ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ХАТЛОН. АВЛАВИЯТ БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

ХАТЛОН. АВЛАВИЯТ БА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОН

01 август 2024, Панҷшанбе
26
0
Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шурои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзои Шуро – муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдор ширкат варзиданд.
Давлаталӣ Саид зикр намуд, ки дар ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва саводнокии ҳуқуқии насли наврас нақши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони мақомоти дигари давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ басо муҳим мебошад. 
Сипас, ҳисоботи муовини раиси Шуро, муовини раиси вилояти Хатлон Ҷамшед Каримзода оид ба иҷрои бандҳои дахлдори  нақшаи кории Шуро барои нимсолаи якуми соли 2024 шунида шуд. Таъкид гардид, ки корҳои фаҳмондадиҳии санадҳои меъёрии ҳуқуқии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ва хусусии вилоят чораҳои андешидашуда ҷиҳати зиёд намудани шумораи мурофиаҳои сайёри судӣ, гузарондани вохӯриҳо бо аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқии хусусияти гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ, иқтисодӣ ва иқтисодӣ-тиҷоратидошта ҷоннок карда шаванд.
Муовини раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода вобаста ба тақвияти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ оид ба фаҳмондадиҳии мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” гузориш дод. Зикр гардид, ки эълон гардидани соли 2024 ҳамчун Соли маърифаи ҳуқуқӣ ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор менамояд, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳм гузоранд, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намоянд, зеро риояву иҷрои қонун, яъне волоияти қонун, шарти муҳимтарини эъмори ҷомеаи навин ба шумор меравад.  Таъкид шуд, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии фарҳанги бегонапарастӣ ва муайян намудани ақидаи иҷтимоии оилаҳо бо усули фардии “Хона ба хона” ҷоннок карда шавад. Инчунин, масъулон вазифадор гардиданд, ки дар байни ҷавонон дар самти баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандӯстӣ, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҷалби бештари ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ корҳои таблиғу ташвиқотиро тақвият диҳанд. 
Сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Н. Мирзозода оид ба пешгирии раванди гаравидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистию террористидошта ибрози назар намуд. Бо назардошти тамоюли зиёдшавии раванди гаравидани шаҳрвандон, бахусус ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистию террористидошта, ҷиҳати аз байн бурдани ин омили номатлуб ба масъулон дастур дода шуд, ки тадбирҳои муассир андешанд ва дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ватанпарварии сокинони вилоят саҳми бештар гузоранд. Аз аъзои Шуро даъват ба амал оварда шуд, ки оид ба таъмини волоияти қонун, риояи тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи амният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, омодагии ҳамаҷониба ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта, гузарондани корҳои фаҳмондадиҳӣ  ва ташкили гӯшаҳои ҳуқуқӣ дар нашрияҳои даврӣ тадбирҳо андешанд.
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
 
 
 
ҶАЙҲУН.  МАҲФИЛИ "КАДБОНУИ ХАТЛОН" ТАНТАНА ДОШТ
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар деҳаи Суғдиёни деҳоти Қумсангир маҳфили "Кадбонуи Хатлон" доир гардид. 
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи  ноҳияи Ҷайҳун Сумангул Тоҷиддинзода ҳадаф аз баргузории маҳфили "Кадбонуи Хатлон"-ро ҷалби занону бонувон ва ҷавондухтарон ба омӯзиш ва пазандагии хӯрокҳои миллӣ ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгон арзёбӣ намуд. 
Дар деҳаи 1-уми майи деҳоти Панҷ низ занону бонувон  маҳорати волои кадбонугии худро дар омода намудани хӯрокҳои миллӣ нишон доданд. Дар маҳфил раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода, муовини раиси ноҳия Гулбаҳор Бахдавлатзода, мудири бахши кор бо занон ва оила Сумангул Тоҷиддинзода иштирок намуданд. Тибқи нақша, тарзи омода намудани оши бурида, ки яке аз хӯрокҳои миллии мо ба шумор меравад, аз ҷониби кадбонуҳои маҳаллӣ нишон дода шуд, ки барои бонувон ва ҷавондухтарон дар ҳаёти рӯзмарра ниҳоят муҳим аст. Раиси ноҳия бо ҳунару маҳорати бонувони ин деҳот аз наздик ошно гардида, барои эҳё ва рушду равнақ бахшидани анъанаҳои неки мардумӣ ба онҳо сипос гуфт. 
 Дар идомаи чорабинӣ раиси ноҳия Абдулҳафиз Одиназода бо занону бонувон суҳбату вохӯрӣ анҷом дода, оид ба масъалаҳои умдаи ҷомеа, аз ҷумла ҷалби духтарон ба мактаб ва касбу ҳунаромӯзӣ, сарфаю сариштакорӣ ҳангоми баргузории ҷашну маъракаҳо, таълиму тарбияи неки фарзанд ва масъулиятпазирии падару модарон,  баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳамзистӣ дар ҷомеа, инчунин, саҳми арзандаи занону бонувон дар рушду нумӯи ҷомеа сухан ронд. 
Маҳфили "Кадбонуи Хатлон" дар сатҳи баланди маърифатӣ доир гардида, тибқи иттилои дафтари матбуоти раиси ноҳияи Ҷайҳун, дар дигар маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор карда мешавад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
 
 
ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА.  ЗУҲУРОТЕ, КИ ОНРО БОЯД РЕШАКАН КАРД
 
Оила яке аз рукнҳои муқаддас ва муҳими ҷомеа ба ҳисоб рафта, муносибатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ,  ахлоқӣ ва шаҳрвандиро дар бар мегирад.
Дар иртибот ба ин мавзуи муҳим чанде пеш дар толори китобхонаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеология Қурбоналӣ Қурбонзода ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони «Пешгирии зӯроварӣ  дар оила» суҳбати гирди миз доир гардид.
Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ зикр намуд,  ки зӯроварӣ  дар оила бояд кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила буда,  ба шакли ҷисмонӣ инъикос меёбад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб бояд тамоми тадбирҳои заруриро андешид, зеро ҷомеаи солим аз оила ва насли солим ташаккул меёбад. 
Таъкид шуд, ки  курсҳои пазандагӣ, гулдӯзӣ ва дӯзандагие, ки маркази дастгирии занон  ройгон мегузаронад,  ба ҷабрдидагони зӯроварӣ имкон медиҳад, ки соҳиби касб гашта, дар оянда ба ҳамин восита мустақилияти молиявиро ба даст оварда, дар ҷомеа мавқеи худро мустаҳкам созанд.
Ҳамчунон,  иштирокдорон доир ба сабабҳои ҷой доштани хушунат ва зӯроварӣ  сухан ронда,  иброз доштанд, ки  ин, пеш аз ҳама, тарбияи нодуруст дар оила, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, вобастагии иқтисодии занон ва пиронсолон аз мардони оила, осебпазирии кӯдакон нисбати таҳдидҳои  ноустувории иқтисодиву  иҷтимоӣ  мебошад.
Зокир Ҳасан, "Ҷумҳурият"
 
 
ҚУБОДИЁН.  ШИНОСОИИ ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ҶАРАЁНИ ОБОДКОРИҲО
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади аз наздик шинос шудан бо ҷараёни  ободкориҳо ва, ҳамзамон, огоҳӣ ёфтан ва ҳал намудани мушкилоти  сокинон ба ноҳияи Қубодиён сафар кард. Ӯ, нахуст, дар деҳаи Чапарии  деҳоти Утақара Назарови ноҳия бо корҳои омодагӣ ва захира намудани сангу шағал ва битум барои асфалтпӯш кардани роҳи аҳамияти маҳаллидошта шинос гардид.
Иттилоъ доданд, ки сокинону соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи деҳаи Чапарӣ ният доранд, роҳи деҳаи худро дар масофаи 1 километр асфалтпӯш намоянд.   Раиси вилоят иқдоми пешгирифтаи сокинонро шоистаи таҳсин хонда, чунин амалҳои хайрхоҳонаро намунаи олии ватандорӣ номид. 
Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят  дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён  бо ҳузури роҳбарони ташкилотҳои вилоятиву ноҳиявӣ қабули сайёри шаҳрвандон ро баргузор кард. 11 нафар оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони мактаб, бунгоҳи тиббӣ, додани иҷозат ҷиҳати сохтмони боғчаи бачагона дар ҳудуди МТМУ №39,  иҷозати сохтмони варзишгоҳи замонавӣ дар ҳудуди МТМУ № 14, ҷудо кардани замин барои ташкили оромгоҳ, ҳалли мушкили алоқаи мобилӣ, таъмин  бо техникаҳои роҳсозӣ, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ёрӣ барои ҷарроҳӣ, таъмин кардан бо аробачаи маъюбӣ ва расондани ёрии моддӣ барои маъюбон дархости мусоидати раиси вилоятро намуданд.
Раиси вилоят ба масъулини идораҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҷиҳати баррасии саривақтӣ ва расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон  Давлаталӣ Саид бо фаъолон ва роҳбарони сохторҳои МИМҲД-и ноҳияи Қубодиён мулоқот кард. Раиси вилоят аз мушкилоти ноҳия ёдовар шуда, масъулин ва фаъолонро вазифадор намуд , ки дар корҳои ободониву хуррамгардонӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, хизматрасонии тиббӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, таҳкими корҳои идеологӣ, ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии мардум, корҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули “хона ба хона”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саҳмгузор бошанд.
"Ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадон, оила ва манзили истиқоматӣ ибтидо мегирад. Дар пеш бузургтарин ҷашнҳо, аз ҷумла 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорад, ки мебояд шуруъ аз имрӯз барои тозагии маҳали зист камари ҳиммат бандем ва бо дастаҷамъӣ Ватанро ободу шукуфон намоем", – афзуд  раиси вилоят.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 01.08.2024 №: 145
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив