ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУРҒОБ. КИШОВАРЗӢ ДАР ШАКЛИ НАВ РУШД МЕКУНАД

МУРҒОБ. КИШОВАРЗӢ ДАР ШАКЛИ НАВ РУШД МЕКУНАД

09 июл 2024, Сешанбе
16
0
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ корҳои муайян анҷом меёбанд. Дар ноҳияҳои поёноби вилоят гирифтани 2-3 ҳосил аз заминҳои кишт анъана шудааст, дар ноҳияҳои баландкӯҳ бошад, бештар ба ташкили гармхонаҳо афзалият дода мешавад. 
 
Мусо Мирзозода, муовини раиси вилояти ВМКБ, зикр кард, ки бо сабаби тулонӣ будани фасли сармо, бахусус дар минтақаҳои шарқии вилоят, тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, барои таъмини доимии аҳолӣ бо маҳсулоти полизӣ солҳои охир бунёди гармхонаҳо ба роҳ монда шудааст. Имрӯз дар вилоят 388 гармхона дар майдони 5,9 га бунёд гардида, аз онҳо ҳосили дилхоҳ гирифта мешавад. Ҳатто, дар ноҳияи Мурғоби баландкӯҳ, ки иқлими басо сард дорад, бунёди гармхона гӯё мумкин набуд, дар се соли охир 24 гармхона дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Имрӯз сохтмони боз чанд гармхонаи нав дар ноҳия идома дошта, то охири сол боз даҳ гармхонаи дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Дар шароити ноҳияи Мурғоб ин ягона роҳи таъмини ҳаддалимкони сокинон бо маҳсулоти тару тозаи худии кишоварзӣ мебошад. 
Мавсуф аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки бошандагони ноҳия имрӯз ба таври оммавӣ ба ташкили гармхонаҳо рӯ овардаанд ва ин имкон медиҳад, ки онҳо на танҳо дастархони хонаводаҳояшонро бо маҳсулоти хушсифати полизӣ таъмин менамоянд, балки аз ҳисоби фурӯши миқдори муайяни маҳсулот даромади иловагӣ ба даст меоранд. Ба гунаи мисол, Сафаргул Пириева, сокини маркази ноҳия, давоми зиёда аз ду сол ба парвариши помидору бодиринг ва дигар маҳсулоти полизӣ дар шароити гармхона машғул аст. Ин бонуи меҳнатдӯст зодаи ноҳияи Рашт буда, соҳиби панҷ фарзанд мебошад. Ӯ мегӯяд, ки бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 гармхона бо дарозии 15 метр ва бараш 6 метр бунёд карда, дар он намудҳои гуногуни маҳсулоти полизиро парвариш менамояд. Сафаргул Пириева соли гузашта 600 кг бодиринг ва зиёда аз 200 кг помидор ба даст оварда, ба фурӯш гузошт ва аз ҳисоби он соҳиби маблағи муайян гардид. Моҳи марти имсол мавсуф дар баробари кабудиҳо ва помидору бодиринг дар гармхона, инчунин, картошка шинонд. Имрӯз картошка нашъунамои хуб дорад. 
Лозим ба ёдоварист, ки дар ҳудуди шаҳраки Мурғоб имсол аз тарафи Вазорати кишоварзӣ ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ дар масоҳати 0,50 гектар гармхонаи доимамалкунанда сохта, ба истифода дода мешавад ва ин ба аҳолии Мурғоб имкон медиҳад, ки бо маҳсулоти тару тозаи маҳаллӣ ва полизӣ ҳамеша таъмин бошанд. 
Тавре Ҳусния Раҷабзода, раиси ноҳия, зикр кард, се соли охир бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ба маъракаи кабудизоркунӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона гардид. Бар хилофи ақидаи онҳое, ки солҳо мегуфтанд, дар Мурғоб ташкил кардани боғу ҷангал имконнопазир аст, дар ноҳия бори аввал се боғи интенсивӣ бунёд гардид, ки имрӯз нашъунамои хуб дорад. Дар оянда имкон дорем, ки бори аввал аз ин боғот меваи хучу ангат ва қот ба даст оварем. Бовари комил дорем, ки дар ояндаи наздик сокинони ноҳия аз ҳисоби боғот ва гармхонаҳо эҳтиёҷоташонро бо меваву сабзавоти худӣ таъмин мекунанд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият” 
Санаи нашр: 09.07.2024 №: 129
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив