ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

ҶИНОЯТ ВА ҶАЗО

19 июн 2024, Чоршанбе
39
0
Ду порахӯрро ба толори суд бурданд
Мутахассиси шуъбаи ташкили андозбандии шахсони воқеии нозироти андоз дар шаҳри Ваҳдат К. Саидзода моҳи апрели соли ҷорӣ аз шаҳрванд А.Р. барои омода карда додани маълумотнома оид ба қарздор набудани падараш аз андози замин 4000 сомониро ба сифати пора талаб намудааст.
Дар ин бора маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хабар дод. Бино ба иттилои манбаъ, ғайр аз ин, К. Саидзода ҳамон вақт дар ҳамдастӣ бо сардори шуъбаи ҳуқуқ ва кадри КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Ваҳдат Т. Рабизода барои таҳияи ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин 7200 сомонӣ талаб карда, зимни гирифтани ин маблағ аз сӯи кормандони Агентӣ дастгир шуданд.
Вобаста ба ин ҳолат алайҳи К. Саидзода бо моддаҳои 319 қисми 1, 36 қисмҳои 3, 5 ва 247 қисми 2 бандҳои “в, г” ва нисбат ба Т. Рабизода бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в, г” Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.
 
 
Парвандаи ҷиноятӣ алайҳи “соҳибкор”-и мардумфиреб 
Аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба як сокини шаҳри Конибодом, ки аз ӯ марди 32-сола ном бурда мешавад, барои қаллобӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ, кормандони милитсия маълум карданд, ки ин мард моҳи феврали соли 2023 бо роҳи фиреб ба бовари марди 36-солаи ноҳияи Деваштич даромада, худро ҳамчун соҳибкор муаррифӣ ва бо ваъдаи аз хориҷа овардани воситаи нақлиёти “Мерседес Бенс” аз ӯ 915 ҳазор рубли русӣ баробар ба 133 ҳазору 132 сомонӣ гирифтааст. Вале ин аҳдро то ҳол иҷро накарда, маблағи мазкурро ба манфиати худ сарф намудааст, ки вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад. 
 
 
Милитсия ба дасти марди дузд завлона зад
Дар шаҳри Кӯлоб як марди 34-соларо ба гумони дуздӣ дастгир намуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
Тавре сомонаи ВКД дар ин бора хабар дод, боздоштшуда 12-уми июни соли ҷорӣ аз як мағозаи фурӯши матои занона, воқеъ дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб 12 ҳазору 500 сомониро дуздидааст.
 
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 19.06.2024 №: 115
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив