ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФУТЗАЛ. ТОҶИКИСТОН БО ДАСТАҲОИ ИСПАНИЯ ВА НИДЕРЛАНД БОЗИҲОИ ДӮСТОНА АНҶОМ МЕДИҲАД

ФУТЗАЛ. ТОҶИКИСТОН БО ДАСТАҲОИ ИСПАНИЯ ВА НИДЕРЛАНД БОЗИҲОИ ДӮСТОНА АНҶОМ МЕДИҲАД

17 июл 2024, Чоршанбе
9
0

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2024 моҳи сентябр дар Душанбе бо тимҳои миллии Испания ва Нидерланд ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Футболбозони мо 5-уми сентябр бо тими миллии Испания ва 8-уми сентябр бо мунтахаби Нидерланд вомехӯранд. Ҳамчунин, рӯзи 7-уми сентябр дар Душанбе вохӯрии дастаҳои мунтахаби Испания ва Нидерланд баргузор мешавад. Ҳар се бозии дӯстона дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и Душанбе сурат мегиранд.

Бояд гуфт, ки тими миллии Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон (14. 09. 24-6. 10. 24, Ӯзбекистон) дар гурӯҳи «Е» бо мунтахабҳои Марокаш (16-уми сентябр), Португалия (19-уми сентябр) ва Панама (22-юми сентябр) қувва меозмояд.  

 

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият” 


Санаи нашр: 17.07.2024 №: 135
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив