ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

12 июл 2024, Ҷумъа
27
0
ЯК ШАРТИ ХОМ
Писаре хост дӯстдоштаашро хостгорӣ кунад. Духтар гуфт:
- Ба он шарт, ки модарат дар базми арусӣ набошад. Ҷавон дар кори худ дармонд ва назди устодаш рафта пурсид:
- Вақте яксола будам, падарам аз дунё гузашт ва модарам барои ба воя расондани ман, дар хонаҳои мардум либос мешуст. Ҳоло духтаре, ки дӯсташ медорам, дар миён шарт гузоштааст, ки танҳо бидуни ҳузури модарам ба издивоҷ розӣ аст. Бояд чӣ кор кунам? 
Устод ба ӯ гуфт:
- Ҳамин ҳоло ба хона рав ва дасту пойҳои модаратро бишӯй, фардо назди ман биё, то бигӯям чи кор бояд кунӣ. Ҷавон ба хона рафту ба шустани дасту пойҳои модар шуруъ кард. Ҳангоми молидани дастони модар пай бурд, ки аз шиддати шустани либосҳои мардум беқувват ва фарсуда шуда буданд. Пойҳои кафидааш дастони писарро мехарошид. Ҳар боре обро рӯи захмҳояш мерехт, модар оҳи сарде берун мекашид. Ин вақт аз чашмони писар ашк сарозер гашта, вуҷудаш ба ларза афтод. Дигар нахост, балки натавонист то фардо сабр кунад. Худи ҳамон рӯз назди устоди худ ҳозир шуд ва дар ҳоле ки ҳанӯз ҳам гиря гулугираш буд, гуфт:
- Сипосгузорам, ки роҳи дурустро бароям нишон додед, устод. Ман модарамро ҳаргиз ба чизеву касе иваз намекунам, зеро фаҳмидам, ки ӯ тамоми ҳастиашро ба ман бахшидааст.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
ШИМРО БОРИ АВВАЛ ДАР АСРИ VI ТО МИЛОД ПӮШИДААНД
Нахустин намунаи шиме, ки имрӯз одамон ба бар мекунанд, ба асри VI то милод рост меояд. Ҷуғрофишиносони юнонӣ онро дар тани савораҳои форс дидаанд. Онҳо ин шимҳои ибтидоиро масхара карда, мегуфтанд, ки танҳо барбариҳо метавонанд чунин либос пӯшида бошанд. Римиҳо низ дар аввал шимро напазируфтанд, аммо дар ниҳоят ба фоиданокӣ ва қулай буданаш қоил шуданд.
Хуллас, дар тамоми Аврупо ашрофон ба шимпӯшӣ одат карданд. Ҳатто баъдан онро дар Аврупо то асри XV зебу зиннат дода, дабдабанок мекарданд. Ниҳоят, дар қарни XIX шим намудеро гирифт, ки ба амсилаи имрӯзааш хеле наздик аст. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
ҶОПОН. БИНЕД КӮДАК ЧӢ ХЕЛ КАМОЛ МЕЁБАД!
 
Дар мактабҳои Ҷопон ба хонандагони то синфи 4 рафтори дуруст ва эҳтироми ҳама одамон, сарфи назар аз вазъи моддии онҳо омӯзонда мешавад. Ба ин доира мустақил будан ва қобилияти кор кардан дар гурӯҳ низ таълим дода мешавад. Масалан, дар мактаб кори фаррош ба зиммаи кӯдакони то синфи 4 гузошта шуда, онҳо барои тоза кардани муҳити атрофи худ масъулияти муштарак доранд. Ва ниҳоят, таҳсил дар ҳақиқат ба хотири дониш аст, на ба хотири гирифтани баҳо. Аз ин рӯ, дар синфҳои ибтидоӣ ва миёна ба кӯдакон баҳо гузошта намешавад. Ин аст, ки ҷопониҳо дар инкишоф ва рушди кӯдакон яке аз пешқадамтаринҳо ҳисобида мешаванд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
 
ОБ. ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ
* Дар Ҳиндустон 21 дарсади бемориҳои сироятӣ ба сифати пасти об алоқаманданд. 
* Бразилия аз ҷиҳати захираҳои оби тозаи ошомиданӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Ҳарчанд ба далели истифодаи нодурусти ин манобеъ бархе сокинонаш аз камбуди об ранҷ мекашанд.
* Дар Чин ба манзури рафъи буҳрони обӣ ва баланд бардоштани оби зеризаминӣ дар Пекин маҷрои дарёҳои ҷанубиро ба шимоли мамлакат гардондаанд. Ҳамчунин, дар ин кишвар истеҳсоли технологияҳои тоза кардани оби баҳрро ба роҳ мондаанд. 
Фароҳамсоз Ф. ҶУМЪАЗОДА
 
 
 
10 НӮШИДАНИЕ, КИ КАСРО ҶАВОН НИГОҲ МЕДОРАД
9. ШАРБАТИ АФЛЕСУН
 
Шарбати афлесун барои нигоҳ доштани биноӣ то пиронсолӣ мусоидат мекунад.
Дар шарбат миқдори зиёди лютеин мавҷуд аст, ки дар физиологияи биниш нақши бузург дорад. Лютеин барои баланд бардоштани равшанӣ ва возеҳии биниш ёрӣ мекунад ва муҳимтар аз ҳама, чашмҳоро аз радикалҳои озод, ки дар нури мустақим ба вуҷуд меоянд, муҳофизат менамояд. 
Миқдори зиёди афшураи афлесун метавонад биниши хубро нигоҳ дорад. Зеро маҳз набудани лютеин боиси таназзули қабати пигменти ретиналӣ мегардад, ки имрӯз сабаби асосии нобиноӣ дар миёни одамони аз 60-сола боло мебошад.
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
ДАСТНАВИСҲОИ ХАТАРНОК 
Ё МЕРОСИ БАРАНДАИ ҶОИЗАИ НОБЕЛ
 
Мария Складовская-Кюри олим, физик, кимиёшинос, ходими ҷамъиятӣ, аввалин зани барандаи ҷоизаи Нобел дар риштаи физика ва кимиё кашшофи радиоактивӣ буда, элементҳои радий ва полонийро кашф намудааст. 
Таъсири манфии ин элементҳо ба инсон он солҳо маълум набуд. Аз ин рӯ, Мария ва ҳамкасбонаш аз воситаҳои муҳофизатӣ истифода намебурданд ва маводҳоро дар киссаи хилъатҳои худ мегардоданд, ва табиист, ки дар ин сурат бо миқдори зиёди радиатсия олуда шудаанд. Имрӯзҳо китобҳои дастнависи Мария ба далели олудагӣ ба маводи заҳрнок дар Китобхонаи миллии Фаронса дар қуттиҳои махсуси сурбӣ нигоҳ дошта мешаванд. 
 
 Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
СИНФИ ХОЛИИ  МУАЛЛИМ НЮТОН
Исаак Нютонро на танҳо дӯстдорони фанҳои дақиқ, балки аксарият шинохтаву эътироф мекунанд. Албатта, ҷойи тааҷҷуб ҳам намемонад, вақте сухан дар бораи яке аз машҳуртарин олимони ихтироъкор, муаллифи қонуни ҷозибаи ҷаҳонӣ меравад. Вале кам касоне медонанд, ки шогирдонаш лексияҳои ӯро тоқат надошта, аксаран аз дарс мегурехтанд. Худи ӯ ҳам эътироф кардааст, ки ба тарбия машғул шудан, барояш як амали бефоида аст. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки дар дарсҳои Нютони бузург ҳамагӣ 3-4 донишҷӯ иштирок мекардаасту халос. Аз забони ёвараш Ҳамфри Нютон аст, ки нақл мекунад: «Дар Донишгоҳи Кембриҷ ҳафтае як маротиба лексия мехонд. Махсусан, физикаро ончунон дилгиркунанда мегузаронд, ки донишҷӯён на ба тахтаи синф, балки ба девору тирезаҳо бештар таваҷҷуҳ мекарданд. Нотиқи хуб, ки набуд, лексияҳояш ҳам тамоман нофаҳмо мебаромаданд. Баъзан, худи ӯ ҳам синфи холиро дида, бештар ба расмҳои девор дарс мегуфт».
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
ХАРОБ ШАВЕДУ МУКОФОТ ГИРЕД!
 
Як ширкат дар Чин барои хароб шудан ба кормандонаш иловапулӣ медиҳад. Барномаи ҳавасмандгардонии кормандон барои кам кардани вазн соли гузашта оғоз шудааст. Муддати як сол 150 нафар дар он ширкат кардаанд. Вазни партофтаи ҳамаи онҳо 800 килоро ташкил додааст.
Дар ширкат кормандонро ба гурӯҳҳои 30-нафарӣ тақсим ва давоми се моҳ раванди харобшавиро назорат мекунанд. Барои кам кардани ҳар ним кило вазн ба корманд 55 доллари ИМА мукофот дода мешавад, вале агар вазн зиёд шавад, гурӯҳ 70 доллар ҷарима месупорад.
Гурӯҳҳо ягон маротиба ҷарима напардохтаанд, баръакс пайваста вазн кам мекунанд. 
 
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
 
 
МӮЗАЕ, КИ  117 ҲАЗОР ЕВРО ФУРӮХТА ШУД
 
Як ҷуфт мӯзаи император ва сарлашкари машҳури Фаронса Наполеон Бонапарт дар яке аз музоядаҳо ба маблағи 117 ҳазор евро фурӯхта шуд. Ҳарчанд дар оғоз 50 ҳазор евро баҳогузорӣ шуда буд. 
Наполеон ин мӯзаҳоро ҳангоми бадарға шуданаш дар ҷазираи Еленаи Муқаддас пӯшида мегашт. Генерал Анри Бертраний Наполеонро дар ин сафараш ҳамроҳӣ намуда, баъдтар мӯзаро ба ҳайкалтарош Карло Марокетти туҳфа мекунад. 
Дар онҳо тамғаи мӯзадӯзи машҳури Париж Жак, ки устохонааш дар кӯчаи Монмартр ҷойгир буд, гузошта шудааст. 
Таҳияи Лутфияи АБУТОЛИБ
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ДАР ИҲОТАИ АКУЛА 
Аз суҳбати ҳуқуқшиноси ҷавон бо мудири бахши кадрҳо:
- Дар кадом мақомот кор кардан мехоҳед?
- Коррупсия.
- Хоб, тасаввур кунед, ки се нафар дар уқёнус ғарқ шудаанду дар иҳотаи акулаҳо мондаанд. Як нафар корд дорад, нафари дигар милтиқи шикорӣ. Нафари сеюм бошад, дасти холӣ худро аз ин ҷонварони бадҳайбат ҳимоя кардан мехоҳад. Шумо дар ҷойи кадоме аз онҳо будан мехоҳед?
- Албатта, дар ҷойи дувумин.
- Мутаассифона, мо шуморо ба кор гирифта наметавонем. Дар мақомоти коррупсия кадрҳое заруранд, ки аз «акула»-ҳо натарсанд.
 
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
САРДАРДИ МАНУ ПРОКУРОР
Мансабдори навкоре сармаст аз адвокати ҷӯрааш мепурсад:
- Агар раваду ба пули буҷет дастдарозӣ кунам, қонун чӣ мегӯяд?
- Агар то 100 ҳазор рублро обулой кунед, ин як дуздии муқаррарӣ ҳисобида мешавад. То 100 миллион бошад, сӯистифода аз мансаб.
- Агар аз ин ҳам бештар гирифта монам чӣ?
- Аз ин бештараш, аллакай сардарди ману прокурор, шумо беташвиш кор кардан мегиред. 
 Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
2024 –  СОЛИ ОЛИМПӢ
ОТАШ ВА МАШЪАЛИ ОЛИМПӢ
Андешаи дар ватани олимпиада созмон додани ҷашни афрӯхтани оташ ба сари Пйер де-Кубертен соли 1912 омад. Ӯ, ҳамчунин, тантанаи афрӯхтани оташро низ фикр кард. Оташ аз нури офтоб бо истифода аз фалгаҳои махсуси шишагӣ гирифта мешавад. Маросими гирифтани оташи олимпӣ маҳз дар шаҳраки Олимпиа бо иштироки 11 зани юнонӣ, асосан ҳунармандон ва як писарбача доир мегардад.
Анаъанаи афрӯхтани оташ дар варзишгоҳ аз соли 1928 (Бозиҳои олимпии Амстердам) оғоз гардид. Дар бозиҳои олимпии зимистона бошад, аз соли 1952 дар Осло. 
Эстафетаи оташи олимпӣ бошад, бори аввал соли 1936 (Берлин) сурат гирифт. 
 
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
 
 
СУХАНОНИ КӮТОҲ
 
Дӯстӣ ба одамони бад боиси ақидаи бад дар бораи одамони хуб мегардад.
* * *
Китоб ҳамнишинест, ки туро хаста ва хавотир намегардонад. Дӯстест, ки туро фиреб намедиҳад. Рафиқест, ки ба ту озор намерасонад.
Ҳозиркунандаи чоп Абдулқодири РАҲИМ
 
 
ХАТАРНОКТАРИН МАВЗЕЪҲОИ САЙЁҲӢ
ХУАШАН, ЧИН
Дар музофоти Шэнси яке аз кӯҳҳои муқаддаси Чин мавҷуд аст. Он аз 5 қулла иборат аст - марказӣ, шимолӣ, ғарбӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ. Қуллаи ҷанубӣ аз дигарон баландтар (2154 м) аст. Роҳҳои ин ҷо бениҳоят хатарнок буда, онро “роҳи марг” ном мебаранд. Аммо ба ин хатарҳо нигоҳ накарда, ҳар сол ҳазорҳо сайёҳ ба ин макон меоянд. Ин масири бениҳоят хатарнокро сайёҳон ба хотири манзараҳои зебои афсонавиро тамошо кардан истифода мебаранд. 
Барои онҳое, ки ба фатҳ намудани кӯҳи Хуашан ҷуръат надоранд, бо истифода аз технологияи chromakey манзараҳои ҳайратангези “роҳи марг”- ро нишон медиҳанд. 
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
 
“НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН”
ҚОНУНИ ХАМУРАПӢ
 
Ин лавҳаи гилин яке аз қадимтарин ёдгории ҳуқуқӣ дар ҷаҳон мебошад. Он дар Осорхонаи Шоҳии Антария (осорхонаи таърихӣ, фарҳангӣ ва табиӣ) дар Канада нигоҳ дошта мешавад. Кодекс дар тахти подшоҳи Бобул,  Хамурапӣ бо забони аккадӣ кандакорӣ шуда,  офаринишаш ба соли 1750 пеш аз мелод рост меояд. Матни асосии қонунро соли 1902  экспедитсияи бостоншиносии Фаронса ҳангоми ҳафриёт дар шаҳри бостонии Сузаи ҳудуди Форс пайдо намудаанд. Муҳаққиқони муосир қонунҳоро ба 282 банд тақсим мекунанд, ки масъалаҳои мурофиаи судӣ, ҳифзи шаклҳои гуногуни моликият, муносибатҳои ақди никоҳ, инчунин ҳуқуқи хусусӣ ва ҷиноятиро танзим мекунад.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
ФАЛСАФАИ АЛБЕРТ ЭЙНШТЕЙН
Аз ҳамаи онҳое, ки хоҳишҳои маро рад карда, «не» гуфтаанд, миннатдорам. Маҳз ба шарофати онҳо кӯшиш кардам, то худам ба ҷое бирасам. 
 
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
 
 
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ФОРСӢ
 
* Забони форсӣ қобилияти сохтани 225 миллион калимаро дорад, ки ҳатто бо забони англисӣ ҳам ин қадар калимаро сохтан имкон надорад.
* Забони форсӣ 13-умин забони маъмул барои истифодабарандагони интернет аст.
* Форсӣ, ки тамоми хусусиятҳои забони классикиро дар худ дорад, пас аз забони юнонӣ дар ҷои дуввум меистад. Ҳатто забонҳои лотинӣ ва санскрит баъд аз забони форсианд.
* Бо забони форсӣ дар 29 кишвари дунё ҳарф мезананд. Он пас аз испанӣ ва немисӣ ҷои шашумро мегирад.                                                          
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
СОЗҲОИ МУСИҚӢ ГАРМОНИКА
Гармоника (русӣ: гармон, гармошка) (юн. ἁρµονικός) – сози  мусиқии нафасиест, ки дар як қатор кишварҳо (аввал дар Хитой, баъдтар дар Ғарбу Россия – садаи XIX) паҳн гардид. Гармоника мисли баян аз ду қуттича иборат буда, онҳо бо дам ба якдигар пайваст шудаанд. Дар клавиатураи дасти рости гармон 23 забонаки филизӣ (дар ду қатор) ва дасти чап 12 тугмача мавҷуд аст.
Дар байни ҳама намуди гармоникаҳо гармоникаи русӣ бо созаш, ки ба оҳангҳои халқӣ мувофиқ аст, фарқ мекунад. Агар ин сози мусиқӣ аз солҳои 60-уми асри XX ба ин ҷониб аз истифода дур шуда бошад ҳам (ҷои онро баян танг кард), бо вуҷуди ин, барои мардуми деҳот дар Федератсияи Россия қимати худро тамоман гум накардааст.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ


Санаи нашр: 12.07.2024 №: 132
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив