ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИФРОТГАРОӢ  ВА ТЕРРОРИЗМ. ҶАВОНОН ДАР МУБОРИЗА БО ИН ЗУҲУРОТ БОЯД ҚАВӢ БОШАНД

ИФРОТГАРОӢ  ВА ТЕРРОРИЗМ. ҶАВОНОН ДАР МУБОРИЗА БО ИН ЗУҲУРОТ БОЯД ҚАВӢ БОШАНД

13 июн 2024, Панҷшанбе
18
0
Вазъи ҷаҳони муосир тақозо мекунад, ки дар самти тарбияи насли солиму ояндасоз, баробари татбиқи барномаҳои давлатӣ бояд дар вуҷуди наврасону ҷавонон мафкураи зидди ифротгароиро эҷод кард. Зеро имрӯз терроризму экстермизм аз ҷумлаи зуҳуроти харобиоваре шинохта мешаванд, ки ҳамоно боиси ташвишу нигаронӣ тамоми мардуми сайёра аст. 
Ҳоло мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ касб карда, як қатор кишварҳои ҷаҳонро ноором сохтааст. Дар ҳамин ҳол, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оқибатҳои фоҷиабори терроризму ифротгароиро аз сар гузарондааст, тайи чанд соли охир дар самти муқовимат бо ин зуҳуроти номатлуб тадбирҳои муассирро роҳандозӣ мекунад. 
Дар пасманзари иқдомҳои ахири давлати соҳибистиқлоли мо вобаста ба тақвияти муборизаи муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ алайҳи терроризму экстремизм мешавад ба ин  натиҷа  расид,  ки  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар  шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова ба ҳалли масоили вобаста ба обу иқлим дар ин самт ҳам як кишвари пешоҳанг аст. Равшантарин далел баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо» аст, ки моҳи октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе сурат гирифта буд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мизбонии ин ҳамоиши байналмилалӣ бори дигар аз худ ҳамчун мамлакати ҷонибдори сулҳу субот ва ҳамоҳангсози тадбирҳои муштарак дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ паём дод, ки мавриди эътирофи давлату созмонҳои хориҷӣ гардид. 
Хушбахтона, тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумат дар самти пешгирии шомилшавӣ ба сафи гурӯҳҳои террористӣ – экстремистӣ самар дода, дар натиҷаи ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ сокинон ҳадафу барномаҳои тахрибкоронаи ифротгароёнро дуруст дарк намуданд. Ташкили мулоқоту вохӯриҳои судманди мақомоти марбутаи давлатӣ  бо сокинону аҳли ҷамоатчигии мамлакат таъсирбахш буд, ки ин натиҷаро метавон дар омори шомилшавии шаҳрвандон ба гурӯҳҳои террористӣ мушоҳида кард, ки тамоюли мусбат дорад. Вале бо ин наметавон қаноат кард ва зарур аст, ки барои тамоман решакан кардани зуҳуроти терроризму ифротгароӣ дар ҷомеаи тоҷик ба корҳои бештари идеологӣ рӯ овард. Дар ин самт мо - омӯзгорон бояд ҳарчи бештар таваҷҷуҳ намуда, оқибатҳои фоҷеабори пайвастан ба гурӯҳҳои тундраву манфиатхоҳро ба насли ҷавон фаҳмонем. 
Бояд муваффақ шавем, то ҷавонони тоҷик, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, ҳеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нагарданд. Дар зимн, бовар дорем, ки насли ҷавону саодатманди кишвар аз ин зуҳуроти нангин худро дур гирифта, барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ватандорони асили ин сарзамини куҳанбунёд кӯшиш хоҳанд кард. 
Тоҳир ОДИЛОВ, 
декани факултети кори ҳамширагии 
Муассисаи ғайридавлатии 
Коллеҷи тиббии ноҳияи Рӯдакӣ
Санаи нашр: 13.06.2024 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив