ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ШОҲНОМА”. ТУҲФАИ БЕБАҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ХОНАИ МАНУ МО ХОҲАД БУД

“ШОҲНОМА”. ТУҲФАИ БЕБАҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ХОНАИ МАНУ МО ХОҲАД БУД

17 июл 2024, Чоршанбе
22
0

Воқеист, ки шинохти ҳар қавму миллат аз таърих ва адабиёти бою ғании он маншаъ мегирад. Ёдовар мешавем, ки соли 2021 бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон» аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп шуд ва дар Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳар оила дастрас гардид, ки баҳри боз ҳам баланд бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, такони ҷиддие бахшид.

Ин навбат Сарвари давлат зимни суханрониашон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик академик  Бобоҷон Ғафуров чунин дастур доданд: «Ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдоди хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ чоп ва ба тамоми мардуми кишвар дастрас карда шавад». Ин иқдоми сутудании Роҳбари давлат бори дигар собит намуд, ки миллати тоҷик аз азал дӯстдори каломи бадеъ буда, ҳар як ҳарфи бузургонро сармашқи кори хеш қарор медиҳанд.

Воқеан, дар ҳамаи давру замон осори адабӣ дар  баланд бардоштани ифтихори миллӣ  нақши муҳим дошта, муаррифгари таърихи кишвар ба шумор меравад. Фарангис Шарифзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филология, доир ба муҳтавои «Шоҳнома» чунин ибрози назар намуд: ««Шоҳнома» асарест, ки тамоми мавзуъҳояш ба сулҳу ваҳдат ва ҳифзи марзу буми Ватан равона гардидааст. Ин шоҳасар китоби афсонавӣ набуда, дар он сартосар таълиму тарбия нуҳуфтааст. Тавре Пешвои маърифатпарварамон дар бораи арзиши мондагори “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таъкид карда буданд: “Шоҳнома” танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист”.

Ин шоҳасар бозгӯкунандаи расму оинҳои мо, ганҷинаи луғоту таркиботи асил буда, баъд аз ҳазор сол, имрӯз низ аҳамияти худро гум накардааст. Мутолааи “Шоҳнома” боиси дамидани руҳи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳувияти миллӣ ва дифоъ аз сарзамину фарҳангу забони худ аз ҷониби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ хоҳад шуд. Вобаста ба чопу тавзеҳ, тарғибу ташвиқи  “Шоҳнома” аз ҳисоби ходимони илмии Институт ва адабиётшиносону шоҳномапажӯҳони ҷумҳурӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, масъалаи тарзи таҳияи матни “Шоҳнома” баррасӣ гардида истодааст.

Умед аст, туҳфаи бебаҳои Сарвари давлат шамъи фурӯзоне  дар ҳар хонадони тоҷик гардад, то иродаву азми миллати тоҷику тоҷикистониро дар роҳи  ҳифзу пос доштани арзишҳои фарҳангиву миллӣ устувортар созад.

 

Гулнисо САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Санаи нашр: 17.07.2024 №: 135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив