ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 88 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ЯК СОЛ. СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ ДАСТОВАРДҲОИ БУЗУРГИ ЯК МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

88 ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ЯК СОЛ. СУХАНЕ ЧАНД ДАР БОРАИ ДАСТОВАРДҲОИ БУЗУРГИ ЯК МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

31 май 2024, Ҷумъа
276
0
 
88 ҷойи ифтихории толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе дар ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии соли таҳсили 2023-2024, воқеан, дастоварди бузургест. Хонандагони ин боргоҳи илм бо гирифтани 12 ҷойи якум, 26 дуюм ва 50 ҷойи сеюм, дар байни дигар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ чун ҳамасола мақоми аввалро касб карданд. Бояд гуфт, ки Литсейи мазкур бо сифати баланди таълими фанҳои дақиқу табиӣ дар байни мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар пешсаф аст. 
Хабарнигорамон дар суҳбат бо Асҳобиддини Шералӣ, директори Литсейи мазкур, сабабу омилҳои ин ва дастовардҳои дигари муассисаро пурсон шуд.
 
– Асҳобиддини Шералӣ, шогирдони Литсей солҳои гузашта низ соҳиби дастовардҳои назаррас буданд. Маълум аст, ки пирӯзӣ дар озмунҳо кори саҳл нест. Ба устодони ин даргоҳ чӣ гуна муяссар гашт, ки дар таълими фанҳои дақиқ муваффақ бошанд?
– Яке аз принсипҳои асосӣ дар омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳо муайян намудани қобилият ва истеъдоди онҳо маҳсуб меёбад. Дар ҳолати муайян гардидани хонандагони лаёқатманд, онҳо ба гурӯҳҳои олимпие, ки дар Литсей амал мекунанд, шомил мегарданд: гурӯҳҳои омодагӣ, давомдиҳанда ва олимпӣ. Барои омода кардани як хонанда 3-4 омӯзгор ҷалб шудаанд ва вобаста ба барнома, мавзуъ ва корҳои озмоишӣ бо хонанда фаъолият мекунанд.
Ширкат дар озмунҳои байналмилалӣ, дар навбати аввал,  сатҳи донишандӯзӣ ва қобилияту истеъдоди зеҳнии намояндагони ҳар миллату кишварро муаррифӣ месозад.  Дар онҳо  имкон фароҳам аст, ки шогирдонамон дониши хешро бо мактаббачагони кишварҳои дигари ҷаҳон муқоиса намоянд.  
Иштирок дар озмунҳо ба беҳтар шудани сифати таълими фанҳо дар  мактаб  такон мебахшад.  Зеро омӯзгорони мо ҳини роҳбаладии шогирдон дар чунин олимпиадаҳо  таҷрибаҳои пешқадами таълими кишварҳои дигарро омӯхта, беҳтаринашро дар Литсей ба кор мебаранд.
Инчунин, кӯшиш менамоем, ки ғолибонро бо мукофотҳои моддиву маънавӣ ҳавасманд гардонем. Пирӯзии шогирдонамон дар озмунҳо хонандагони дигари Литсейро ҳам ҳавасманд месозад. Онҳо медонанд, ки бо меҳнати бештар  на танҳо ғолиби озмунҳо мегарданд, балки имкони таҳсилро дар  мактабҳои беҳтарини олии ҷаҳон пайдо мекунанд. Чунончи, имсол шогирдони Литсей Сангинов Абдураҳим ва Мусъаб Юсуфзода аз имтиҳони тестие, ки барои таҳсил дар мактабҳои олии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикову Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад, гузаштанд. Маблағи хароҷоти таҳсил, ҷои зист, хӯрок ва роҳкиро пурра ба уҳдаи ин кишварҳост. Онҳо ният доранд, ки таҳсилашонро бо ихтисоси барномасозӣ идома диҳанд. Як нуктаи дигарро бояд ёдовар шуд, ки аз шумораи умумии 240 барандаи стпендияҳои раиси шаҳри Душанбе 33 нафарашро хонандагони Литсей ташкил медиҳад, ки дастоварди бузург аст.
 
– Дар  масъалаи омӯзиши фанҳои таълимӣ, бавижа фанҳои дақиқу табиӣ,  дастовардҳои шогирдони Шумо хеле зиёданд. Аз кадом усул ё методҳо кор мебаред, ки чунин натиҷа меорад?
– Тарзу усулу методҳои таълиме, ки дар Литсей ба кор мебарем, замонавиянд.  Тафовути кори мо аз мактабҳои дигар он аст, ки барои ҳарчи барвақттар интихоб кардани самти ихтисос ба хонандагон шароит фароҳам овардаем. Хонанда ба омӯзиши он фанҳое, ки бо ихтисоси ояндааш алоқаманд аст, ҷиддитар машғул мешавад. 
Дар Литсей ба фанҳои дақиқ диққати аввалиндараҷа дода шуда, қабули муҳассилин бо тариқи озмун сурат мегирад. Инчунин, ҳангоми қабули довталабон ба масъалаи забондонии хонандагон таваҷҷуҳ карда мешавад, зеро дар муассиса таълими фанҳои дақиқ пурра ба забони англисӣ ва фанҳои ҷомеашиносӣ ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ин рӯ, ҳангоми қабул ба ду принсип такя карда мешавад: забондонӣ ва шавқу рағбат доштан ба фанҳои дақиқ. 
– Дар заминаи эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, Литсей чун базаи дорои кадрҳои фанҳои дақиқ чӣ нақшаҳо дорад?
– Ин бистсола барои муаррифии ҳаводорони илмҳои дақиқу техникӣ кори хуб шуд. Аз ҷумла, Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” таваҷҷуҳи онҳоро зиёд намуд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки соли гузашта дар даври ҷумҳуриявии Озмуни мазкур омӯзгорону хонандагони литсей 11 ҷойи ифтихориро сарфароз гаштанд. Муҳаммадзариф Зарифов, омӯзгори фанни биология аз рӯйи номинаи “Биология”, Абдухолиқ Холиқзода, хонандаи синфи 11 аз рӯйи номинаи “География”, Меҳрубон Ситамов, хонандаи синфи 11 аз рӯйи номинаи “Математика” ва Ҳусейн Ғуломзода, хонандаи синфи 11 аз рӯйи номинаи “Физика ва астраномия” мақоми аввалро касб карданд. 
 
–  Навгониҳо хеле зиёданд. Дар оянда боз чӣ дигаргуниҳо дар назар доред? 
– Ният дорем, ки дар оянда бо ҷалби хонандагони болаёқат ва омӯзгорон аз кишварҳои олам олимпиадаи сатҳи байналмилалиро ташкил ва баргузор намоем. Ин омил метавонад, аз як сӯ, кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад, аз ҷониби дигар, табодули таҷриба ба вуҷуд меояд ва шавқу рағбати хонандагон ба омӯзиш бештар мегардад. 
Айни замон диққати махсус ба омӯзиши фанҳои дақиқ, махсусан, риёзӣ ва табиатшиносӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русиву англисӣ, дода мешавад, зеро таълими самараноки ин фанҳо барои ояндаи Тоҷикистон ниҳоят муҳим мебошад. Боиси тазаккур аст, ки таълими босифати фанҳои дақиқ қобилияти навҷӯӣ ва мафкураи хонандагонро қавӣ гардонда, майлу рағбати онҳоро ба эҷодкорӣ, навоварӣ ва ихтироъкориву моделсозӣ бештар мегардонад ва барои интихоби огоҳонаи касбу ихтисосҳои равияи техникиву технологӣ, ки ба иқтисодиёти миллӣ заруранд, мусоидат менамояд. 
 
Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 30.05.2024 №: 101-102
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив