ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ДАҲ ТО САД ҲАЗОР СОМОНӢ.  БАҲСИ ПОРАХӮРИИ ДУ МАНСАБДОР БА СУД РАФТ 

АЗ ДАҲ ТО САД ҲАЗОР СОМОНӢ.  БАҲСИ ПОРАХӮРИИ ДУ МАНСАБДОР БА СУД РАФТ 

12 июн 2024, Чоршанбе
36
0
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10-уми июн аз ошкор шудани ду ҳолати порагирӣ ва анҷоми тафтишоти пешакӣ дар робита ба ин мавридҳо хабар дод.
Тибқи иттилои маркази матбуотӣ Агентӣ, дар мавриди аввал мутахассиси пешбари гурӯҳи хизматрасонӣ ба соҳибкорони инфиродии шуъбаи хизматрасонӣ ба андозсупорандагони нозироти андози шаҳри Ваҳдат З. Ҳабибов даст ба чунин кирдори ғайриқонунӣ задааст. Чунончи, номбурда ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, моҳи марти соли ҷорӣ аз шаҳрванд С.С. барои тартиб додани санади муқоисавӣ ва мусоидат ҷиҳати қатъ намудани фаъолияти соҳибкории хешовандаш Ҳ.А., ки иҷрои ин амал ба доираи ваколати мансабиаш дохил мешуд, 10 000 сомонӣ талаб намудааст. Дар ҳамин ҳол ҳангоми гирифтани ин миқдор маблағ ба сифати пора аз тарафи кормандони Агентӣ дастгир шуд.
Дар мавриди дуюм Ҷ. Набиев, раиси Ҷамоати шаҳраки Москваи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ба гирифтани маблағи аз ин бештар айбдор мешавад. Ба гуфтаи манбаъ, ӯ моҳи феврали соли ҷорӣ бо истифода аз ваколати мансабӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҷудо кардани қитъаи замин бо ҳадафи сохтани сехи истеҳсолӣ ва дӯзадандагӣ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳрак аз шаҳрванд Я. Х. 100 000 сомонӣ талаб намудааст. Вале ба ин мақсади худ нарасида, зимни гирифтани 99500 сомонӣ дар дафтари кориаш ба дасти маъмурони Агентӣ афтод.
Вобаста ба ҳар ду ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол шудааст. Зимнан, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба З. Ҳабибов бо моддаи 319 қисми 1 (гирифтани пора аз ҷониби шахси мансабдор) ва алайҳи Ҷ. Набиев бо моддаи 319 қисми 4 банди «г» (гирифтани пора ба миқдори калон)-и Кодекси ҷиноятӣ бандубаст шудааст, ки ин бандҳои қонун мутаносибан ҷазо дар намуди ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлатҳои аз се то ҳафт ва аз ҳафт то 12 солро пешбинӣ мекунанд. 
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 12.06.2024 №: 111
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив