ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

04 июн 2024, Сешанбе
14
0
Корманди милитсия бо 76000 сомонӣ ба толори суд рафт
Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба М. Насиров, ки аз 18-уми июли соли 2023 то 27-уми январи соли 2024 вазифаи сардори нуқтаи мутамарказонидашудаи муҳофизаи ШХД “Муҳофиза”-и ШВКД дар шаҳри Конибодомро иҷро мекард, баъд аз тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд фиристода шудааст.
Дар шарҳи ин ин хабар гуфта мешавад, ки М. Носиров бо роҳи фиреб ба бовари шаҳрванд Б.Т. даромада, аз номбурда барои тавассути шиносҳояш омода карда додани билетҳои ҳарбӣ ба номи наберааш Б.Т.О. ва ҷиянаш Ҷ.Д.Т. 76000 сомонӣ талаб намуда, ин миқдор маблағро дар ду марҳала гирифтааст.
Вобаста ба ин ҳолат нисбати М. Носиров бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ (қаллобӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, ки ин банди қонун ҷазо дар намуди ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ солро пешбинӣ мекунад.
 
 
Боздошти зану шавҳаре, ки 920 468 сомониро дуздиданд
Кормандони милитсия зану шавҳареро дар шаҳри Норак боздошт карданд, ки ба содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар мешаванд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбарон (зани 24-сола ва марди 26-сола) ҳанӯз 1-уми январи соли 2024 пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 43-солаи сокини шаҳри Норак шуда,  920 468 сомониро дуздидаанд, ки ҳоло аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад. 
 
 
Кордбадасте, ки завлонабадаст шуд
Мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар кирдори ҷавони 19-солаеро тафтиш мекунанд, ки ба содир намудани ҷинояти авбошӣ гумонбар дониста мешавад.
Тавре, сомонаи ВКД хабар дод, ин ҷавон 27-уми майи соли 2024 дар кӯчаи Ваҳдати шаҳри Бохтар ба марди 29-солаи сокини ҳамин шаҳр дарафтода, бе ягон асос ӯро латукӯб намудааст. Гуфта мешавад, ки гумонбар дар идомаи моҷаро марди 29-соларо бо зарби корд захмӣ намудааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.06.2024 №: 105
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив