ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҚАТРАЕ БУДУ ЧУН ГАВҲАР БИРАФТ… ЁДЕ АЗ НОРА УЛУҒЗОДА, АДИБ, ОЛИМ, ТАРҶУМОН

ҚАТРАЕ БУДУ ЧУН ГАВҲАР БИРАФТ… ЁДЕ АЗ НОРА УЛУҒЗОДА, АДИБ, ОЛИМ, ТАРҶУМОН

28 май 2024, Сешанбе
29
0
Ҳалима Хушқадамова, журналист, доктори илмҳои сотсиологӣ, профессори кафедраи забонҳои ҳиндуэронӣ ва африқоии Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Россия, моҳи апрели соли 2024, мақолае ба нашр расонд, ки оид ба ҳаёту фаъолияти духтари устод Сотим Улуғзода ва тарҷумони шинохта Клавдия Александровна Улуғзода – Нора (Элеонора) Улуғзода маълумот медиҳад. Нора Улуғзода соли 1933 дар шаҳри Душанбе дида ба олами ҳастӣ кушода, маълумоти миёнаро дар зодгоҳ соҳиб гашта, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. Ломоносовро хатм кардааст. Нора Улуғзода, ки ӯро устод меҳрубонона ва бо навозиш Норахон мегуфтанд, завҷаи олими барҷастаи эроншиноси замони шуравии тоҷик, мутахассиси сатҳи ҷаҳонӣ оид ба тадқиқоти забонҳои Яғноб ва болооби Зарафшон  Алберт Леонидович Хромов буд. Онҳо соҳиби ду фарзанд – Леонид ва Комила буданд. 
Баъди оғози воқеаҳои хунбори солҳои 90-уми асри ХХ ва шуруи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, оилаи онҳо аз шаҳри Душанбе ба Россия кӯчид. Леонид шаҳри Сочиро интихоб кард, Комила яке аз ҷумҳуриҳои собиқ бародарро. Нора дар ҳамсоягии падараш Сотим Улуғзода дар шаҳри Москва муқимӣ шуд. 
Устод Сотим Улуғзода се фарзанд доштанд: Нора ва Азизхон, аз никоҳи аввал бо Клавдия ва писари хурдӣ Зарифхон, аз никоҳи дуюм бо Любов Андреевна. Онҳо, яъне Нора ва Любов Андреевна, то лаҳзаи охири ҳаёт устодро парасторӣ намуданд. 
– Солҳои 1993-2003, – менависад Ҳалима Хушқадамова,– ман ба ҳайси котиби матбуотии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия кор мекардам ва ҳар гоҳе имкон пайдо мегашт, ҳатман ба аёдати устод мерафтам. Дар ҳамон солҳо бо бонуи суҳбаторову хушсухани донишманд, бозаковат, олими соҳаи филология, тарҷумони босалиқа, хоксору фурӯтан Нора Улуғзода, намояндаи зиёиёни замони шуравии тоҷик, шинос гаштам. Бо ҳамин хислатҳои меҳмоннавозиву одамдӯстиаш монои устод Сотим Улуғзода буд. 
Бону Нора модарандарашро зиёд эҳтиром мегузошт, сухан нарм мегуфт, падар аз ин муносибати дӯстонаи онҳо дар куҳансолӣ ҳам неруе мегирифтанду ҳам фароғате доштанд зиёда. Вақте ки соли 1997 дили аз меҳри Ватан моломоли устод  Сотим Улуғзода аз тапидан монд, Нора аз ин воқеаи ғамангез бародараш Азизхонро бохабар гардонд ва ба шаҳри Лондон рафт, то ки якҷоя бо баргузор намудани маросими ёдбуд руҳи падарро шод гардонанд. Ба навиштаи Ҳалима Хушқадамова, Норабону солҳои баъд низ бо бародараш дар робита будааст ва чанд бор боздид ҳам доштааст, аммо дар бораи оиладорӣ, фарзандони Азизхон ва муносибаташ бо падар иттилое ба нашр нарасондааст. Шояд нахостааст… 
Дар кӯчаи Нагатинскийи шаҳри Москва, устод Сотим Улуғзода бо Любов Андреевна мезист ва дар ҳамин макон Зариф ба дунё омада, ба камол расид. Соли 1995 вохӯрии таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устоди зиндаёд ба вуқуъ пайваст. Ҳамон вақт Пешвои муаззами миллат дар саммити сарварони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба ифтихори 50-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок доштанд. 
Сарвари давлат ба дидорбинии устоди бузург ташриф оварданд. Рамазон Мирзоев, сафири вақти фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, нахуст ба ҳуҷраи устод ворид гашт, то бифаҳмад, ки вазъ чӣ гуна асту устод чи ҳоле доранд. 
«Ман, завҷаи устод, фарзандони ӯ – Нора ва Зариф дар паҳлуи кати бемор менишастем,– нигоштааст Ҳалима Хушқадамова дар ёддошти худ. – Устод бемори вазнин буданд. Бо сабабҳои маълум, аз ташриф овардани Сарвари давлати Тоҷикистон устод хабар надоштанд ва ӯро барои қабули меҳмони олиқадр омода ҳам накарда буданд. Вале, вақте ки Президенти муҳтарам вориди ҳуҷраи устод шудаву адиби шуҳратёрро ба оғӯш гирифтанд, Сотим Улуғзода лаҳзае ба худ омада, бо имову ишора хоҳиши нишастан карданд. Бо ёрии ҳозирон хоҳиш иҷро шуд. Устод, ки, умуман гап намезаданд, калимаҳоеро ба забон оварданд, аммо танҳо вожаи «Ватан, Ватан» ба гӯш мерасид. Чашмони устод барқ мезаданд, дар лабонашон табассум гул мекард.  
Пас аз бозгашти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳангоми чойнӯшӣ бо аҳли оилаи устод, аз Любов Андреевна пурсидам:
–Чӣ хел шуд, ки устод ба гап даромаданд?  
–Устод ҳарфе намезаданд, аммо ҳамаи онҳоеро, ки ба дидорбинӣ меомаданд, медиданд, мешуниданд ва мефаҳмиданд. Замоне буд, ки ӯро ба Ҳукумат наздик намемонданд, ҳатто  дар борааш шунидан намехостанд, вай аз ин тарзи муносибат бисёр азоби руҳӣ мекашид, имрӯз бошад, худи Президент устодро хабар гирифтанд…, – гуфт завҷаи устод, ки аз шодӣ чашмонаш нур мепошиданд.
Баъди гузашти устод, дар кӯчаи Нагатинский, дар ҳуҷраи меросии падар, Зариф бо модар зист. Ба гуфти Любов Андреевна, бо сабаби парастории қиблагоҳ, Зариф натавонист маълумоти олӣ гирад ва ё соҳиби касбе  гардад. Аз ин рӯ, баъди сари падар дар Сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Москва дар қисми хоҷагӣ ба кор даромад. Аз рӯи маълумоти Ҳалима Хушқадамова, баъдтар оилаи онҳо ба ноҳияи назди Москва кӯчидааст. Любов Андреевна аз дунё чашм мепӯшад, ҳаёти минбаъдаи Зариф низ барояш норавшан мондааст, вале ӯ мақсад дорад, ки аз зиндагии Зариф воқиф гардад. Норабону ба назди писараш ба Сочи рафт ва дар ҳамон ҷой манзили охирин ёфт.  
«Имрӯз маро эҳсосоти аҷиби ҳам дардолудаву ҳам хурсандибахш фаро гирифтааст. Аз он шодам, ки бо чунин оилаи фарҳангию наҷиб шинос будам ва ҳамаи моро устод Сотим Улуғзода – яке аз бузургтарин нависандаҳои муосир ва падар муттаҳид карда буданд. Аз он ғам мехӯрам, ки боз як нафар идомабахшандаи ин сулолаи бузург аз байн рафт. Ба ҳамаи онҳое, ки Нора Улуғзодаро медонистанд, ба ҳамаи онҳое, ки шефтаи осори илмиву адабии падари бузургвори ӯ Сотим Улуғзода буданд, ба ҳамаи онҳое, ки ба шарофати тарҷумаҳои модараш Клавдиябону бо намунаҳои адабиёти тоҷику форс шинос шудаанд ва ба шогирдони тоҷики шавҳараш Алберт Леонидович Хромов, ки дар омӯзиши забону маданияти Яғноб саҳми шоиста гузоштааст, мерасонам, ки Нора Улуғзода дар ибтидо қатрае буду дар интиҳо чун гавҳари пурҷило рафт»,– бо чунин сатрҳои дилсӯзона ва ҳам хотирмон ба меҳрномааш нуқта гузоштааст Ҳалима Хушқадамова. 
 
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 28.05.2024 №: 99
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив