ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАТБИҚИ 12 ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ

ТАТБИҚИ 12 ЛОИҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ

17 июл 2024, Чоршанбе
19
0

Дар Вазорати нақлиёт ҷаласаи васеи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолият дар шаш моҳи аввал ва вазифаҳо барои давраи минбаъда доир гардид.

Тавре ба мо аз хадамоти матбуоти Вазорат хабар доданд, айни замон тавассути ин ниҳод 12 лоиҳаи сармоягузорӣ  татбиқ мешавад. Татбиқи 5 лоиҳа ба анҷом расида,  7 лоиҳа дар ҷараёни амалишавӣ ва 5-тои дигар дар давраи кафолатӣқарор доранд. Дар баробари ин, ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди марҳала ба марҳала фарогирии таҷдиду таъмири роҳҳо бояд 573 километр роҳҳои автомобилгард ва 71 километр роҳи оҳан лоиҳакашӣ шаванд.


Санаи нашр: 17.07.2024 №: 135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив