ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАНҶ. РОҲҲО ТО ДОМОНИ ПИРЯХҲО НАВСОЗӢ ХОҲАНД ШУД

ВАНҶ. РОҲҲО ТО ДОМОНИ ПИРЯХҲО НАВСОЗӢ ХОҲАНД ШУД

04 июл 2024, Панҷшанбе
11
0
Дар 85-километрии маркази ноҳияи Ванҷ, шаҳраки Рохарв дурдасттарин музофоти водии Ванҷи Боло калонтарин пиряхҳои кишвар Ванҷия ва Хирсону Кашолаях ва Абдулқаҳҳор воқеъ гаштаанд. Дарозии лозури Ванҷия (пештар пиряхи Федченко) зиёда аз 77 километр, паҳноиаш то 5,5 километр ва баландиаш аз 700 то 1000 метрро ташкил менамояд. Ҳудуди ин пиряхи азиму пурмуъҷиза то ҳудуди деҳоти Қароқӯли ноҳияи Мурғоб, водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ва ноҳияи Лахши водии Рашт тул мекашад. 
Ба гуфти муовини аввали раиси ноҳияи Ванҷ Фурқати Ҳукумат тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар ҷаҳонгардони хориҷӣ, ватанӣ ва садҳо нафар меҳмонон ба дидани ин муъҷизаҳои ҳайратангез ва беҳамтои диёри Ванҷ ин гӯшаи назаррабои Тоҷикистон меоянд. Ба хотири истироҳати бофароғати ҷаҳонгардон дар мавзеи Вишхарваки деҳоти Рованд, ки забонаҳои ин пиряхҳои азамат барало намоёнанд, маҷмааи истироҳатӣ бо номи “Ванҷи Боло” ва чанд меҳмонхона ва нуқтаҳои хизматрасонӣ бунёд гаштаанд. Ҳамчунин, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд 5 пули мошингард аз болои дарёи Ванҷоб ва рӯдхонаҳои кӯҳӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Мутаассифона, роҳҳо ва пулҳои нақлиётгузари наздикии пиряхҳои Ванҷия, Хирсону Кашолаях аз деҳаи Пои Мазор то домони қуллаҳои Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино ҳоло ҳам вайронанд. Ин масофаро коршиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар бахши омӯзиши пиряхҳо ва садҳо хоҳишмандони дӯстдори табиати кишвар, ки барои назораи ин муъҷизаҳо ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва умуман Тоҷикистони биҳиштосо ташриф меоранд, ҳоло пиёда мепаймоянд.
– Сокинони ноҳияи Ванҷ ва кулли мардуми шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бовар ба он доранд, ки бо ташаббусҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани қатъномаи Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва натиҷаҳои сеюмин Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе шароит ва имконият пайдо мегардад ва навсозии роҳу пулҳо ба ҷониби пиряхҳои Ванҷия, Хирсон ва Кашолаях ва наздикиҳои қуллаҳои сарбаланди Исмоили Сомонӣ ва Абуалӣ ибни Сино оғоз хоҳад шуд. Чуноне ки мегӯянд: “Оғози некро анҷоми нек дар пеш аст”.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият,
Сироншоҳи ДИЛОВАР, рӯзноманигор
Санаи нашр: 04.07.2024 №: 126
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив