ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮШОН.  АЗ САРЕЗ ТО ВОДИИ ХУФ

РӮШОН.  АЗ САРЕЗ ТО ВОДИИ ХУФ

15 июл 2024, Душанбе
18
0
Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019-2021 барои рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар мусоидат намуд. Дар  ин  замина,  вуруди сайёҳони  хориҷӣ  ба  Тоҷикистон  зиёд  гардида, боздиди  гардишгарон  аз  ВМКБ  низ ба маротиб афзуд. Дар робита  ба имкониятҳо, дурнамо ва рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рӯшон Мунира Алифбекова,  мудири шуъбаи иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» чунин ибрози назар кард:                             
 
– Бо  мақсади  ҷалби  сайёҳони  дохилию  хориҷӣ маводҳои  таблиғотӣ дар бораи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, урфу  одатҳои  миллии мардуми маҳал дар шабакаҳои интернетӣ, васоити ахбори омма мунтазам нашр ва пахш мегарданд.  Солҳои  охир  дар ҳудуди  ҷамоатҳои  деҳоти  ноҳия барои  ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити будубоши сайёҳон як  қатор инфрасохтори  туристӣ, аз қабили меҳмонхона,  ошхона  ва  ҳаммом, бунёд  гардида,  ҷаҳонгардон  ҳамасола аз  хизматрасонии  онҳо  истифода мебаранд. Тайи чанд соли охир дар ноҳия барои қабули сайёҳони дохилию  хориҷӣ 8 меҳмонхонаи замонавӣ ва 30 ҳомстей бунёд шуд.  
 Ноҳия дорои мавзеъҳои истироҳатӣ, ҷойҳои  тамошобоб  ва  ёдгориҳои таърихӣ,  ба  монанди  кӯли овозадори  Сарез, Боми  Ҷизев,  маконҳои  дилангези водии  Хуф,  Савноб,  Бартанг  ва Спонҷ,  қалъаҳои таърихии  Вомар, Савноб, Нисур, мазорҳои Шоҳтолиби Сармаст, Ҳоҷӣ Камол, Мушкилкушо, Хоҷаи Нуриддин, гулхани Саидҷалол, остони  Шоҳ  Носир  мебошад,  ки метавонанд  барои  ҷалби  таваҷҷуҳи гардишгарон  ба  ноҳия  мусоидат намоянд. Айни  ҳол  дар ноҳия се ширкати туристӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии масъулияташон маҳдуди  «Боми  ҷаҳон тур», «Бартанг Сарез тревел»  ва  «Сарез тревел»  дар самти хизматрасонӣ ба ҷаҳонгардони дохиливу хориҷӣ фаъолият менамоянд. 
Инкишофи варзиши кӯҳнавардӣ  барои  сайёҳони  хориҷӣ бо назардошти имкониятҳои мавҷуда яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи мазкур ба ҳисоб меравад. Захираҳои  табиию  фароғатии ноҳия,  мавҷудияти  ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, фарқиятҳои этникӣ, расму оинҳои хоси мардуми ноҳия, қуллаҳои аз 6000 метр баланди кӯҳҳо, дарёву рӯдҳои  кӯҳӣ,  гиёҳҳои шифобахши  нодир ва солҳои охир аз бунбасти ҷуғрофӣ раҳоӣ ёфтани минтақа имконият медиҳанд, ки дар  ноҳия намудҳои  сайёҳии кӯҳнавардӣ, пиёдагардии кӯҳию варзишӣ,  лижаронӣ,  автомобилӣ (сайругашт бо автомобил, дучарха, мототсикл),  таърихию маърифатӣ ва этникӣ  (боздид  аз ҷойҳои  таърихӣ, шиносоӣ бо русум ва урфу одати  мардумӣ),  туризми  дохилӣ, табобатию истироҳатӣ ва туризми тиҷоратӣ ба роҳ монда шаванд. Ҳамаи ин имкон медиҳад, ки сокинони ин минтақаи дурдасти кишвар соҳиби маблағи муайян шуда, сатҳи зиндагиашон беҳтар гардад ва ба буҷети маҳал низ як миқдор даромади воқеӣ ворид шавад. Ноҳияи  Рӯшон дар самти рушди сайёҳӣ имкониятҳои зиёд дорад ва имрӯз вазифа аз он иборат аст, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода барем. Тоҷикистон  саросар  ватани сайёҳист ва мо метавонем аз ин ҳисоб даромади муайян ба даст орем. 
 
Раҳмон ГУЛЗОР,  “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.07.2024 №: 133
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив