ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН.  НИШОНДИҲАНДАҲОИ МОЛИЯВӢ НАЗАРРАСАНД

ХАТЛОН.  НИШОНДИҲАНДАҲОИ МОЛИЯВӢ НАЗАРРАСАНД

16 июл 2024, Сешанбе
18
0
Дар сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои иҷрои буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шашмоҳаи аввали соли 2024 баргузор гардид, ки дар он Дилшод Саидзода, муовини вазири молия, Ҷамшед Каримзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Ҳабибулло Иззатуллозода, сардори сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои молия дар шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.
Мушовараро Ҳабибулло Иззатулло-зода ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки Сарраёсати Вазорати молия дар якҷоягӣ бо мақомоти он дар маҳал ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои супоришҳои роҳбарияти Вазорати молия, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024”  саъю кӯшиш намуда, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонд. 
Зикр гардид, ки  маҷмуи маҳсулоти дохилии вилоят дар ин давра  ба 12,2 миллиард сомонӣ баробар шуда, афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 миллиард сомонӣ ё 102 дарсадро ташкил дод. 
 Иҷрои нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ  аз рӯи контингенти умумӣ ба андозаи 100,9 дарсад ва аз ҳисоби даромадҳои худӣ 100,5 дарсад таъмин гардид. Дар ин давра ба буҷет 1093,0 млн сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 5 млн сомонӣ зиёд мебошад. 
Дар идомаи кори мушовара муовини вазири молия Дилшод Саидзода, иҷрои вазифаҳо барои фаъолияти минбаъдаи кормандони соҳаро муайяну мушаххас намуд. Ӯ, инчунин, таъкид дошт, яке аз масъалаҳои дигаре, ки таҳти назорати доимии роҳбарияти Вазорати молия қарор дорад, ин пардохти саривақтии маблағҳои пешбинишудаи коммуналӣ ва роҳ надодан ба пайдоиши қарз дар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ мебошад. Бо ин мақсад, дар асоси дастури роҳбарияти Вазорати молия ҷиҳати пардохти ҳаққи маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, вобаста ба ин, раёсатҳои Вазорати молия дар шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки барои пардохти саривақтии маблағҳои ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ, аз ҷумла қувваи барқ, об, гармидиҳӣ ва партовҳо, ки аз буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, чораҳои иловагӣ андешида, ба қарздории он роҳ надиҳанд. 
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 16.07.2024 №: 134
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив