ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД  БО АННА КУЗНЕТСОВА

МУЛОҚОТИ ДАВЛАТАЛӢ САИД  БО АННА КУЗНЕТСОВА

03 июн 2024, Душанбе
11
0
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо хонум Анна Кузнетсова, вазири кишоварзӣ ва бозори истеъмолии вилояти Свердловски Федератсияи Россия, мулоқот анҷом дод.
 
Зимни мулоқот Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки вилояти Хатлон дорои иқлими мусоид барои рушди соҳаи кишоварзӣ буда, деҳқонони асилу соҳибтаҷрибааш тавассути омӯзиши роҳу усулҳои муосири соҳа ва меҳнати содиқонаву ҳавасмандона сол ба сол ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида, дар баробари таъмини талаботи бозори истеъмолии мамлакат, ҳамзамон, ҳазорҳо тонна маҳсулоти гуногунро ба дигар давлатҳо низ содирот менамоянд.
– Ҳадафи  мулоқоти  мо  низ  суҳбат бо соҳибкорону деҳқонон ва содироти  маҳсулоти кишоварзӣ ба вилояти Свердловск мебошад, – гуфт Анна Кузнетсова.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола дар вилояти Хатлон зиёда аз 300 ҳазор тонна пахта, 2,5 миллион тонна меваю сабзавот, аз ҷумла 500 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ, ангур ва зироатҳои полизӣ истеҳсол мешаванд, ки як қисмати он ба хориҷи кишвар содирот мегардад.
Пас аз мулоқот барои огоҳии бештар оид ба вазъи соҳаи кишоварзӣ меҳмонон аз корхонаҳои саноатӣ ва заминҳои кишоварзии шаҳри Бохтар, хоҷагиҳои деҳқонӣ, заминҳои полизӣ, киштзорҳои сабзавот ва гармхонаҳои лимӯпарварии ноҳияи Кӯшониён дидан намуданд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 03.06.2024 №: 104
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив