегузорад. Ҳамчунин, аҳолии гурусна аз ҳама гуна ёриҳои башардӯстона маҳруманд. ЮНИСЕФ, инчунин, аз набудани инфрасохтори обтаъминкунӣ, дастрасӣ ба оби тоза ва вазъи ногувори санитарӣ нигаронӣ мекунад. Дар шаҳри Рафаҳ дастикам 8 пойгоҳи обтаъминкунӣ вайрону валангор гашт, ки 300 ҳазор нафар, аз ҷумла кӯдакон аз оби тозаи ошомиданӣ маҳрум шуданд. – Вақте ки об намерасад, аз ҳама бештар кӯдакон азоб мекашанд, – изҳор медорад Адел Ҳодр. Ба қавли ӯ, гузаргоҳҳои сарҳадӣ бояд ҳарчи зудтар кушода шаванд, то созмонҳои башардӯстона ёриҳои худро расонда тавонанд.  "Кӯдакони Ғазза, ки даҳшатҳои тасаввурнашавандаро паси сар карданд, ба оташбаси фаврӣ ва расидан ба ояндаи осоишта ниёз доранд", – гуфт директори минтақавии ЮНИСЕФ. Ба гуфтаи Адел Ҳодр, аз оғози даргириҳои ахир ЮНИСЕФ дар интиқоли ҳама гуна кӯмак ба Ғазза бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ шудааст ва камбуди маводи сӯхт аз мушкилии асосӣ боқӣ мемонад.
 
АГАР ОТАШИ ҶАНГ ХОМӮШ НАГАРДАД...
Шиддати буҳрони мусаллаҳона дар Ховари Миёна метавонад боиси афзоиши ҷаҳонии нархи гази табиӣ, нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти ғизоӣ гардад. Ин тахминро Бонки ҷаҳонӣ дар асоси таҳлилҳои худ моҳи апрел баён карда буд.
"Ин минтақа муҳимтарин таъминкунандаи газ ба шумор меравад, зеро 20 дарсади тиҷорати ҷаҳонии гази табиӣ аз гулӯгоҳи Ҳурмуз мегузарад", – гуфта мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ.
Бонки ҷаҳонӣ бар ин назар аст, ки агар интиқоли гази табиӣ қатъ шавад, нархи нуриҳо дар саросари ҷаҳон боло меравад ва ба ин далел қимати маводи ғизоӣ дар дунё меафзояд. Агар даргириҳо дар Ховари Миёна хотима ёбанд, дар ин сурат нархи нуриҳои минералӣ ва маводи ғизоӣ коҳиш меёбад.  
Илова бар ин, тибқи ин пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, нархи молу маҳсулот дар соли равон се дарсад ва дар соли оянда чор  дарсад поин хоҳад рафт. Аммо, то ҳол ин нишондиҳандаҳо наметавонанд ба сатҳи миёнаи нархҳо дар панҷ соли пеш аз пандемияи COVID-19 баргарданд. 
Бонки ҷаҳонӣ, ҳамчунин, пешгӯӣ кардааст, ки бидуни шиддатёбии ҷанг дар Ховари Миёна, нархи як бушка нафти "Brent" дар соли ҷорӣ 84 доллар ва дар соли 2025 то 79 доллари ИМА поин хоҳад рафт. Афзоиши ҷанг бошад, ба халалдор шудани интиқоли нафт ва афзоиши таваррум дар ҷаҳон таъсир мерасонад. Мутобиқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ, дар сурати поён ёфтани ҷанг, қимати нафт то 92 доллар барои як баррел поён меравад, дар ҳоли афзудан ба беш аз 100 доллар мерасад.
Хуллас, вазъ дар Шарқи Миёна рӯз ба рӯз шадидтар шуда истодааст: ҳам дар масъалаи дастрасӣ ба ғизову оби тоза, ҳам дар масъалаи бехатарӣ. Дар ин миён осеби бештар ба занону кӯдакон мерасад. Ҳарчанд созмонҳои байналмилалӣ кӯшиш доранд ба зарардидагон ёрӣ расонанд, аммо ҷанг монеа эҷод карда истодааст. Ҳатто, паноҳгоҳҳои муваққатии гурезаҳо аз таъсири ҷанг эмин нестанд. 
Гузашта аз ин, шиддатёбии ҷанг боиси болоравии нархи маводи сӯзишворӣ гардидааст, ки дар пайи ин арзиши нуриҳои минералӣ ва маводи ғизоӣ боз ҳам боло рафт. 
Дар маҷмуъ, таъсири ин ҷанг аз ҷангҳои дигар, ки дар ҷаҳон идома доранд, шадидтар арзёбӣ мегардад. Зеро зарари он ба кулли ҷаҳон мерасад.
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 28.05.2024 №: 99
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив